Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 26 сентябр ҳайати ширкати бонуфузи чиноии «BYD»-ро таҳти роҳбарии Президент ва асосгузори он Ван Чуанфу қабул кард.
Таъкид кардан ҷоиз аст, ки ширкати «BYD» дар истеҳсоли мошинҳои замонавии барқӣ ва авлоди нави батареяҳои аккумуляторӣ пешвои ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Консерни чиноӣ соле то 2 миллион мошин истеҳсол карда, тамоюлҳои асосии рушди саноати ҷаҳонии автомобилиро муайян менамояд.
Дар рафти мулоқот ҷанбаҳои амалии густариши фаъолияти ширкат дар Ӯзбекистон, аз ҷумла масъалаҳои ҳарчи зудтар ба роҳ мондани майдончаи истеҳсолии автомобилҳои гибридӣ ва барқӣ дар вилояти Ҷиззах, то 300 ҳазор мошин афзун гардондани иқтидори он дар марҳилаҳои минбаъда баррасӣ шуданд.
Ба лоиҳаҳои маҳаллигардонии ҷузъҳо ва қисмҳои эҳтиётӣ барои коҳиш додани арзиши аслии маҳсулот, инчунин ташкили содироти автомобилҳо ба бозорҳои кишварҳои сеюм таваҷҷуҳи махсус дода шуд.
Инчунин нақшаҳо оид ба интиқоли электробусҳои «BYD» дар кишвари мо бо созмон додани марказҳои муҳандисиву хидматгузорӣ дастгирӣ ёфтанд.