Президенти Ӯзбекистон аҳамияти густариши минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаро бо Қазоқистон таъкид кард

  • Президенти Ӯзбекистон аҳамияти густариши минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаро бо Қазоқистон таъкид кард

Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 17 август муовини Сарвазир – вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Мурат Нуртлеуро, ки бо сафари расмӣ дар кишварамон қарор дорад, қабул кард.

Масъалаҳои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ, шарикии стратегӣ ва иттифоқии Ӯзбекистон ва Қазоқистон, бо мазмуни нави амалӣ ғанӣ гардондани онҳо баррасӣ шуданд.

Дар оғози суҳбат вазири корҳои хориҷӣ Мурат Нуртлеу саломи самимӣ ва орзуҳои беҳтарини Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаевро ба роҳбари давлатамон расонд.

Роҳбари Ӯзбекистон сатҳи баланди ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла робитаҳои судмандро дар сатҳи парлумонҳо, ҳукуматҳо, маъмурияти вилоятҳо, аҳли ҷомеа ва соҳибкорон бо қаноатмандии амиқ қайд кард.

Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ ва Гурӯҳи корӣ самаранок фаъолият доранд. Ҳаҷми муомилоти мол ва миқёси ҳамкории корхонаҳои пешқадами мамлакатҳои мо пай дар пай меафзояд. Чорабиниҳои фарҳангию башардӯстона мунтазам гузаронида мешаванд.

Зимни мулоқот ба фаъолсозии минбаъдаи робитаҳои сиёсӣ, андешидани тадбирҳо оид ба суръат бахшидан ба лоиҳаҳо дар бахшҳои стратегии иқтисодиёт, тавсеаи барномаҳои табодули башардӯстона, инчунин таҳкими некҳамсоягӣ ва шарикӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи алоҳида дода шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: