Шавкат Мирзиёев Амири Қатар шайх Тамим бин Ҳамад Ол Сониро табрик кард

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Ол Сонӣ ба муносибати ҷашни миллӣ – Рӯзи истиқлолияти ин кишвар табрик ирсол намуд.

Дар паём бо камоли қаноатмандӣ қайд карда мешавад, ки робитаҳои таърихию фарҳангӣ, ки халқҳои Ӯзбекистон ва Қатарро бо ҳам мепайвандад, имрӯз барои муносибатҳои бисёрҷанба ва дарозмуддати мо ҳамчун заминаи мустаҳкам хизмат мекунанд.

«Ба шарофати муносибатҳои самимии дӯстонаи байни мо муқаррашуда, робитаҳои пурсамари суръати балан пайдокунанда, инчунин созишномаҳои муҳим, ки дар бисёр самтҳои афзалиятнок ба даст омадаанд, ҳамкориҳои мо вақтҳои охир ба сатҳи баланд баромад, ки ба зарфияту имкониятҳоямон мувофиқ аст», - гуфта мешавад дар табрикот.

Сарвари давлатамон ба роҳбари Қатар саломатии бардавом, хушбахтии оилавӣ, дар фаъолияти масъулиятноки давлатӣ муваффақиятҳои нав ва ба халқи дӯсти Қатар сулҳу оромӣ, рушди дарозмуддат ва шукуфоӣ таманно намуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: