Ба туфайли барпо ёфтани неругоҳҳои хурду бузурги энергетикӣ ва истифода аз қувваҳои муқобили энергия, панелҳои офтобӣ эҳтиёҷу мушкили мардум нисбат ба ин манбаъ тадриҷан осон хоҳад шуд.
Сарвари давлат муаммоҳои соҳаро ба риштаи таҳлил кашид. Ба мутасаддиён дастур ва вазифаҳои мушаххас дод, ки таъминоти якмароми аҳолиро бо қувваи барқ барқарор ва низоми ҳисобу китоби истифода аз онро таҷдиди назар намоянд.
Дарвоқеъ, баробари пойтахти кишвар дар вилояти ҳамном ин зимистон дар ҷодаи таъминоти қувваи электр муаммоҳо ба миён омаданд. Дар ҳудудҳо ҳам вобаста ба тағйирёбии обу ҳаво, шамоли сахт, барфу борони пуршиддат ва ғайра носозӣ ва кандашавии аҳолӣ аз ин манбаъ ба мушоҳида расид.
Аз ҷумла, аввали ҳамин сол ба туфайли шамоли сахт ҳашт ҳудуди қаламрави вилояти Ҷиззах бидуни энергия монд. Ба туфайли кӯшишу ҳаракати устоёни моҳир муаммо зуд бартараф гардид. Дар якчанд ноҳия, ки аҳолӣ бе қувваи барқ монда буданд, дубора таъминот барқарор шуд.
Дар маҳалҳо баҳри ба амал ҷорӣ намудани лоиҳаи истифода аз қувваҳои муқобили барқӣ, ба мисли панелҳои офтобӣ корҳо ҷараён доранд. Аз ҷумла, чанде пеш Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «ISA RESPEST» тобеъ ба «AL Fatx Trade Klaster» воқеъ дар ноҳияи Фориш бар ивази 350 миллион сӯм панелҳои офтобии иқтидораш 45 кВТ муҷаҳҳаз сохт. Ба ғайр аз ин, ҳамин ҷамъият, ки ба бӯрдоқипарварӣ тахассус дода шудааст, бо 300 миллион сӯми дигар усули коркарди озуқаи чорворо ба роҳ монд.
Дар ноҳияи Ғаллаарал низ сари ба кор андохтани лоиҳаи Неругоҳи фотоэлектрии офтобии иқтидораш 220 MВТ корҳо ҷараён доранд.
Ҳамчунин ба хотири мунтазам таъмин намудан бо қувваи барқ ва ғамхорӣ дар роҳи сиҳатии мардум дар шифохонаи марказии ноҳияи Арнасой таҷҳизоти нав, ки 160 kВт энергияи электрӣ ҳосил менамояд, муҷаҳҳаз намуданд. Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «ARNASOY GOLD TEX» кумаки моливӣ расонд.
– Дар ҳоле ки мамлакатҳои пешрафтатарини дунё ҳам ба муаммоҳои нарасидани қувваи барқ рӯёрӯянд, айни ҳол дар кишвари мо баҳри танзим ва барқарор намудани мувозинати таъмини аҳолӣ бо барқ кӯшишҳо зиёданд, – гуфт роҳбари корхонаи шабакаи барқи ноҳияи номбурда Алишер Эсиргапов.
Тибқи қарори Сарвари давлат аз 28 декабри соли 2022 баҳри эҳтиёҷи аҳолии ду вилоят – Сирдарёю Ҷиззахро нисбат ба қувваи барқ таъмин сохтан Неругоҳи аввалини рақамии «Зафаробод»-и дорои иқтидораш баланди 220 кВ бунёд мекунанд. Ба масофаи 144 километр шабакаи хати барқ бо ҳамин иқтидор мекашанд. Қариб нисфи корҳо ба сомон расиданд. Аз ин манбаъҳо аҳолии ноҳияҳои Ширин, Янгиер, Хавоси вилояти Сирдарё ва Зомин, Зарбдор, Зафарободи вилояти Ҷиззах истифода хоҳанд кард.
Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти ҶИЗЗАХ.