МУҲИМИЯТИ МИНБАЪД ВУСЪАТ ДОДАНИ ҲАМКОРИИ БАЙНАЛХАЛҚӢ ДАР СОҲАИ ОММАВИКУНОНИИ ВАРЗИШИ ХАЛҚӢ ТАЪКИД ГАРДИД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 8 сентябр ҳайати Конфедератсияи умумиҷаҳонии варзиши халқиро бо сарварии раиси созмони мазкур Наҷметтин Билол Эрдӯғон қабул кард.

Бинобар масъалаҳои рушди минбаъдаву оммавикунонии намудҳои миллии варзиш ва бозиҳои халқӣ мубодилаи афкор ба амал омад.
Дар оғози мулоқот Билол Эрдӯғон ба сарвари Ӯзбекистон салом ва паёмҳои беҳтарини Президенти Туркия Реҷеп Тайиб Эрдӯғонро расонд.
Ҳамчунин миннатдории самимӣ барои дастгирӣ кардан ва дар сатҳи олитарин созмон додани Ҷашнвораи байналхалқии варзиши халқӣ, ки бори аввал дар шаҳри Хева бо иштироки тақрибан ду ҳазор варзишгарони зиёда аз 60 давлати ҷаҳон гузаронида шуд, изҳор гардид.
Дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои амиқсозии ҳамкориҳои тарафайн дар коркарди барномаҳои таълимӣ, мубодилаи таҷриба, тайёр намудани мутахассисон, мураббиён ва ҳакамон, васеъ ҷалб намудани ҷавонон ба варзиши халқӣ дар пояи «харитаи амалиёт» баррасӣ шуданд.

ӮзА.
Сурати Хидмати матбуоти 
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: