ҶАВОНОНИ ӮЗБЕКИСТОНИ НАВ

Инсон аз рӯзи таваллуд бо ҳисси муҳаббат ба Ватан ба воя расида, бо ин ҳис ба пирӣ мерасад.

Инсон аз рӯзи таваллуд бо ҳисси муҳаббат ба Ватан ба воя расида, бо ин ҳис ба пирӣ мерасад. Дар ин муддат вай аз имкониятҳое, ки Ватан барояш фароҳам овардааст, чӣ тавр истифода мебарад ва баръакс, Ватан аз ӯ чӣ манфиате мебинад. Мо мехоҳем аз ҳамин нуқтаи назар дар бораи ислоҳоте, ки Ӯзбекистон дар ин замина амалӣ мекунад, сухан ронем.
Ба таърихи дур намеравем, Раисҷумҳури Ӯзбекистон рӯзи 2-юми марти соли 2020 бо фармони рақами ФП-5953 Барномаи давлатиро тасдиқ кард. Барои таъмин кардани иҷрои банди 21-уми ин барнома лоиҳаи таъсис додани “Парлумони ҷавонон” дар назди Палатаи қонунгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон, низом ва сохтори ташкилии он таҳия гардид. Ҳадафи асосӣ аз таъсис додани “Парлумони ҷавонон” дастгирӣ кардани ҷавонон, баланд бардоштани саводнокии сиёсӣ ва ҳуқуқии онҳо, ба қишри фаъоли сиёсии ҷомеа табдил додану афзудани таҷрибаашон ба ҳаёти парлумонӣ буд.
Як исботи рушди босуръати мо ин аст, ки тӯли 4 соли гузашта дар саросари кишвар 43 муассисаи таълими олӣ таъсис ёфта, миқдори умумии онҳо аз 140 адад бештар шуд. Параметрҳои қабул ба донишгоҳ ва донишкадаҳо 2,5 баробар рушд кард ва фарогирии ҷавонон дар заминаи таълими олӣ аз 9  ба 25 дарсад расид.
Бемуболиға, ҷавонон алҳол дар ҳаёти давлат ва ҷомеа хеле фаъоланд. Масалан, шумори узви Иттифоқи ҷавонон ҳоло 7 миллиону 690 ҳазор нафар аст. Агентии кор бо ҷавонон ва Бунёди “Ёшлар келажагимиз” (“Ҷавонон – ояндаи мо”) ба таври мунтазам кори худро идома медиҳанд.
Бояд таъкид кард, ки дар вилоятҳои кишвар ба ҷавонон дар корҳои роҳбарии давлат имкониятҳои зиёд дода мешавад. Ҳоло беш аз 10 нафар ҷавон ҳамчун ҷонишини ҳоким фаъолият доранд.
Соли равон бо пуштибонии Созмони Милали Муттаҳид анҷумани ҷаҳонии “Таълим дар заминаи ҳуқуқи башар”, дар бораи ҳуқуқи ҷавонон ва конфронсҳои минтақавӣ дар масъалаҳои озодии динӣ баргузор шуданд.
Имсол дар зиндагии ҷавонони Ӯзбекистон як қарори муҳим ҷорӣ шуд. Ҳукумат рӯзи 13 апрел дар бораи пардохт кардани хароҷоти ҷавононе, ки аз рӯйи системаҳои байналмилалии имтиҳон холи баланд мегиранд, тасмим гирифт.
Хулоса, дар 5 соли гузашта дар кишварамон беш аз 20 қонун, фармон ва қарори вобаста ба ҷавонон қабул шуд, ки онҳо исботи эътимоди ҳукумат ба ҷавонон – ба ояндаи мо мебошад.
Таъмин сохтани ҳуқуқ ва манфиати қонунии ҷавонон, амалӣ кардани орзуву мақсад ва нишон додани қобилияту салоҳияти онҳо аз самтҳои муҳиму устувори сиёсати давлати мо ба шумор меравад. 

Абдулло АСЛОНОВ,
депутати Палатаи қонунгузории 
Олий Маҷлис.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: