Нишондодҳои соҳаи дорусозӣ таҳлил гардида, вазифаҳои оянда муайян карда шуданд

  • Нишондодҳои соҳаи дорусозӣ таҳлил гардида, вазифаҳои оянда муайян карда шуданд
  • Нишондодҳои соҳаи дорусозӣ таҳлил гардида, вазифаҳои оянда муайян карда шуданд
  • Нишондодҳои соҳаи дорусозӣ таҳлил гардида, вазифаҳои оянда муайян карда шуданд
  • Нишондодҳои соҳаи дорусозӣ таҳлил гардида, вазифаҳои оянда муайян карда шуданд
  • Нишондодҳои соҳаи дорусозӣ таҳлил гардида, вазифаҳои оянда муайян карда шуданд
  • Нишондодҳои соҳаи дорусозӣ таҳлил гардида, вазифаҳои оянда муайян карда шуданд
  • Нишондодҳои соҳаи дорусозӣ таҳлил гардида, вазифаҳои оянда муайян карда шуданд

12 апрел Президент Шавкат Мирзиёев дар бобати рушди соҳаи дорусозӣ ҷамъомад баргузор намуд.

21 январи соли ҷорӣ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон фармонро «Дар бораи рушди босуръати соҳаи дорусозӣ дар солҳои 2022-2026» имзо карда буд. Бинобар он вазифа гузошта шудааст, ки ҳаҷми истеҳсоли дорувории маҳаллӣ 3 баробар афзоиш дода, сатҳи таъмини бозори дохилӣ аз рӯи натурал то ба 80 фоиз расонда шавад.

Дар ҷамъомад корҳое, ки дар ин самт оғоз ёфтаанд, ҳолати лоиҳаҳои соҳа ба тариқи танқидӣ таҳлил гардиданд.

Мамлакатамон соле ба миқдори 1,6 миллиард доллар маҳсулоти доруворӣ истеъмол менамояд. Қисми асосии ин ҳаҷми маҳсулот - қариб ба 1,2 миллиард доллар моли хориҷӣ аст.

Нишондоди иқтидорҳои истеҳсолӣ дар минтақаҳо комилан ғайриғаноатбахш эътироф гаштаанд. Дар вилоятҳои Қашқадарё, Сурхондарё, Хоразм, Бухоро ва Фарғона истеҳсолгарони маҳаллӣ бо маҳсулоти худ танҳо 2-5 фоизи истеъмоли минтақаро таъмин менамоянд.

Бинобар ин дар назди Агентӣ оид ба рушди соҳаи дорусозӣ вазифаи пурра таҷдиди назар намудани кор бо лоиҳаҳо гузошта шуд. Чорабиниҳо доир ба омӯзиши талаб ба доруворӣ ва азхуд намудани истеҳсоли онҳо муайян карда шуданд.

Аз он ҷумла, барои соли ҷорӣ 34 лоиҳа ба миқдори 80 миллион доллар ба нақша гирифта шудааст. Ба шахсони масъул ба соҳибкорон ҳамдастӣ намудан ва андешидани чорабиниҳо барои сари вақт ба кор андохтани истеҳсолот супурда шуд. Ногузирии ба амал овардани гуфтугӯҳо бо ширкатҳои бузурги хориҷӣ ва ҷалб намудани брендҳои онҳо супурда шуд.

Ғайр аз ин, аз ҷониби Марказ оид ба таҳияи лоиҳаҳои сармоягузорӣ боз 18 лоиҳаи истиқболнок омода гаштааст. Роҳбари давлат татбиқи онҳоро дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои мамлакатҳои соҳаи дорусозиаш инкишофёфта, мисли Ҳиндустон, Олмон, Туркия, Чин, Куриёи Ҷанубӣ тавсия намуд. Барои таъмини молиявии лоиҳаҳои нав ва сарпур намудани маблағҳои гардишӣ захираҳои кредит ба 200 миллион доллар ҷалб хоҳад шуд.

Зимни муҳокимаи масъалаҳои экспорти соҳа таъкид шуд, ки қисми зиёди он ба ҳиссаи шаҳри Тошканд, вилоятҳои Тошканд ва Сирдарё рост меояд, дар ҳоле ки дар дигар минтақаҳо нишондодҳо хеле пастанд. Таъкид шуд, ки натиҷаи лоиҳаҳои нав бояд ба тарзи назаррас зиёд гардидани экспорти маҳсулоти дорусозӣ бояд гардад.

Ба Вазорати тандурустӣ ва Вазорати молия ташкили хариди кафолатноки 120 номгӯйи дорувории мавриди ниёз аз истеҳсолгарони маҳаллӣ дар зарфи се сол супурда шуд. Зикр гардид, ки ноил гардидан ба коҳиши нархи харид, хусусан доруворӣ табобати бемориҳои саратон, гематология, эндокринология ва бемориҳои сирояткунанда ногузир аст.

Дар ҷамъомад дар бораи дастгирии истеҳсолгарони маҳаллӣ низ сухан ба миён омад.

Ҳоло ҳозир номгӯйи ашёи хоми аз андози арзиши иловагӣ барои истеҳсоли доруворӣ ва масолеҳи муқаррароти тиббӣ озодкардашуда аз ҷониби панҷ идора собит карда мешавад. Муайян  карда шуд, ки аз ин баъд рӯйхат аз ҷониби се идора тасдиқ карда мешавад – Вазорати сармоя ва савдои хориҷӣ, Кумитаи гумрук ва Агентии рушди соҳаи дорусозӣ.

Инчунин харҷи корхонаҳои ватанӣ барои ба даст овардани сертификати GMP аз ҷониби Агентии рушди соҳаи дорусозӣ ҷуброн карда мешавад. Таъмини молиявии такомули корхонаҳо бо иштироки Фонди сармояи бевосита ба амал татбиқ мегардад.

Ба Вазорати хоҷагии қишлоқ ва ҳокимони вилоятҳо махсусгардондани 80 ноҳия барои парвариши растаниҳои доруворӣ ва ба вуҷуд овардани плантатсияҳои марбут супориш дода шуд.

Барои вусъат бахшидани ин таҷриба тамоми имтиёзот ва механизмҳои таъмини молиявие, ки барои кооперативҳо ва корхонаҳои оилавӣ пешбинӣ мегардад, нисбат ба таҳиякунандагони растаниҳои доруворӣ низ татбиқ мегардад.

Корхонаҳое, ки бо азнавкоркарди растаниҳои доруворӣ машғул мегарданд, аз пардохти молиёти гумрук зимни ворид намудани ашёи хом, таҷҳизот ва қисмҳои эҳтиётӣ ба муддати то 1 январи соли 2025 озод карда мешаванд. То 50 фоизи харҷи нақлиёти онҳо зимни содир намудани маҳсулоти тайёр ҷуброн карда мешавад, барои бо об таъмин намудани плантатсия барои онҳо субсид дар ҳаҷми 600 ҳазор сӯм барои ҳар як даҳ гектар пешниҳод мегардад. Ба плантатсияҳои растаниҳои доруворӣ ҷойгир намудани ягон хели кишти хоҷагии қишлоқ роҳ дода намешавад.

Роҳбари давлат пешниҳодро дар бораи ташкили кластери растаниҳои доруворӣ дар минтақаҳо, кушодани факултаҳои дорусозӣ дар муассисаҳои таълими олии минтақаҳо дастгирӣ намуд.

Аз рӯи масъалаҳои муҳокимагардида роҳбарони соҳаҳо ва минтақаҳо, роҳбарони корхонаҳои пешқадами соҳа ва соҳибкороне, ки бо парвариши растаниҳои доруворӣ машғуланд, баромад намуданд. Президент дар бобати татбиқи пешниҳодот ва ташаббусҳои онҳо супоришҳо дод.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: