Президент Шавкат Мирзиёев 22 май бо тақдимоти таклифҳо оид ба инкишофи системаи таълими томактабӣ ва мактабӣ шинос шуд.
Дар моддаи якуми таҳрири нави Конститутсияи мамлакати мо мустаҳкам шудааст, ки Ӯзбекистон давлати иҷтимоӣ мебошад. Яке аз вазифаҳои асосии чунин давлат таъмини дастрасии таҳсилоти босифат мебошад. Барои ривоҷи пай дар паи ин соҳа дар доираи ислоҳоти маъмурӣ Вазорати таълими томактабӣ ва мактабӣ ташкил карда шуд. Оиди аз ҷиҳати сохторӣ оптимизатсия кардани система, ҷорӣ намудани барномаҳои замонавӣ ва ҳавасмандгардонии кормандони соҳа тадбирҳо андешида мешаванд.
Дар маросими тақдимот корҳои минбаъда дар ин самт мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимнан зикр гардид, ки дар синфҳои ибтидоӣ барномаи нави таълимӣ дар асоси таҷрибаи ҷаҳонӣ ҷорӣ карда мешавад. Шумораи фанҳо дар синфҳои болоӣ аз 16 то 11 адад кам карда шуда, бо ҷорӣ намудани 11 фанни ҳатмӣ ва 2 фанни факултативӣ ҳамбастагии байнифанӣ ва байнисинфӣ бо нақшаҳои таълимӣ таъмин карда мешавад. Аз соли хониши оянда фанни информатика аз синфи 1 таълим дода мешавад.
Ҳоло 70 фоизи мавзӯъҳои барномаи таълимӣ бо ҳаёти ҳаррӯза алоқае надоранд. Минбаъд ҳиссаи машғулиятҳои амалӣ аз 40 ба 60 фоиз зиёд карда мешавад. Мавзӯъҳо дар мисоли ҳалли масъалаи мушаххас ва дарсҳои амалӣ дар шакли татбиқи лоиҳа гузаронида мешаванд.
Барои бо кадрҳои соҳибихтисос таъмин намудани мактабҳо системаи сертификатонии муаллимон ташкил карда мешавад. Ҳамин тариқ, омӯзгоре, ки ба кор ворид мешавад, бояд 1 сол ба ҳайси омӯзгори таҷрибаомӯз кор кунад ва дар ин муддат соҳиби шаҳодатнома шавад.
Санҷишҳо барои додани категорияи тахассусӣ ба омӯзгорон дар 2 марҳила гузаронида мешаванд. Марҳилаи якум баҳодиҳии дониши номзад аз фанни тахассусӣ, марҳилаи дуюм баҳодиҳии маҳорати педагогӣ мебошад. Ба омўзгороне, ки шаҳодатномаи тахассусӣ гирифтаанд, мумкин аст ба андозаи то 70 фоизи маоши якмоҳа кумакпулӣ дода шавад.
Инчунин, бо мақсади ҷалби омӯзгорони соҳибихтисос ба боғчаҳо аз 1 июни соли 2024 меъёри музди меҳнати онҳо ба ставкаҳое, ки ба омӯзгорони мактабҳо татбиқ мешавад, баробар карда мешавад.
Ба мактабҳои маълумоти умумӣ додани ҳуқуқи ихтиёрдории озодонаи маблағҳои ғайрибуҷетӣ ба онҳо имконият медиҳад, ки базаи моддии худро беҳтар намуда, ба муаллимон музди иловагӣ диҳанд. Акнун дар назар дошта шудааст, ки ин тартиб дар яслию боғчаю мактабҳои махсус ҷорӣ карда шавад.
Барои ташаккул додани ҳайати кадрҳои роҳбарикунандаи соҳибихтисос дар ин соҳа шӯроҳои директорон аз ҳисоби директорони ботаҷриба таъсис дода мешаванд. Аз ин баъд директорони мактабҳо бо тавсияи шӯро тавассути озмуни кушод ба ин вазифа таъин карда мешаванд.
Ҳамзамон салоҳияти шӯъбаҳои ноҳиявии (шаҳрии) вазорат оид ба санҷиши фаъолияти мактабҳо ва арзёбии сифати таълим қатъ карда мешавад. Талабот барои ташкили мактабҳои хусусӣ сабук карда мешавад.
Дар ҷамъомад ҳамчунин масъалаҳои ташкили пурмазмуни фароғати кӯдакон, ифтитоҳи маҳфилҳои замонавӣ бо ҷалби сектори хусусӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Сарвари давлат ин пешниҳодҳоро маъқул дониста, доир ба трансформатсияи низом, такмили ихтисос ва ҳавасмандгардонии омӯзгорон супоришҳо дод.