ОМӮЗГОРИ БОМАТОНАТИ УЧҚУДУҚ

  •  ОМӮЗГОРИ БОМАТОНАТИ УЧҚУДУҚ
  •  ОМӮЗГОРИ БОМАТОНАТИ УЧҚУДУҚ
  •  ОМӮЗГОРИ БОМАТОНАТИ УЧҚУДУҚ

Гулшан Муҳиддинова яке аз омӯзгорони фидоӣ ва матонатноки мактаби миёнаи рақами 10-уми шаҳри Учқудуқи вилояти Навоӣ ба шумор меравад.

Гулшан Муҳиддинова яке аз омӯзгорони фидоӣ ва матонатноки мактаби миёнаи рақами 10-уми шаҳри Учқудуқи вилояти Навоӣ ба шумор меравад. Муаллима аз фанни санъати тасвирӣ ба насли ҷавон дарс медиҳад. 
Педагоги оянда дар деҳаи Қумбосдии ноҳияи Шофиркони вилояти Бухоро ба дунё омада, аз давраи мактабхонӣ, гарчанд ангуштонаш нуқси модарзодӣ дошта бошанд ҳам, ба санъати тасвирӣ меҳри ҷудогона дошт. Аз устодаш Ҳамза Ҳусенова асрори мӯйқаламро бо маҳорат омӯхт, ба ҳамсинони худ намунаи ибрат гардид. Соли 2004 ба факултети графикаи бадеии Донишгоҳи давлатии Бухоро дохил шуд. 
Г. Муҳиддинова баъди шавҳар кардан, бо оилааш ба Учқудуқ кӯч баст. Аз ҳамон сол то ҳол дар мактаби рақами 10-уми шаҳри Учқудуқ ба хонандагон таълиму тарбия медиҳад.
– Модарам низ ба ангуштони нуқси модарзодӣ доштааш нигоҳ накарда, бо ҳамроҳии падарам барои таълими олӣ гирифтани фарзандонашон шароити муносиб муҳайё намудаанд, – мегӯяд Г. Муҳиддинова. – Апаам Гавҳар муаллимаи синфҳои ибтидоӣ, бародарам Лазиз аз фанни тарбияи ҷисмонӣ дарс медиҳад. Волидонам барои хондану омӯхтани мо заҳмат кашида бошанд, имрӯз мо ҳам ба таълиму тарбияи фарзандонамон эътибори махсус медиҳем. Шукрона мегӯем, ки онҳо аз ҳамсолони худ камӣ надоранд. Ба ивази ташвишу нооромиҳои паси сар кардаамон чунин рӯзҳои хурсандибахшро дида истодаем. 
Оре, ҳаёти Гулшан Муҳиддинова барин инсонҳо, ки аз роҳи пасту баланди рӯзгор бо матонат гузаштаанд, ба ҳар як шахс шуҷоат мебахшад.

ӮзА.
Дар сурат: Гулшан Муҳиддинова ҳангоми дарс.
Суратгир: С. АСЛОНОВ. (ӮзА).    
              

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: