ДАСТУРУЛАМАЛИ КОРИ МО

Дар 34 муассисаи таълимии ноҳияи мо 17 ҳазору 973 нафар фарзандони мардум таҳсил мекунанд, ки аз ин шумор 7 ҳазору 28 нафар дар синфҳои ибтидоӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

 1 ҳазору 503 нафар омӯзгор ба кори таълиму тарбия машғул мебошанд. Муроҷиатномаи Президент Шавкат Мирзиёев ба Олий Маҷлис ва мардуми кишвар барои кормандони ҳамаи муассисаҳои таълими ноҳия вокунишҳои хушҳолкунанда ба бор овард ва  дар баробари бедор намудани шавқу завқ ба онҳо илҳому неруи тоза бахшид. 
Дарҳақиқат, ин Муроҷиатнома қутбнамои ояндаи дурахшони мо мебошад, зеро дар он тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат хеле равшан инъикос ёфтааст. 
“Бешубҳа, тамоми комёбиҳои бадастомада дар кишваре, ки қадри инсон баланд аст, дар роҳи бунёди Ӯзбекистони Нав муваффақиятҳои аввалин мебошанд. Мо якҷо бо халқи бунёдкори худ чунин корҳои некро идома медиҳем ва албатта, ба қуллаҳои баланде, ки фатҳи онҳоро ҳадаф қарор додаем муваффақ мешавем” гуфтани сарвари мамлакат ба ҷисму ҷонамон ғурур ва ифтихор бахшид. Зеро ба мардум, хусусан кормандони соҳаи таълиму тарбия бахшидани чунин рӯҳбаландӣ ва эҳсоси боварӣ ба фардо ними дастовард мебошад.
Президент дар Муроҷиатнома соли 2023-ро “Соли эътибор ба инсон ва таълими босифат” эълон кард. Мо дар соҳаи таълими халқ кору фаъолият мекунем ва аз соли нави 2023 масъулиятамон ба чанд карат хоҳад афзуд. 
«Афзудани сифати таълим роҳи ягона ва дурусти тараққиёти Ӯзбекистони Нав аст”, қайд намуд сарвари давлат. Маҳз ҳамин нукта омилест, ки ҷиҳати тараққиёти мамлакати соҳибистиқлоли мо хеле мусоидат менамояд ва моро ба фатҳи марраҳои нав ҳидоят месозад.  
Пӯшида нест, ки дар мактабҳои таълими ҳамагонӣ сифати дарсу машғулиятҳо ба талаби имрӯза куллан ҷавоб дода наметавонад, вагарна, дар Муроҷиатномаи Президент ин маънӣ чанд бор рӯи забон намеомад ва такрор ба такрор зикр намегардид.  “Чунин ҳисоб мекунам, ки мақоми омӯзгорон, ҳимоя намудани шаън ва қадри онҳо дар Конститутсия алоҳида бояд муайян гардад. Шурӯъ аз соли оянда дар синфҳои ибтидоӣ таълим комилан аз рӯйи китобҳои дарсие роҳандозӣ мегардад, ки бо усули нав таҳияву таълиф шудаанд”.  Фикр мекунам, ки ин ҷумлаҳо ба тавзеҳ ва шарҳу тафсири иловагӣ ниёз надоранд. Танҳо илова карданиам, ки акнун вақти танқид ва худтанқидкунӣ низ фаро расидааст. Ҳоло баъзе китобҳои дарсӣ чандон босаводона таълиф нагардидаанд ва дар баъзеи ин китобҳо хатоҳои дағал низ ба чашм мерасанд.  
Аз гуфтаҳои Президент бармеояд, ки сифати таълим ва тарбия дар мактабҳо тибқи дараҷаи талаб нест ва омӯзгорон барои боло бурдани маҳорати касбиашон ҷаҳду ҷадал наменамоянд. Ман ба ҳамин нукта таваҷҷуҳро тамаркуз хоҳам дод, зеро даромадан ба дарси ҳамдигар, иваз намудани таҷрибаи кор, ошкор намудани камбудиҳо ва амсоли он умуман ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтааст. Ҳатто бархе аз омӯзгорон ба кор сараму дилам муносибат мекунанд ва дар роҳи такмили донишу заковат ва малакаву маҳорати худ ҷиддан машғул намешаванд. Ин ҳаргиз дуруст нест!
Бояд фарзандони мардуми меҳнаткаш дар мактаб забони модарӣ ва забонҳои хориҷиро хуб аз худ намуда, дар компутер низ кор карда тавонанд. Гузашта аз ин, завқу шавқи онҳоро ба касбу ҳунар, санъат ва маданият бояд бедор кардан низ аз вазифаҳои муҳими мо ба шумор меравад. Бо дарназардошти ҳарфҳои Президенти мамлакат минбаъд талош хоҳем кард, ки дар донишомӯзони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии ноҳия фикри озод ва танқидиву эҷодкорона тарбия карда шавад, то онҳо аз ӯҳдаи кору мулоқот дар ҷамоа баромада тавонанд.
Ман ба сифати як омӯзгор низ аз ин Муроҷиатнома маъниҳои зиёд бардоштам ва талош хоҳам кард, ки онро ба сифати дастуруламали кори минбаъдаи худ дар шуъбаи таълими халқи ноҳия истифода намоям. 
Президент дар ҷараёни Муроҷиатнома гуфт, ки аз аввали сол дар Қароқалпоқистон ва Хоразм барои 285 ҳазор нафар донишомӯзони синфҳои ибтидоӣ хӯроки бепул ба роҳ монда мешавад. Аз аввали соли хониши оянда ин таҷриба дар вилоятҳои боқимонда ва мактабҳои шаҳри Тошканд низ ҷорӣ мегардад. Барои ин 2,3 триллион сӯм ҷудо карда мешавад. Чунин таҷриба шояд дар ягон мамлакати дигар мавриди корбаст қарор нагирифтааст. Пас, ҳувайдост, ки дар мамлакати мо таҳти роҳнамоии Шавкат Мирзиёев сол аз сол арҷу эҳтиром ба қадри омӯзгор, беҳбуди шароит барои кору фаъолияти онҳо ва донишомӯзони хурдсоли мактабҳо рӯ ба афзоиш овардааст.
Бешубҳа, ба ҳама гуна мақсадҳои нек ва пешрафтҳои азим маҳз ба туфайли дониш ва тарбияи хуб муваффақ шудан имконпазир хоҳад буд. 

Ҳабибҷон ҶӮРАЕВ,
мудири шуъбаи таълими
халқи ноҳияи Сӯхи 
вилояти Фарғона.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: