ДАР ЭРОН БА ӮЗБЕКИСТОН БАРОИ ТАШАББУСАШ БОБАТИ ГУЗАРОНИДАНИ ИҶЛОСИЯИ 25-УМИ СОЗМОНИ УМУМИҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ ДАР САМАРҚАНД СИПОСГУЗОРӢ КАРДАНД

Сафири Ӯзбекистон дар Эрон Баҳодур Абдуллоев дар машварати 5-уми вазирони сайёҳии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ), ки дар Ардебил (Эрон) 5 октябри соли равон баргузор гардид, иштирок кард.

Бинобар натиҷаи чорабинӣ Баённомаи Ардебил қабул шуд, ки дар он боби мутааллиқ ба Ӯзбекистон низ дохил шудааст. 
Дар вай аз ҷумла, ҳуҷҷатҳои дар доираи ҷамъомади 4-уми вазирони сайёҳии давлатҳои аъзои СҲИ ва натиҷаҳои мусбати татбиқсозии «Харитаи амалиёт» бобати зуд барқароршавӣ пас аз пандемияи COVID-19, рушди бехавф ва муттасили соҳаи сайёҳӣ дар СҲИ, ки таҳти сарварии Ӯзбекистон 13 декабри соли 2022 гузаронида шуд, қайд карда мешавад. 
Ғайр аз ин, шаҳри Шаҳрисабзи Ӯзбекистон барои соли 2024-ум пойтахти сайёҳии СҲИ интихоб гардид. 
Ба Ӯзбекистон ҳамчунин бинобар ташаббусаш бобати соли 2023-юм баргузор кардани иҷлосияи 25-уми Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ (ЮНВТО) дар Самарқанд миннатдорӣ изҳор гардид. Таъкид шуд, ки ин, бешубҳа, нафақат барои Ӯзбекистон, балки барои тамоми минтақа имконияти хуб аст. 
Дар доираи чорабинӣ сафири Ӯзбекистон бо губернатори Ардебил Сайид Ҳамид Амалӣ мулоқот кард. Дар вохӯрӣ оид ба масъалаи таъмин сохтани татбиқи муоҳидаҳо, ки дар ҷараёни мулоқоти сатҳи олӣ, аз ҷумла сафари расмии Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Теҳрон 18 июни соли 2023 ва ташрифи расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Иброҳим Раисӣ дар Самарқанд 14-16 сентябри соли 2022 имзо шудаанд, мубодилаи афкор ба амал омад. Робитаҳои таърихии байни Ардебил ва Шаҳрисабз қайд карда шуд, пешниҳод гардид, ки дар байни шаҳрҳои мазкур иртиботи бародарӣ муқаррар карда, ҳамкориҳои иқтисодӣ, сайёҳӣ ва фарҳангии миёни онҳо инкишоф дода шаванд. Ҳамчунин масъалаи ба роҳ мондани хатсайри бевоситаи авиатсионии байни минтақаҳои Ӯзбекистон бо шаҳри Ардебил баррасӣ гардид.
Сафири Ӯзбекистон бо роҳбарияти ширкатҳои «RahanSazehConsultingEngi-neers», «Proheal»-и Эрон ва як қатор сохторҳои сайёҳӣ мулоқот дошт. 
Дар ҷараёни мулоқот намояндагони сектори сайёҳии Эрон ба анҷумани сармоявӣ, аз ҷумла ба чорабине, ки 16-20 октябри соли 2023-юм дар доираи иҷлосияи 25-уми Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ (ЮНВТО) дар Самарқанд баргузор мешавад, даъват карда шуданд. 

АИ «Дунё»,
шаҳри ТЕҲРОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: