Президенти Ӯзбекистон бо раиси Корпоратсияи миллии нафти Чин мулоқот кард

Дар идомаи барномаи корчаллонии сафари давлатӣ ба ҶМЧ Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев раиси корпоратсиям нефту гази CNPC Дай Хулянро кабул кард.

Корпоратсияи миллии нафти Чин ширкати пешбари ҷаҳонӣ дар ин соҳа буда, дар рейтинги "Fortune Global 500" мавқеи пешсафро ишғол мекунад. Дар татбиқи лоиҳаҳои азими истихроҷи нафту газ, аз ҷумла дар кишварҳои хориҷӣ таҷрибаи бой дорад.

Масъалаҳои дар Ӯзбекистон татбиқ намудани лоиҳаҳои истиқболнок оид ба сохтмони иншооти зеризаминии газ ва модернизатсияи системаҳои интиқоли газ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири пармакунӣ ва омодасозии мутахассисони соҳаи нафту газ баррасӣ шуданд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: