Дар маркази ҷавонони шаҳри Самарқанд «Пресс-клуби ҷавонон» баргузор гардид.
Дар маркази ҷавонони шаҳри Самарқанд «Пресс-клуби ҷавонон» баргузор гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ оиди корҳое, ки дар самти татбиқи сиёсати давлатӣ роҷеъ ба ҷавонон анҷом дода мешаванд, маълумот дода шуд.
Яке аз муроҷиаткунандагон, ходими робототехникаи IT-Parkи Самарқанд Бекмурод Шукуров лоиҳаҳои стартапи худро тақдим намуд ва бо пешниҳоде ба ҳокими вилоят муроҷиат кард.
Ӯ гуфт, ки барои ҷиҳозҳои иловагии робототехника дар Самарқанд бояд мағозае кушода шавад. Чунки ходимони IT барои хариди ҷиҳозҳои иловагӣ ба Тошканд мераванду маблағи бисёр сарф мекунанд.
Сипас, масъалаи ёрирасонӣ ба онҳое, ки дар соҳаи технология иқтидори хуб доранду шароити молиявӣ надоранд, ба миён гузошта шуд.
Ҳокими вилоят пешниҳодро пазируфта, таъкид намуд, ки барои ҳалли ин масъала кӯмак мекунад.
Инчунин, донишҷӯйи Донишкадаи давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд Фарангис Худоёрова арз кард, ки барои кушодани маркази хидматрасонии компутерӣ, тарҷумонӣ, омӯхтани забонҳои хориҷӣ ба ҷавонон аз бонк кредити имтиёзнок гирифтан мехоҳад, аммо ба душвориҳо рӯбарӯ меояд. Ӯ гуфт, ки бо кушодани ин марказ панҷ нафарро бо кор таъмин мекунад.
Ин масъала таҳти назорати ҳокими вилоят қарор гирифта, халлу фасли он ба зиммаи кормандони бонкҳо гузошта шуд.
Аз ҷониби ҷавонон зиёда аз 25 муроҷиат ва таклиф тақдим гардида, лоиҳаҳои стартап пешниҳод шуданд. Масъалаҳо ба ташкилотҳои дахлдор супорида шуданд. Ҳоким ба муроҷиаткунандагон рақами телеграми худро дод, ки дар ҳолати ҳал нашудани муаммо ҷавонон метавонанд ба вай муроҷиат кунанд.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори
«Овози тоҷик».
Вилояти САМАРҚАНД.