ҶАВОНОН – САРВАТИ БУЗУРГТАРИН ВА ХАЗИНАИ БЕБАҲОИ ӮЗБЕКИСТОН

25-уми декабр дар Қасри «Humo Arena»-и пойтахт Форуми ҷавонони Ӯзбекистон баргузор шуд.

25-уми декабр дар Қасри «Humo Arena»-и пойтахт Форуми ҷавонони Ӯзбекистон баргузор шуд.
Гузашта, имрӯз, оянда – аҷдод, ҳамзамонон, ҷавонон риштаи байнӣ замонҳо ва авлодро метавон дар чунин пайвастагӣ ифода кард. Агар Ӯзбекистон аз қадим бо таърихи ғанӣ, мероси бебаҳои аҷдод шуҳратёр гардида бошад, ҷавонони имрӯз бо роҳи чун гавҳараки чашм ҳифз намудани ин мерос, зиёд кардани дороӣ, дар ҳама соҳаҳо бо кору меҳнати фидокорона ба қудрату нерӯи кишварамон афзудан мераванд, онҳо пойдевори ояндаи бузурги моро месозанд.
Президент Шавкат Мирзиёев аз рӯзҳои аввали кору фаъолияти хеш ба он эътибор медиҳад, ки ҷавонони мамлакатамон донишманду тавоно бошанд, чун насли рақобатпазир ба воя расанд. Қарору фармонҳои ба ин мақсад ба тасвибрасида пайгирона ба ҳаёт татбиқ мегарданд.
Тавре роҳбари давлатамон таъкид намудааст, ҳам санги асоси тараққиёт, ҳам нерӯе, ки ба қудрату бузургии миллати мамлакат меафзояд, илму фан, таълим ва тарбия мебошад. Фардои мо, тақдири ояндаамон ба он вобаста аст, ки мо ба ҷавонон чи хел таълиму тарбия медиҳем.
Соли равон бобати таълиму тарбия ва масъалаи ҷавонон самтҳои барои имрӯз наву муҳимтарини ислоҳотҳои куллӣ муайян карда шуданд. Президент Шавкат Мирзиёев дар муроҷиате, ки дар Рӯзи омӯзгорон ва мураббиён ба намояндагони соҳа кард ва маҷлиси видеоселекторие, ки 30-юми октябр бино ба масъалаҳои такмил додани низоми таълиму тарбия дар мамлакатамон гузаронд, дар ин самт вазифаҳои муҳиму устувортаринро муайян намуд.
Роҳбари давлатамон 20 ноябр вақте ба ноҳияи Чилонзор ташриф оварда, бо ҷавонони шаҳри Тошканд вохӯрд, пешниҳод намуд, ки дар мамлакатамон бояд форуме созмон дод, ки ба таклифоту хоҳишҳои ҷавонон гӯш андозад, онҳоро дар як давра сарҷамъ созад. Тибқи ин ташаббус чорабиниҳои форуме, ки дар шаҳри Тошканд оғоз ёфта буд, вусъат пайдо кард ва дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишварамон баргузор шуд.
Чорабинии дар Қасри «Humo Arena» баргузоршуда ҷамъбасти мантиқии форуми ҷавонони Ӯзбекистон гардид. Президент Шавкат Мирзиёев дар ин форуми бузурге, ки дар таърихи мамлакатамон бори аввал баргузор мешавад, иштирок намуд ва суханронӣ кард.
— Ҳар боре, ки ман бо ҷавонон суҳбат мекунам, аз ғайрату шуҷоати онҳо нерӯ мегирам,  он қалбамро аз шодӣ саршор мегардонад. Ман хуб медонам, ки ҳар яки шумо саъй доред ба Ватани азиз ва халқи мо хидмат кунед. Ман шуморо ҳамчун бузургтарин сарвату дурдонаи бебаҳои Ӯзбекистон бениҳоят қадр мекунам, — гуфт дар оғози суханрониаш Шавкат Мирзиёев.
— Мо дар кишварамон кадом ислоҳотеро анҷом надиҳем, пеш аз ҳама ба ҷавононе мисли шумо, ба нерӯ ва азми шумо такя мекунем. Тавре ки ҳамаи шумо медонед, имрӯз мо дар назди худ ҳадафҳои калон гузоштаем. Мо ба гузоштани асоси Эҳёи сеюм дар Ӯзбекистон шурӯъ кардем. Масъалаҳои дастгирии оила, таълими томактабӣ, мактаби миёнаи умумӣ ва олӣ, муассисаҳои илм ва фарҳанг муҳимтарин заминаи Эҳёи ояндаро ташкил медиҳанд. Аз ин рӯ, мо дар ин соҳаҳо ислоҳоти куллӣ мегузаронем. Боварӣ дорам, ки ҷавонони фидокор ва ватандӯсти мо, ки шумо онҳоро намояндагӣ мекунед, фаъолона иштирок намуда, ба раванди таърихии бунёди пойгоҳи нави рушди кишварамон саҳми сазовор хоҳанд гузошт.
Сарвари давлат қайд кард, ки дар давраи пандемияи коронавирус ҷавонон ба муттакои халқ табдил ёфтанд, ба сифати ихтиёриён дар ҳаракати умумихалқии «Саховат ва кӯмак» ба таври васеъ иштирок намуда, ба оилаҳое, ки дар ҳолати вазнин қарор доранд, ёрии амалӣ расонданд.
Тавре ки шумо медонед, таҷрибаи тошкандии кор  бо ҷавонон ташаккул ёфтааст, ки дар доираи он омӯзиши мустақими мунтазами мушкилот, пешниҳодҳо ва хоҳишҳои ҷавонон ба роҳ монда  шуд. Барои паҳн кардани ин таҷриба дар саросари кишвар — шаҳрҳо ва ноҳияҳо фестивалҳои ҷавонон баргузор шуданд.
Дар доираи ин чорабиниҳо, аксари ҷавонон бо вазирон, ҳокимон ва дигар шахсони масъул муколамаи ошкоро баргузор кард. Дар ин муколамаҳо ҷавонони мо далерона масъалаҳои мубрамро бардоштанд. Роҳбари давлати мо қайд кард, ки ин чорабиниҳо ба таври возеҳ нишон доданд, ки мо фарзандони зиёде дорем, ки дорои ҷаҳонбинии васеъ, фидоӣ ва пешрафтаанд.
Президент Шавкат Мирзиёев қайд кард, ки таҷрибаи Тошканд акнун дар саросари кишвар татбиқ хоҳад шуд. Корҳо аллакай дар вилоятҳои Тошканд, Қашқадарё ва Хоразм оғоз ёфтаанд. Бо мақсади татбиқи самарабахши сиёсати давлатии ҷавонон ба зиммаи ташкилотҳои масъул вазифаи мунтазам омӯхтани мушкилоти иҷтимоии ҷавонон, ҳамоҳангсозии кор дар ин самт гузошта шудааст.
Таълими касбӣ ва бизнес-тренинги ҷавонони бекор ва номуташаккил дар доираи барномаи «Ҷавонон: 1 + 1» ташкил карда мешавад. 
Сарвари давлат эълон кард, ки дар минтақаҳо дар асоси таҷрибаи минтақаҳои озоди иқтисодӣ минтақаҳои хурди саноатии ҷавонон  созмон дода шаванд. Дар ин минтақаҳои саноатӣ барои амалӣ намудани лоиҳаҳои тиҷоратии ҷавонон шароит фароҳам оварда мешаванд.
Ба рушди малакаҳои корчаллонӣ дар насли наврас диққати махсус дода шуд. Таъкид гардид, ки оид ба минбаъд ҷоннок гардондани кор оиди ташаккули малакаҳои соҳибкорӣ дар ҷавонон чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. Бо ин мақсад  ба ҷавононе, ки шаҳодатномаи махсус гирифтаанд, тавассути омӯзиши малакаҳои касбӣ ва соҳибкорӣ қарзҳои хурд ҷудо карда хоҳанд шуд.
Зикр гардид, ки дар соли 2021 барои ин мақсадҳо 45 миллион доллар, инчунин дар доираи Барномаи рушди соҳибкории оилавӣ пайи татбиқи лоиҳаҳои соҳибкории ҷавонон ба ҳар як вилоят 100 миллиард сӯм қарз ҷудо карда мешавад.
Суханронии сарвари давлат дар форуми ҷавонон, ташаббусҳои ба миён гузошташуда барои ҷавонон ҳавасмандии бузурге гардида, рӯҳияи болида бахшиданд. Хусусан вақте ки сухани оқилонаи гузаштаи бузурги мо Муҳаммад Хоразмӣ: «Калом – гул, кор – мева» садо дод ва вақте ки Президенти кишварамон ба намояндагони насли наврас муроҷиат карда, дар бораи зарурати қадршиносии илм, дар назди худ мақсад гузоштан ва барои расидан ба он саъй кардан сухан гуфт, тамоми ҳозирон чапакзанӣ карданд.
— Дар асоси таҷрибаи худ ман мехоҳам ба шумо маслиҳат диҳам: илмро қадр кунед, барои илм саъй кунед! Як сонияро беҳуда нагузаронед! Дар хотир доред: ҷавонӣ вақти бебаҳои зиндагӣ аст ва илму дониш сарвати беназир аст, дар оташ намесӯзад, дар об ғарқ намешавад ва касе онро кашида гирифта наметавонад! Шумо фарзандони истиқлолият ҳастед. Шумо намедонед, ки падарон ва бобоҳои мо чӣ гуна фишор ва монеаҳоро паси сар карданд, шумо дар хоки Ватани мустақил озодона зиндагӣ мекунед. Шумо ҷавонон бояд дар роҳи расидан ба ҳадафҳои олӣ қувваи ҳалкунанда бошед. Боварӣ дорам, ки шумо ин масъулиятро бошарафона ба дӯш хоҳед гирифт, рисолати таърихии худро иҷро мекунед, — гуфт Шавкат Мирзиёев.
Сарвари давлат зарурати ба ҷавонон азхуд кардани илму технологияҳои муосир, ки барои он тамоми қувва ва имкониятҳо равона карда мешаванд, таъкид кард. Бо ин мақсад, дар системаи маориф ислоҳоти куллӣ амалӣ карда мешаванд. Ин кор самараи аввалини худро дода истодааст. Дар се соли охир ҷавонони мамлакати мо тақрибан панҷуним ҳазор ҷоизаҳоро дар мусобиқаҳо ва озмунҳои бонуфузи байналмилалӣ ба даст оварданд.
Таъкид гардид, ки бо мақсади дастгирии ҷавонони боистеъдоди мо, ки роҳи илмро интихоб кардаанд, аз соли оянда квотаи стипендияи Президент барои магистрантҳо ва докторантҳо ду баробар зиёд карда мешавад. Ҳамзамон, барои 200 нафар ҷавононе, ки дар имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ холҳои баландтарин ба даст овардаанд, гранти Президентӣ таъсис дода мешавад. Ҷолиби диққат аст, ки аз соли оянда ин маблағҳои грантӣ на барои як сол, балки барои чор соли хониш пардохт карда мешаванд.
– Боварӣ дорам, ки даст ёфтан ба чунин имконот ва имтиёзотро пеш аз ҳама онҳое ноил мегарданд, ки барои сохтмони пойгоҳи Эҳёи нав тайёр мебошанд, – гуфт роҳбари давлат.
Дар чорабинӣ роҳбари давлат дар бобати нақши муҳими санъат, адабиёт ва варзиш дар ҳаёти ҷавонон махсус таваққуф намуд. Ӯ вазифаҳои истиқболнокро дар заминаи рушди ин соҳаҳо муайян намуд.
Дар анҷуман мушкилоте ошкоро муҳокима гардид, ки бо тарбияи маънавии ҷавонон вобастаанд. Таъкид шуд, ки дар ҷаҳон ихтилоф ва муқовиматҳои мухталиф вусъат пайдо менамояд, ба фазои интернет терроризм, ифроткорӣ ва дигар хатарҳо чуқур ворид гардид.
Роҳбари давлат махсус таъкид кард, ки ҳар гуна вазифае, ки ба ояндаи ҷавонон дахл дорад, аҳамияти якумдараҷаро молик аст.
Пас аз он Президент Шавкат Мирзиёев бо ҷавонон суҳбат намуд, ки дар Анҷумани ҷавонони Ӯзбекистон иштирок менамоянд. Роҳбари давлат тамоми ташаббусҳои муҳимро дастгирӣ намуд ва ба шахсони масъул супоришҳои дахлдор дод.
– Президенти мамлакат вазифаи баромади ҳокимонро дар назди ҷавонон муайян намуд, – мегӯяд донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Тошканд ба номи Низомӣ Донохон Аҳатова. – Дар асл ин хеле муҳим аст. Ҳоло дар маҳалҳо вохӯрии роҳбарон ва ҷавонон ба амал меоянд. Аммо дар воситаҳои ахбори оммавӣ суҳбати зинда вуҷуд надорад. Майдони кушод барои муоширати ҷавонон нест. Ман барои шабакаи «Ёшлар», ки ҷавононро фаро мегирад, пешниҳоде кардам дар бобати афзудани барномаҳои махсуси суҳбатҳои вазирон, ҳокимон бо ҷавонон. Президенти мамлакат пешниҳоди маро мусбӣ арзёбӣ намуд, ки ман аз ин хеле шодам.
– Ман бо хаттотӣ ва нашри китоб машғулам, – гуфт ҳунарманди ҷавон Аббос Шомансуров. – Таърихи чунин асарҳои санъат решаи амиқ дошта, ба асрҳои қадим мерасад. Аз ин рӯ ман азм намудам, ки мактаби махсусро таъсис диҳам то ки онро оммавӣ намуда, ба ҷаҳониён намоиш диҳам. Бо ин мақсад ман бо хоҳиш дар бораи бароям дар шаҳраки ҳунармандон, дар сафи Маркази тамаддуни исломӣ ҷудо намудани ҷой муроҷиат намудам. Муроҷиати маро шунида, роҳбари давлат онро мусбӣ арзёбӣ намуд.
Иштирокдорон дар ҳудудҳо инчунин фикр ва пешниҳодоти худро ошкоро изҳор намуданд.
Аз он ҷумла, донишҷӯ аз Андиҷон Ҳилола Қаюмова пешниҳодро дар бобати ба вуҷуд овардани платформаи бепул барои омӯзиши забони англисӣ, ходими садорати маданияти вилояти Бухоро Моҳичеҳра Салимова дар бобати минбаъд оммавӣ намудан, дар шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ тарғиб намудани шашмақом пешниҳодоти худро изҳор намуданд. Роҳбари давлат дар бобати барқарор намудани шашмақоми Бухоро, инкишофи анъанаи мусиқии классикӣ ва соли 2022 барпо намудани ҷашнвораи Шашмақоми ҷавонон дар вилоят супориш дод.
Зимни гуфтугӯ бо ҷавонони Қароқалпоқистон дар бораи лоиҳаҳои минтақа суҳбат ба миён омад. Донишҷӯи Донишкадаи политехникии Ҷиззах Дилдора Имомова фикри худро дар бобати тарбияи кадрҳо, такмили малакаи онҳо дар соҳаи автомобилсозӣ дар вилоят ва васеъ оммавӣ намудани таҷрибаи хориҷӣ баён намуд. Ҷавонони вилояти Самарқанд дар бобати ба вуҷуд овардани Ассотсиатсияи донишҷӯёни Ӯзбекистон, ки донишҷӯёни тамоми муассисаҳои таълими олии мамлакатро муттаҳид менамояд, пешниҳод намуданд.
Умуман, дар анҷумани ҷавонон аз минтақаҳо бисёр чунин пешниҳодот  изҳор гардид.
Президенти мамлакат таъкид кард, ки фикрҳое, ки дар ҷараёни анҷуман изҳор гаштаанд, аз ҳар ҷиҳат таҳлил гардида, дар бобати онҳо қарорҳои дахлдор қабул мегарданд.
– Ман барои шумо як сирро ишкор менамоям: аз минтақаҳо боздид намуда, кӯшиш мекунам, ки бештар бо ҷавонон вохӯрда, суҳбат намоям. Чунки ман низ ончунон, мисли шумо, ҷавонони чашмонашон дурахшон, қалбашон пурҳарорат меҷӯям. Шумо ба ин муносиб ҳастед, – гуфт Президент.
Дар анҷуман 3,3 ҳазор нафар ҷавонон, ки ба маҷмӯаи «Humo-Аrena» омадаанд ва инчунин беш аз 26 ҳазор ҷавонон дар студияҳои маҳалҳо иштирок намуданд.
– Ин мулоқоти таърихӣ аст. Биёед чунин вохӯриҳоро мунтазам ба роҳ гузорем. Мардумамон мегӯяд, ки меҳр дар чашм аст. Он вақт эҳсосоти гарми мо ба ҳамдигар низ доимӣ мегардад, – таъкид кард Шавкат Мирзиёев.
Иштирокдорони анҷуман ба ҷавонони Ӯзбекистон муроҷиат қабул намуданд.
Анҷумани мазкур, гуфтугӯ бо Президент рӯҳи ҷавононро баланд бардошт ва ба онҳо рағбати бузург бахшид. Консерти ҳусноро дар поёни чорабинӣ ба ҷашни калон табдил ёфт.
ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: