РӮЗНОМАИ МО – ОВОЗИ МОСТ

Обуна – 2024

«Овози тоҷик» ойинаи рӯзгор мо» ном мақолаи Зоҳир Ҳасанзодаро («Овози тоҷик», 11 октябри соли 2023, №81) такроран хондам. Нисбати он натавон бефарқ буд. Дар ҳақиқат имрӯз мо – тоҷикон лоқайд ва ё ба забони худ беэътибор шудаем. Аз он ҷонибдорӣ намекунем. 
Забони модарӣ ҳастии мо, ифтихор ва сарбаландии мост. Он забонест, ки мавқеъ ва мақоми арзандаи худро дорад. Забони форсии тоҷикӣ забони фарҳанг, забони илму адаб буд. Дар ҳақиқат забони форсии тоҷикӣ дар ҳудудҳои гуногун ривоҷ ёфта, ба забони илму адаб табдил гардид, эътироф шуд ва эътибори зиёд пайдо намуд. Британияи Кабир Ҳиндустонро ба тасарруфи худ дароварда, он ҷо сохти ҳукмронии англисиро ҷорӣ намуд. Истифодаи забони форсии тоҷикӣ дар муассисаҳои давлатии он манъ гардида, дар мактабҳо таълим ба забони англисӣ ҷорӣ шуд. Дар натиҷа мақому манзалати забони форсии тоҷикӣ дар ҳаёти сиёсӣ ва фарҳангии кишвар суст гардид. Дар ин бора донишманди покистонӣ Сайид Муҳаммади Акрам бо надомат ва оҳу фиғон навиштааст: «Забоне, ки барои аъсори мутаволӣ (асрҳои тӯлонӣ) забони расмии кишвар буд, забоне, ки ёд гирифтани он муҷиби ифтихор ва мубоҳот шуморида мешуд, забоне, ки азизтар аз забони мазҳабӣ ба шумор мерафт, забоне, ки аз забони модарӣ ҳам ширинтар пиндошта мешуд, забоне, ки забони шеър буд, забони завқ буд, забони рӯҳ буд, дар диёри худ ғариб, аҷнабӣ ва ношинос гардид. Ин достонест ғамангез ва риққатафзо, ки қалам бар он мегиряд». (Ниг.: Саидова Матлуба. «Муҳаммад Иқбол шоири ширинкаломи форсизабон». Нашрияи «Ховар», аз 24 декабри соли 2018).
Тавре ки З. Ҳасанзода менависад: «Поягузори адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ навишта буд: «Рӯзномаи ҳар қавм ва миллат забони эшон аст. Ҳар қавме, ки рӯзнома надорад, гӯё, ки забон надорад». 
Рӯзномаи «Овози тоҷик» аз рӯзномаҳои марказии Ӯзбекистон ба забони тоҷикӣ мебошад. Нахустшумораи он бо номи «Овози тоҷики камбағал» ба ҳайси ношири афкори кумитаи вилоятии Ҳизби коммунисти Туркистон, 25 августи соли 1924 дар ҳаҷми 4 саҳифа, бо теъдоди 2 ҳазор нусха дар шаҳри Самарқанд аз чоп баромад. Ва инак наздики 100 сол аст, ки табъу нашр мегардад. Сад сол мешавад, ки он ба мардуми тоҷик аз ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии натанҳо кишвари мо, балки кишварҳои дигар хабар медиҳад. 
Соли оянда «Овози тоҷик» садсола мешавад. Эътимоди қавӣ дорам, ки мардуми соҳибмаърифати мо ин ҷашни бошукӯҳро сазовор пешвоз мегиранд ва ба рӯзнома якдилона обуна мешаванд. 
Обуна ба рӯзнома туҳфаи шоистаест ба истиқболи ҷашни фархундаву бошукӯҳи «Овози тоҷик».

Дилмурод ҚӮЗИЕВ, 
омӯзгор аз ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: