ДАР МАМЛАКАТИ МО МУҲИТИ САРМОЯВӢ БОЗ БЕҲТАР МЕШАВАД

Солҳои охир дар натиҷаи сиёсати ошкоро, дӯстона ва прагматикие, ки таҳти сарварии Президент Шавкат Мирзиёев амалӣ мешавад, мавқеъ ва аҳамияти мамлакати мо дар муносибатҳои байналхалқӣ ба дараҷаи эҳсосшаванда мустаҳкам мегардад.

Дар замони кунунии ҷаҳонишавӣ ягон давлати дунё наметавонад дар ҷудоӣ аз кишварҳои дигар инкишоф ёбад. Танҳо ҳамкориҳои муфид ва эътимоди тарафайни байни мамлакатҳо воситаест, ки ба тараққиёт мебарад.
Бояд таъкид намуд, ки сармояҳои хориҷӣ ва ҷалби маблағи созмонҳои байналхалқӣ ба пешрафти иқтисодии мамлакат мусоидат карда, баҳри фаровонҳолии аҳолӣ аҳамияти хуб касб менамоянд. Дар байни давлатҳои инкишофёфтаистода бобати ҷалб намудани сармоя ва маблағҳои хориҷӣ муҳити рақобати ҷиддӣ мавҷуд аст. Яъне муҳити мусоиди соҳибкорӣ ва сармоявӣ фароҳам оварда тавонистани ҳар як давлат пешрафти минбаъдаи ӯро муайян мекунад. 
Бо дарназардошти ин, ба мақсади беш аз пеш беҳтар намудани муҳити сармоявии мамлакат, васеъ намудани ҷалби бевоситаи сармояҳои хориҷӣ ба соҳаҳои устувори иқтисодиёт ва дигар ҷанбаҳои муҳим моҳи ноябри соли 2019-ум дар назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шӯрои сармоягузорони хориҷӣ ташкил гардида буд. 
Шӯрои мазкур дар муддати сипаришуда барои, пеш аз ҳама бевосита ва фаъолона ҷалб намудани сармояҳои хориҷӣ, кумакрасонӣ баҳри инкишоф додани савдои муфиди тарафайн, амиқ кардан ва таҳлил намудани омилҳои асосие, ки ба фаъолнокии сармоягузорон монеаҳо ба миён меоранд, фаъолияти самарабахш дошт. 
Ба наздикӣ таҳти сарварии Президент Шавкат Мирзиёев аввалин ҷамъомади умумии Шӯрои сармоягузорони хориҷии назди роҳбари давлат баргузор шуд. Дар иҷлосияи нахустини ин мақомоти машваратӣ масъалаҳои васеътар кардани ҳамкориҳои муфиди сармоявӣ, ба амал татбиқ сохтани лоиҳаҳои дақиқи коператсионӣ дар самтҳои устувори мамлакат баррасӣ шуданд. 
Дар он зикр шуд, ки роҳбари давлат бо Президенти бонки рушд ва таҷдиди Аврупо, роҳбарони ширкатҳои бонуфуз барои дар Ӯзбекистон созмон додани муҳити созгори сармоявӣ ва бинобар самтҳои устувори соҳа мулоқоти ошкоро баргузор кард, дар натиҷаи он, агар гӯем, ки эътимоди сармоягузорон нафақат ба Ӯзбекистон, балки ба ислоҳоте, ки дар соҳа татбиқ мешаванд, афзуд, муболиға нахоҳем кард.
Дар ҷамъомад аъзои Шӯро ба сухан баромада, муваффақиятҳои баланди барномаи ислоҳоти дар Ӯзбекистон ҷоришудаистода ва дар натиҷаи онҳо барои машғул шудан бо тиҷорат ва амалӣ намудани лоиҳаҳои истиқболнок ба миён омадани шароитҳои мусоидро қайд карданд. Онҳо ба роҳбари давлат барои он ки ба фаъолияти сармоягузорон ҳамаҷониба кумак мерасонад, миннатдории амиқ изҳор намуда, қайд карданд, ки минбаъд низ ба ҳамкории муфиди тарафайн тайёранд. 
Дар чорабинии мазкур сарвари давлат пешниҳод намуд, ки Қумитаи ҳифзи ҳуқуқи сармоягузорон таъсис дода шавад. Ҳамчунин, дар назди Вазорати сармояҳо ва савдои хориҷӣ Гурӯҳи кории дастгирии сармоядорон ташкил гардад. Бешубҳа, ин кумита дар асоси тамоюли «даричаи ягона» барои бо маълумоти зарурӣ таъмин кардани сармоягузорон, ҳамаҷониба ва мунтазам дастгирӣ намудани онҳо корҳои самти мазкурро ба дараҷаи нав хоҳад бардошт. 
Ба тарзи хулоса метавон гуфт, ки ташаббусҳои дар ҷамъомад ба миёнгузошташуда барои беш аз пеш беҳтар шудани муҳити сармоягузории мамлакат, пешрафти устувори иқтисодиёти он хидмат мекунанд. Мо, намояндагони халқ дар навбати худ бо истифода аз дипломатияи парлумонӣ бояд робитаҳои худро бо давлатҳои хориҷӣ беш аз пеш инкишоф диҳем, қонунгузории соҳаи сармояҳо ва соҳибкориро ташаккул дода, дар иҷрои қонунҳои самти мазкур, ба хусус бобати ҳифзи ҳуқуқи сармоягузорони хориҷӣ ва манфиатҳои қонуни онҳо фаъолтар бошем.

Нодир ТИЛАВОЛДИЕВ,
депутати Палатаи қонунгузории
 Олий Маҷлис.        

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: