Имкониятҳои фурудгоҳи байналмилалии Намангон васеъ карда мешаванд

  • Имкониятҳои фурудгоҳи байналмилалии Намангон васеъ карда мешаванд
  • Имкониятҳои фурудгоҳи байналмилалии Намангон васеъ карда мешаванд
  • Имкониятҳои фурудгоҳи байналмилалии Намангон васеъ карда мешаванд

Президент Шавкат Мирзиёев бо лоиҳаи такмили аэропорти байналхалқии Намангон шинос гардид.

Роҳ аз водии Фарғона ба дигар минтақаҳои мамлакатамон аз тариқи ағба мегузарад ва на ба ҳамаи самтҳо ба поезд дастрасӣ вуҷуд дорад. Аз ин рӯ худи ҳаёт тақозо менамояд, ки инфрасохтори аэропорт беҳтар карда шавад, ки он ба рушди тиҷорат, хидмати нақлиёт ва сайёҳӣ таҳрики тавоно мегардад.
Дар доираи лоиҳа сохтмони терминали боркашонӣ, маҷмӯъҳои кейтеринг ва сӯзишворирезӣ, дигар биноҳои хоҷагидорӣ ба нақша гирифта шудааст. Инчунин афзудани иқтидори убури терминали мусофиркашонӣ соате то як ҳазор нафар интизорӣ меравад. Терминали боркашонӣ потенсиалро дар соҳаҳои тиҷорат, содирот ва транзит пурзӯр менамояд.

Ғайр аз ин лоиҳа таҷдиди парки техникаи махсусро пешбинӣ менамояд, ки ин имкон медиҳад ҳар гуна намуди самолёт қабул карда, ба онҳо хидмат расонда шавад.

Роҳбари давлат дар бобати баланд бардоштани самарабахшии кори аэропорт супоришҳо дод ва таъкид намуд, ки афзудани парвозҳои маҳаллӣ ва байналхалқӣ, пурра истифода намудани имконоти логистикӣ ногузир мебошад. Яке аз вазифаҳои асосӣ таъмини арзонии билет бояд гардад.

Бо ҳамин Президент Шавкат Мирзиёев сафари худро ба вилояти Намангон анҷом дода ба Тошканд баргашт.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: