Сафир Агостино Пинна: Шароитҳое, ки дар «Texnopark» мавҷуданд, барои ширкатҳои италиёӣ пешомадҳои навро фароҳам меоваранд

Сафири Италия дар Ӯзбекистон Агостино Пинна ва Сафири кишвари мо дар Италия Отабек Акбаров 13 январ аз «Texnopark», ки дар ноҳияи Яшнободи пойтахт ҷойгир шудааст, барои шинос шудан бо имкониятҳои истеҳсолие, ки дар ин ҷо ҳастанд ва маҳсулоти ширкатҳои италиёӣ, ки якҷо истеҳсол мешаванд, ҳамчунин баррасии минбаъд вусъат додани лоиҳаҳои сармоявӣ бо ҷониби Италия боздид ба амал оварданд.

Сафири Италия дар Ӯзбекистон Агостино Пинна ва Сафири кишвари мо дар Италия Отабек Акбаров 13 январ аз «Texnopark», ки дар ноҳияи Яшнободи пойтахт ҷойгир шудааст, барои шинос шудан бо имкониятҳои истеҳсолие, ки дар ин ҷо ҳастанд ва маҳсулоти ширкатҳои италиёӣ, ки якҷо истеҳсол мешаванд, ҳамчунин баррасии минбаъд вусъат додани лоиҳаҳои сармоявӣ бо ҷониби Италия боздид ба амал оварданд. 
Сафирон бо ҷараёни истеҳсоли лифт ва эскалаторҳо, яхдонҳо, бодбезакҳои саноатӣ ва низоми сардкунӣ, ҳисобкунакҳои газ, насосҳои обкаш, пресс-форм ва штампҳо муфассал ошно гардиданд. 
Ҳоли ҳозир дар «Texnopark» якҷо бо ширкати италиёии «Pietro-Fiorentini» истеҳсоли ҳисобкунакҳои замонавии газ, ки таҳти нишони «Osten» истеҳсол мешаванд, ба роҳ монда шудааст. Лоиҳа моҳи феврали соли 2020 коркард шуд ва дар натиҷаи он 500 ҷойҳои корӣ ташкил ёфтанд. Ҳаҷми солонаи истеҳсолот 3 миллион дона ҳисобкунакҳои газро ташкил медиҳад. Арзиши лоиҳа 50 миллион доллари ИМА мебошад.
Қисми асосии ҷузвҳои ҳисобкунакҳои газ дар ҳамин ҷо истеҳсол карда мешаванд. Электроника ва муҳаррикҳо аз Италия мерасанд. 
Сафири Ӯзбекистон дар Италия Отабек Акбаров таъкид намуд, ки алҳол дар як қатор корхонаҳо технология ва таҷҳизоти пешқадами италиёӣ истифода мешаванд. Аз ҷумла ин ба истеҳсоли ҳисобкунакҳои инноватсионии газ тааллуқ дорад, ки бо чунин ширкатҳои италиёӣ, аз ҷумла «PietroFiorentini», «Terranova» ва ғайра ба роҳ монда шудаанд. 
Дар ин ҷо барои таъмин кардани ҷараёни муттасили истеҳсолот ва ба мақсади таъмин сохтани ба бозори дохилӣ аз маҳсулоти босифат ва содироти он ба хориҷа кор дар якчанд баст ба роҳ монда шудааст. 
Ҳамзамон бо ин лоиҳа боз бо ду ширкати дигари италиёӣ гуфтушунидҳо идома доранд. Яке аз онҳо «Ferolli» мебошад, ки ба истеҳсоли дегҳои гармкунӣ машғул аст, ширкати дигар «Embraco» аст, ки ба истеҳсоли компрессорҳо тахассус дорад. Интизорӣ меравад, ки соли равон бар иловаи истеҳсоли ҳисобкунакҳои газ бо иштироки ширкатҳои италиёӣ ду корхонаи дигар бунёд карда шаванд. 
Мехостам таъкид намоям, ки дар мамлакати мо бо дастгирии давлатамон бобати бозсозии иқтисодиёти кишвар корҳои зиёд амалӣ мешаванд. Таҷҳизоти кӯҳнаи истеҳсолӣ ба таҷҳизоти нави замонавӣ иваз мегарданд. Аз ин ҷиҳат Италия бо технологияҳои нав, муҳандисон ва ноу-хауҳои хеш метавонад нақши муҳим бозад. 
