МАСКАНИ ДИЛНИШИНИ МАЪРИФАТ

Вақтҳои охир, алалхусус пас аз фармону дастурҳои сарвари давлат доир ба китобу китобхонӣ Маркази ахбору китобхонаи ба номи Пушкини вилояти Самарқанд ба ҷойи дӯстдоштаи аҳли илму фарҳанг табдил ёфт.

Вақтҳои охир, алалхусус пас аз фармону дастурҳои сарвари давлат доир ба китобу китобхонӣ Маркази ахбору китобхонаи ба номи Пушкини вилояти Самарқанд ба ҷойи дӯстдоштаи аҳли илму фарҳанг табдил ёфт.
Воқеан, аз бинои хушсохту зебои он ки дар саргаҳи хиёбони Донишгоҳи шаҳр воқеъ аст, аз субҳи содиқ то шом қадами одамони синну сол, миллату забон, касбу корашон гуногун канда нест.
Тасодуф буд ё амри тақдир, ҳангоме ки мо бо роҳбари китобхона Шаҳодат Аҳмадова нақшаи саёҳати онро таҳия менамудем, автобуси замонавии хориҷӣ назди бино бозистоду аз он қариб 50 нафар мусофирон берун омаданд. Ҷавоне худро Ҷаҳонгир Ҳақбердиев муаррифӣ карду ба мақсад гузашт.
– Мо аз ноҳияи Тайлоқ. Ман дар вазифаи ҷонишини ҳокими ноҳия оид ба сиёсати ҷавонон ва маънавияту маърифат кор мекунам. Ният кардем, ки зиёрати Самарқандро аз ин китобхона оғоз намоем. Дар гурӯҳи мо аксарият ҷавононанд, барои онҳо бо осори шоирону нависандагон, олимону бостоншиносон шинос шудан шараф аст.
Дар як нафас айвони оинабанди иншоот бо мухлисони каломи бадеъ пур шуд. Аҷибаш он буд, ки чанд нафар ҷавонзанҳо кӯдак доштанд. 
– Хуш омадед, меҳмонони азиз, – ҳозиронро хайрамақдам гуфт Шаҳодат Баҳриевна. – Воқеан, чанде пеш ман дар Амрико будам ва гувоҳи он шудам, ки баъди ба дунё омадани тифл ӯро узви китобхонаи оммавӣ мекунанд. Ҳоло мо тайёр ҳастем, аввал фарзандони шуморо қабул кунем.
Аз ин суханон табъи модарон болида гашт. Ҳазлу мутоиба авҷ гирифт. Мавсуф, ба таърихи китобхона таваққуф карда, иттилоъ дод, ки он 110 сол қабл бо ташаббуси равшанфикрони рус ташкил шудааст. Соли 1937 дар рӯзҳои таҷлили 100-солагии шоири бузурги рус – Александр Пушкин китобхона номи ӯро гирифт.
– Ҳоло дар бойгонии мо беш аз 630 ҳазор асар ба забонҳои ӯзбекӣ, русӣ ва тоҷикӣ мавҷуданд, шумораи аъзои он қариб 6 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Дар як навбат қариб 700 нафар дар шуъбаҳои гуногуни китобхона нишаста, метавонанд асарҳои аз осори барояшон заруру шавқовар баҳра бардоранд.
Дар урфият «шунидан кай бувад, монанди дидан» гуфтаанд. Марҳамат, шуморо ба сайри олами маърифат даъват мекунем!
Ҳар фарде, ки ба китобхона қадам мегузорад, дар шуъбаи қабул ба узвият таваққуф карда, соҳиби барги пластикӣ мешавад, ки муддати истифодаи он се сол аст. Қироатхона шуъбаи серодам буда,  ба мизоҷон се нафар ходимон хидмати беминнат мерасонанд.
– Адабиёти зарурӣ мувофиқи талаб дар тӯли 5-7 дақиқа дастрас карда мешавад, – гуфт мудири шуъба Нигора Воҳидова. – Баъзан аз рӯйи зарурат китобҳоро ба хона ҳам медиҳем. Боз як гап, тадбирҳои гуногун маҳз дар ҳамин ҷо баргузор мешаванд ва хотирнишин мегузаранд. Чанде пеш 580-солагии Алишери Навоӣ таҷлил гардид. Мо намоишномаи асарҳои ӯро ташкил кардем. Ҳоло ба гузаронидани ҷашнҳои Қаҳрамони Ӯзбекистон, муаллифи суруди миллӣ Абдулло Орифов ва адиби маҳбуби халқ Ӯткур Ҳошимов тайёрӣ мебинем.
Воқеан, маҳз дар ҳамин ҷо бо иштироки меҳмонон аз ноҳияи Тайлоқ тақдимоти китоби тозанашри навқаламони вилоят «Мушоираи самарқандиён» баргузор гардид. Раиси шуъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагон Тошпӯлод Тугалов гуфт, ки дар маҷмӯаи дастҷамъӣ намунаҳо аз эҷодиёти 67 нафар шоиру носирон чоп шудааст.
Сипас, чанде аз ҳозирон шеърҳои худро қироат карда, ба сифати мукофот китобу маҷаллаҳо гирифтанд.
Саёҳат ба шуъбаи дастхатҳои нодир низ ба меҳмонон таассуроти калон гузошт. Дар ин ҷо ғайр аз дастнависҳои қадима бастаи рӯзномаи «Туркестанские ведомости», нашрҳои солҳои 1896-1917 мавҷуданд, ки таърихи Самарқанд ва ҳатто Осиёи Марказӣ маҳсуб меёбад.
– Ба шуъбаи мо бештар бостоншиносон, донишҷӯёни факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Самарқанд, журналистон, кишваршиносон меоянд, – иброз дошт мудири он Заррина Латифова. – Мо кӯшиш мекунем, ки нашрҳои нодир коҳиш наёбанд ва ба авлоди оянда низ хидмат кунанд. Боз як навид он аст, ки хазинаи мо аз ҳисоби шахсони дурандешу савобталаб ғанӣ мегардад.
– Мо барои ба дараҷаи мамлакатҳои пешқадам расидан бояд нақшаҳои бузургро татбиқ намоем. Ҳоло бунёди мағозаи «book-cafе» ва боғи истироҳат дар шафати китобхона дар авҷ аст. Минбаъд ҳар як мухлис метавонад баробари истироҳат қаҳва нӯшад, асарҳои дӯстдоштаашро мутолиа кунад, аз пойгоҳи электронӣ истифода бубарад, – мегӯяд Шаҳодат Баҳриевна.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: