“МАЪРИФАТ” 90-СОЛА ШУД

Бо ташаббуси Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон ба муносибати 90-солагии таъсиси рӯзномаи “Маърифат” дар Маркази матбуоти миллии пойтахт рӯнамоии китоби “Мактаби меҳр ва матонат” баргузор шуд.

Бо ташаббуси Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон ба муносибати 90-солагии таъсиси рӯзномаи “Маърифат” дар Маркази матбуоти миллии пойтахт рӯнамоии китоби “Мактаби меҳр ва матонат” баргузор шуд. 
Дар чорабинӣ шоиру нависандагон, журналистони собиқадор, муҳаррирони рӯзномаву маҷаллаҳои даврӣ, ҷамоаи таҳририяти “Маърифат”, инчунин вазири таълими халқ Бахтиёр Саидов иштирок карданд. 
Раиси Иттиҳоди журналистон Олимҷон Ӯсаров иштирокдоронро хайра мақдам гуфта, таъкид намуд, ки 90 сол муқаддам, шумораи аввали рӯзномаи “Маърифат” бо номи “Маданий инқилоб” чоп шуда буд. Аз соли 1938 “Ӯқитувчилар газетаси”, аз соли 1991 то имрӯз таҳти номи “Маърифат” фаъолият дорад. Рӯзнома муносиби номаш ба ташаккули маънавият ва маърифати халқ, ба рушди соҳаи таълиму тарбия ҳиссаи муносиб мегузорад. “Маърифат” яке аз нашрияҳои дӯстдоштаи ҳамаи мо ба шумор меравад. Рӯзнома мактаби маҳорати журналистон, кӯмакрасон ва роҳнамои омӯзгорон буда, онҳо аз саҳифаҳои он бо дастурҳои методӣ, услубӣ, маводҳои тарбиявию ахлоқӣ баҳраманд мегарданд.
– Вақте мутолиа ва шеър мегӯем, дарҳол пеши назар китоб ва рӯзномаву маҷалла намоён мегардад. Аз қадимулайём ба мардуми мо маънавияту маърифат ва таълиму тарбияро аз китобҳои нодир, дастхатҳои қадима, рӯзномаву маҷаллаҳои даврӣ додаанд, – гуфт дар давоми суханаш Бахтиёр Саидов. – Вақте ба остонаи мактаб қадам мениҳем, чашмамон даставвал ба сариштаву тозагии гирду атрофи он, шиору плакатҳо, суратҳои бузургони хирад, панду андарзҳои онҳо, ки дар таълиму тарбияи насли наврас хеле аҳамиятнок ҳастанд, меафтад ва беихтиёр итминон ҳосил менамоем, ки дар ин маскан маънавият хеле баланд аст. Мо бо шумо – зиёиён бояд ҳамкории мустаҳкам дошта бошем, набояд ба ин самт аз паси парда нигарем. Ба гуфтаи роҳбари давлат “Ӯзбекистони нав аз остонаи мактаб оғоз меёбад”.
Сармуҳаррири “Маърифат” Ҳусан Нишонов доир ба рӯйи чопро дидани китоби “Меҳр ва маҳорат мактаби” ҳарф зад. Дар китоб ёдбуд ва хотираҳои эҷодкорон, шоиру нависандагон ва журналистони ҷавон дарҷ ёфтааст.           
– “Маърифат” газетаи мардуми зиёӣ буда, ба таърихи 90-сола соҳиб аст. Дар давраи сипаришуда ба рӯзнома Аҳмадҷон Долимов, Саъдулло Ҳакимов, Ҳалим Саидов, Абдусамад Раҳимов барин устод-журналистон роҳбарӣ кардаанд. Дар тӯли ин солҳо даҳҳо эҷодкорони асил фаъолият бурданд, мактаби маҳорат омӯхтанд. Дар таҳририят бо ҳамкории факултетҳои журналистика саҳифаи «Мактаби маҳорат» ташкил карда шуд. Дар он устод-эҷодкорон ба журналистони ҷавон сабақи эҷодӣ доданд. Ҳоло садҳо журналистони дар ин мактаб обутобёфта дар нашрияҳои пешқадами ҷумҳурӣ, воситаҳои ахбори оммавии хориҷӣ, муассисаҳои таълими олӣ ва дигар ташкилотҳо фаъолият мебаранд. Дар китоби мазкур хонандагон ва эҷодкорони шинохта, журналистони ҷавон, ҳамчунин зиёиён хотира, изҳори дил, муносибати самимии худро ба ин даргоҳ ва устодони худ баён намудаанд, – гуфт Ҳусан Нишонов.

С. БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори 
“Овози тоҷик”.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: