ИД БАЧАҲОРО БА ХУД МЕКАШАД

Ростӣ, чун бисёриҳо ман ҳам яке аз дӯстдоштатарин идҳои бачагон – тантанаҳои «Арчаи президентӣ» имсол чӣ тарз мегузашта бошад гӯён то дақиқаҳои охир хавотир будам.

Ростӣ, чун бисёриҳо ман ҳам яке аз дӯстдоштатарин идҳои бачагон – тантанаҳои «Арчаи президентӣ» имсол чӣ тарз мегузашта бошад гӯён то дақиқаҳои охир хавотир будам. Сабаб он ки пандемия аҳолии дунёро саросема сохта, тамоми нақшаҳоро ба маҷрои дигар даровард.
Вале тантанаҳои имсолаи «Арчаи президентӣ» тамоми хавотиру тарсҳоро нопадид сохт. Чорабиние, ки дар  вазъи риояи қатъӣ ба қоидаҳои карантин сурат гирифт, ба дараҷаи аъло ташкил карда шуд. Гарчи ба ид тарбиятгирандагони хонаҳои меҳрубонӣ таклиф карда шуда буданд, ин иди завқу хуррамибахшро ба тарзи масофавӣ бачаҳои тамоми мамлакатамон аз тариқи «оинаи нилгун» имкони тамошо кардан пайдо намуданд.
Дар толори барҳаво сеҳргар Мунаҷҷимбобо пайдо шуда, ба афсона сар мекунад. «Ситорае мепарад, ситораи дигар мегурезад». «Карнавали афсонаҳо», ки бо рамзҳои гуногун, ишораву тимсолҳо бой аст, оғоз меёбад. Мушчаи найрангбоз бо чӣ роҳе набошад, ба табъидилгузарии ид халал расонданист. Ана вируси тоҷдор, ки гӯшҳояш ба кӯршапалак мемонанд. Макру берӯиҳои ӯ поён надорад. Бачаи шум, Қиммати тандеҳ, Зумради меҳнатдӯст, Шоколаду Конфетбойҳо баҳри дафъ сохтани вирус даст бар даст дода мубориза мебаранд. Гарави саломатӣ будани озодагӣ, варзиш, обутобдиҳии бадан, риоя ба тартиби рӯз, тарзи дурусти тановул тавассути сурудҳои шӯх, рақсҳои дилошӯб ба зуҳур меояд.
Барномаи мусиқии бо намунаҳои мусиқии мумтози ҷаҳон ва миллӣ, бо тамоми жанрҳои санъати сарояндагӣ мураттабёфта ба бачаҳо хеле писанд омад.
Спектакли театрикунондашуда аз ҷониби студияи театри мусиқии бачагонаи «Тамошо» тақдим дошта шуд. Бинои наве, ки барои ҷамоаи эҷодии мазкур барпо гашт, далели равшани эътибор нисбати санъати мусиқии бачагон аст. Зеро, ҷамоаи эҷодии «Тамошо» нафақат дар диёрамон, балки дар як қатор озмунҳо, барномаҳои консертӣ, ҷашнвораҳо, ки дар миқёси байналхалқӣ баргузор шуданд, бомуваффақият иштирок кардааст.
Назар ба таъкиди роҳбари бадеии ҷамоа Нодира Қурбонова, спектакли ба иди Соли нав бахшидашуда дар асоси сенарияҳои Кавсар Турдиева ва Мадина Мӯъминова аз ҷониби коргардон Фаррух Ниёзалиев ба саҳна гузошта шудааст.
Ҳаминро таъкид кардан лозим, ки бо рӯҳбаландӣ гузаронидани ҳамасола чорабиниҳои «Арчаи президентӣ» дар мамлакатамон ба анъанаи хуб табдил ёфтааст.
Ба тарбиятгирандагони хонаҳои меҳрубонӣ, бачаҳои бепарастор, бачаҳое, ки саробонашон аснои ҳифзи сарҳадҳои Ватанамон ҳалок шудаанд, инчунин фарзандони оилаҳои ба ҳифзи иҷтимоӣ ниёзманд 11 ҳазор дона «Туҳфаҳои президентӣ» тайёр карда шуданд.
Туҳфаҳо барои бачаҳо ба Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва вилояти Хоразм тавассути ҳавопаймоҳои ҶС «Uzbekistan Airways», ба вилоятҳои дигар бошад, ба воситаи нақлиётҳои автомобилӣ расонда дода мешаванд. Дар шароити вобаста ба пандемияи вируси «COVID-19» бо мақсади ҳифзи солимии бачаҳо барномаи идонаи «Карнавали афсонаҳо», ки аз ҷониби театр-студияи бачагонаи «Тамошо» омода шудааст, аз тарафи Телерадиоширкати миллии Ӯзбекистон дар бинои театр-студияи бачагонаи «Тамошо» ба тасвир гирифта шуд.
Барномаи мусиқии театрикунондашуда аз тариқи шабакаҳои «Болаҷон» ва «Ёшлар»-и Ширкати миллии телевизиону радиои Ӯзбекистон дар доираи телемарафони солинавӣ намоиш дода шуд.
...Спектакл ба охир расида бошад ҳам, бачаҳо ба баромада рафтан шитоб намекунанд. Онҳо якҷо бо Бобои Барфию Маликаи Барфӣ суруди «Арчаи президентӣ»-ро иҷро менамоянд.

Назокат УСМОНОВА,
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: