Дар Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон бо Сафири Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот баргузор гардид

7 сентябри соли 2023 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Баҳромҷон Аълоев бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Амороти Муттаҳидаи Араб Саид ал-Камзӣ мулоқот намуд.

Зимни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои мубрами рушди ҳамкориҳои Ӯзбекистону Аморатро дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва сайёҳӣ баррасӣ карданд.

Дар бораи рафти иҷрои тавофуқоти қаблан ҳосилшуда табодули афкор сурат гирифта, ҷадвали рӯйдодҳои муҳими рӯзномаи муносибатҳои дуҷониба мувофиқа карда шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: