Шавкат Мирзиёев ба қаъри хушкшудаи баҳри Арал рафт

  • Шавкат Мирзиёев ба қаъри хушкшудаи баҳри Арал рафт
  • Шавкат Мирзиёев ба қаъри хушкшудаи баҳри Арал рафт
  • Шавкат Мирзиёев ба қаъри хушкшудаи баҳри Арал рафт
  • Шавкат Мирзиёев ба қаъри хушкшудаи баҳри Арал рафт
  • Шавкат Мирзиёев ба қаъри хушкшудаи баҳри Арал рафт
  • Шавкат Мирзиёев ба қаъри хушкшудаи баҳри Арал рафт
  • Шавкат Мирзиёев ба қаъри хушкшудаи баҳри Арал рафт

Президент Шавкат Мирзиёев ба қаъри хушкшудаи баҳри Арал рафта, бо вазъият шинос шуд.

Некӯаҳволии экологӣ ва иқтисодии аҳолии Кароқалпоқистон ва умуман минтакаи паҳновар аз ҳалли ин мушкилот вобаста аст. Як вақтҳо баҳр ва дарёҳои шафати он, заминҳои хоҷагии қишлоқ одамонро бо кору даромад таъмин менамуданд. Аммо дахолати беандешона ба қонунҳои табиат, бастани маҷрои обҳои Амударё ва Сир боиси яке аз офатҳои ҷиддии экологии ҷаҳон гардид. Минтақа бо суръати тез биёбон, замин шӯр шуд. Ба олами набототу ҳайвонот зарари калон расонд.

Дар давраи ҳозираи гармшавии глобалӣ ва камшавии боришот имкони наҷоти баҳри Арал хеле кам аст. Ягона роҳи наҷот нигоҳ доштани чизи боқимонда, кам кардани таъсири фоҷиа, осон кардани ҳаёти одамон аст.

Сарвари давлатамон борҳо дар иҷлосияҳои Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид дар ин бора суханронӣ карда, дар ҳамоишҳои байналмилалӣ пешниҳодҳои муҳим ба миён гузошт. Дар баробари ин бо истифода аз имкониятхои дохилӣ кори амалӣ бурда мешавад.

Аз қаъри хушкидаи баҳри Арал миллионҳо тонна чангу намакҳои заҳрнок бархоста, ба атроф паҳн шуд. Шавкат Мирзиёев ҳангоми сафар ба Мӯйноқ дар соли 2018 оид ба шинондани растаниҳои ба шӯр тобовар бо назардошти тавсияҳои олимон вазифа гузошта буд.

Имрӯз ба сарвари давлат дар бораи корҳои дар тӯли муддати гузашта анҷом додашуда маълумот доданд.

Солҳои охир дар қаъри хушкшудаи баҳр дар масоҳати 1 524 ҳазор гектар ҷангалҳои туқай шинонда шудаанд. Дар шароити душвори табиӣ қариб 6 ҳазор тонна тухмии чунин растаниҳои биёбонӣ, ба монанди саксавул, гречиха, қандим, черкез тайёр карда, кошта шуданд. Ба кор бештар аз 4000 нафар коргарон ва 1600 адад техника, аз он ҷумла самолётҳо ҷалб карда шуданд.

Ин кори хубу зарурӣ давом дорад. Имсол дар майдони боз 100 ҳазор гектар бунёд кардани ҷангалзор пешбинӣ шудааст. Ҳоло дар 26 ҳазор гектар кор давом дорад, 562 тонна тухмӣ тайёр карда шудааст. Ғайр аз ин, дар майдони 100 гектар парвардахона бунёд карда мешавад.

Дар ин ҷо Президент бо экологхо ва мутахассисони хоҷагии ҷангал суҳбат кард.

– Мо дар бобати дар чунин шароити душвор ба вуҷуд овардани ниҳолҳо таҷрибаи калон ғанӣ намудем. Мақсад аз ба ин ҷо омадан дар асоси равиши илмӣ идома додани ин кор аст, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

Дар бобати вусъат додани корҳои тадқиқоти илмӣ, ба вуҷуд овардани навъҳои ба хоки вилоят мутобиқ ва зиёд кардани майдони туқайзорҳо супоришот дода шуданд.

Супурда шуд, ки барномаи миллии панҷсола оид ба барқарор намудани олами набототу ҳайвоноти Арал тартиб дода шавад.    

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: