Дар чорабиние, ки дар Қасри «Туркистон» ба амал омад, тарбиягирандагони хонаҳои «Меҳрубонӣ», «SOS – Деҳаи бачагонаи Ӯзбекистон», хонаҳои бачагонаи оилавӣ, писарону духтарони бепарастор, бачаҳои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, мудофиа, оид ба вазъиятҳои фавқулодда, Хидмати бехатарии давлатӣ, Гвардияи миллӣ, ки барои сулҳу осоиши Ватанамон ҷон нисор намудаанд, иштирок карданд.
Барои бачаҳо аз номи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон иборат аз анҷомоти дарсӣ, шириниву бозичаҳо 11 ҳазор туҳфаҳо тайёр карда шуданд.
— Дар ин рӯзҳо дар тамоми гӯшаи мамлакатамон чорабиниҳои «Арчаи президентӣ» дар руҳи болида мегузаранд, — мегӯяд муовини вазири таълими халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Дилшод Кенҷаев. – Ба ин чорабиниҳо асосан бачаҳои оилаҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ ночор даъват шудаанд. Дар соле, ки поён меёбад, ба ҳифзи иҷтимоии бачаҳо эътибори бузург дода шуд. Ба ин аз бисёр ҷиҳат қарори Президенти мамлакат «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба пурзӯр гардондани ҳифзи иҷтимоии бачаҳои ятим ва бепарастор» аз 11 феврали соли 2019 мусоидат намуд.
... Дар даромадгоҳи Қасри «Туркистон» арчаи бо бозичаҳои ҳарранга орододашуда насб шудааст. Барнома бо иштироки Бобои Барфӣ, Барфак, қаҳрамонони афсонавӣ, устодони санъат ва сирк ба тамоми ҳозирон кайфияти идона мебахшад.
— Ман соли гузашта ҳам дар «Арчаи президентӣ» иштирок карда будам, — мегӯяд тарбиятгари «SOS – Деҳаи бачагонаи Ӯзбекистон» Нилуфар Камоловаи 12-сола. – Мо ба ин ҷашн тайёрии хуб дидем. Шеър азёд кардем, суруду рақсҳои нав тайёр намудем. Ҳамаи бачаҳо дар ин гуна ид иштирок карданро орзу мекунанд.
Ваня Гончаровскии панҷсола дар хонаи «Меҳрубонӣ»-и рақами 23 тарбия мегирад. Кӯдак бемории вазнинро аз сар мегузаронад.
– Ман Соли навро дӯст медорам, – аз даҳон конфетро нагирифта мегӯяд Ваня. – Бобои Барфиву Барфак, суруду рақс – ҳамааш олист!
Иштирокдорони ҷашнро ба толор даъват менамоянд. Бачаҳо дар даст пуфаку бозичаҳои ҳарранга дар либоси харгӯшча, бобои барфиву барфак ҷойҳои худро ишғол мекунанд. Намоиш аз спектакли мусиқавии «Шуъое, ки мо меафканем» саҳнаҳои шавқовар, видеороликҳо, порчаҳо аз мултфилмҳо иборат мебошанд. Намоише, ки ба ҳифзи табиат, Ватан ва хурдтаракон, гиромӣ доштани куҳансолон, тартибу интизом, хониши аъло, китобхонӣ даъват мекунанд, ба тамошобинон писанд омад.
Дар хотимаи чорабинӣ бачаҳо суруди «Арчаи президентӣ»-ро якҷоя иҷро намуданд. Ба онҳо туҳфаҳои солинавии сарвари давлатамон супурда шуданд. Ид дар руҳи баланд гузашт.
Ин гуна чорабиниҳои идона дар тамоми гӯшаҳои мамлакатамон идома доранд.
Назокат УСМОНОВА,
хабарнигори ӮзА.