Сафири Италия дар Ӯзбекистон Агостино Пинна фикру ақида ва таассуроти худро иброз дошт:
– Бояд қайд намуд, ки баъди дар Ӯзбекистон Сафир таъин шудан ман аввало «Texnopark»-ро дар шаҳри Тошканд тамошо кардам.
Аз корҳои васеъмиқёсе, ки дар он анҷом дода шудаанд, ба ҳайрат афтодам. Дар ин ҷо будан ва дидани имкониятҳое, ки барои сармоягузорони хориҷӣ фароҳам оварда шудаанд, хеле хушоянд аст. 
Аз ҷумла, бо яке аз ширкатҳои машҳури италиёӣ – «PietroFiorentini» истеҳсоли ҳисобкунакҳои замонавии газ ба роҳ монда шудааст. Хурсандиовар аст, ки ширкати мазкур ба Ӯзбекистон сармоягузорӣ мекунад ва фаъолона амал менамояд. Дар тӯли муддати кӯтоҳ таҷҳизоти зарурии истеҳсолӣ устувор карда шудаанд, ҳоли ҳозир истеҳсоли маҳсулот пурра ва дар ҳаҷми бузург оғоз ёфтааст. 
Фикр мекунам, он барои ба дараҷаи нав бардоштани мубодилаи моли байни кишварҳои мо такони хуб медиҳад, ҳамчунин барои вусъат додани иштироки тиҷорати италиёӣ дар Ӯзбекистон ибратбахш аст. Барои ширкатҳои италиёӣ пешомадҳои нав фароҳам меоянд. 
То ба ин ҷо омадан ман матолибро дар бораи ин лоиҳа хонда ва дар телевизион дида будам, вале ҳамаи инро бо чашмони худ дидан, албатта, беҳтар аст. Алҳол бо ду ширкати италиёӣ, ки тайёранд ба Ӯзбекистон сармоягузорӣ кунанд, гуфтушунидҳо идома доранд. 
Ба меҳмонон дар бораи фаъолияти «Texnopark» ва лоиҳаҳои минбаъда бо ширкатҳои италиёӣ маълумот дода шуд. 
Дар ҷараёни муаррифӣ таъкид гардид, ки то охири соли 2021 ба истифода супурдани боз 11 лоиҳаи бузурги сармоявӣ, ки ба истеҳсоли маҳсулоти воридотӣ ва содиротӣ нигаронида шудаанд, пешбинӣ мегардад. Баъди ба кор супурда шудани тамоми лоиҳаҳо дар ин ҷо беш аз 10000 ҷойҳои корӣ фароҳам меоянд. 
Зикр гардид, ки ширкати «PietroFiorentini»-и Италия таҷрибаи беш аз 70-сола дорад ва худро дар тамоми ҷаҳон ҳамчун истеҳсолгари ҳисобкунакҳои баландсифати газ муаррифӣ кардааст. Ширкати «Terranova» дар бобати назорат ва ҳисобу китоби газ бо ширкатҳои машҳури ҷаҳонӣ дар як саф қарор дорад.
Дар ҷараёни муаррифӣ ҳамчунин маълумот дода шуд, ки ширкати «Ferolli»-и италиёӣ пас аз ба роҳ мондани истеҳсолот соле 2 ҳазор адад дег истеҳсол мекунад, ки иқтидорашон аз 100 киловатт то 6 мегаватт мебошанд. Ҳаҷми тахминии сармоя барои ин лоиҳа 7,5 долларро ташкил медиҳад. Қисмҳои эҳтиётӣ маҳдудтар мешаванд. Сифати дегхонаҳо ба меъёрҳои аврупоӣ ҷавобгӯ хоҳад буд.
Дар анҷоми рӯнамоӣ зикр шуд, ки бо муттаҳид кардани 16 навъи истеҳсолот, ҳамчунин маркази логистикӣ, ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Технопарк» дар минтақаи Осиёи Марказӣ бобати  истеҳсоли номгӯйи зиёди маҷмӯии маҳсулоти саноатӣ, техникӣ, электронӣ, бинокорӣ ва маишӣ корхонаи пешқадамтарин ва пешомадноктарин мегардад, ки ба бозорҳои дохиливу содиротӣ нигаронида шудааст.

Музаффар КОМИЛОВ, 
 хабарнигорони АИ «Дунё

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: