ЧОРАҲОИ ЗИЁД КАРДАНИ ИСТЕҲСОЛОТИ САНОАТӢ МУҲОКИМА ГАРДИДАНД

8 сентябр таҳти сарварии Президент Шавкат Мирзиёев бобати зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соҳа ва минтақаҳо ҷамъомади видеоселекторӣ баргузор шуд.

Дар натиҷаи ҷалби фаъоли сармояҳо ва технологияи пешқадам ба иқтисодиёт саноат мустақимона инкишоф меёбад. Тӯли ҳафт моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсолоти саноатӣ дар мамлакат 5,7 фоиз афзуд ва ба 345 триллион сӯм расид. Дар саноати электротехникӣ афзоиш 46 фоиз, дар истеҳсоли автомобилҳои сабукрав 16, дар саноати маводи сохтмон 12, дар истеҳсоли сару либоси тайёр 11 фоизро ташкил дод.
Дар куҷое, ки кор дуруст ташкил шудааст, тағйирот назаррас аст, зикр шуд дар ҷамъомад. Аз ҷумла, дар ноҳияи Бандихон афзоиши саноат 45 фоиз, дар ноҳияҳои Китоб 19, Қизириқ 18, Кегейлӣ 14 фоиз мебошад. Дар 25 ноҳия ва шаҳр ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ беш аз 10 фоиз афзуд.
Умуман аз ибтидои сол дар кишвари мо 2 ҳазор лоиҳаҳои нави саноатӣ амалӣ шуданд, то охири сол бошад, барилова истеҳсоли маҳсулот ба 1 триллион сӯм имконпазир аст. Чунончи, ба шарофати пеш аз муҳлат ба истифода супурда шудани корхонаи нави филизот дар кони тиллои «Писталӣ» соли равон бар илова дар ҳаҷми 840 миллиард сӯм маҳсулот истеҳсол карда хоҳад шуд. Таҷҳизоти корхона ба маблағи анқариб 50 миллион доллар бо иқтидори худӣ дар пояи кооператсияи истеҳсолӣ тайёр гардид.
Вале на дар ҳамаи соҳа ва минтақаҳо имкониятҳо пурра истифода мешаванд. Аз ҷумла, дар 34 ноҳия ва шаҳр ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ нисбати соли гузашта кам шуд. Дар баъзе соҳаҳо, аз ҷумла дорусозӣ, чарбу пойафзор, бофандагӣ суръати истеҳсолот ва содирот коҳиш ёфт.
Тавре ки дар ҷамъомад таъкид гардид, ба минтақаҳо барои дарёфти имконият ва захираҳои нав гурӯҳҳои корӣ сафарбар карда шуданд. Чунончи, дар ноҳияи Тошлоқ муайян гардид, ки то охири сол метавон аз ҳисоби барқарор кардани иқтидори 23 корхона ва тезондани татбиқсозии 22 лоиҳаи нав барилова дар ҳаҷми 1 триллион сӯм маҳсулот истеҳсол кард.
Боз як имконият ин вусъат додани кооператсияи саноатӣ дар ноҳияҳо ва истеҳсоли маҳсулоти воридотӣ мебошад.
Чунончи, Комбинати маъданҳои кӯҳии Олмалиқ бо корхонаҳои саноатии маҳаллӣ ва истеҳсоли маҳсулот ба монанди полимерҳо, қисмҳои эҳтиётӣ барои рехтагарӣ, воситаҳои кимёвӣ ҳамкориро дар ҳаҷми 1 триллион сӯм ба роҳ монд. Чунин имкониятҳо дар вилоятҳои Андиҷон, Қашқадарё, Навоӣ, Самарқанд ва Хоразм мавҷуданд.
Яке аз омилҳои асосии эътидоли истеҳсолот ин сарфаи нирӯи барқ ба шумор меравад. Бинобар ҳамин ҳам дар назди комиссия бо сарварии Сарвазир вазифаи коркарди эътидоли ҳармоҳаи энергетикии минтақаҳо гузошта шуд. Зарурияти қатъ накардани интиқоли энергияи электрии корхонаҳои саноатӣ бидуни огоҳии пешакӣ таъкид гардид.
Қайд шуд, ки истеҳсолот дар 232 корхонаи саноатӣ тезонида ва 210 лоиҳаи бузурги саноатӣ то охири сол амалӣ карда шаванд. Бобати истифодаи самарабахши Бунёди рушди саноат, солимгардонии корхонаҳои зараррасони саноатӣ, кумакрасонӣ ба содиргарон дар масъалаҳои нақлиёт супоришҳо дода шуданд.
Дар ҷамъомад роҳбарони соҳаҳо ва ҳокимони минтақаҳо бинобар нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ ва содиротии то охири сол пешбинишуда, чораҳои таъмин сохтани корхонаҳои саноатӣ бо захираҳои энергетикӣ дар давраи тирамоҳу зимистон маълумот доданд. 

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: