Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Париж рафт

Бино ба даъвати Президенти Ҷумҳурии Фаронса Эммануэл Макрон Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 21 ноябр бо сафари расмӣ ба ин кишвар рафт.

Мувофиқи барномаи буду бош дар Қасри Елисейи шаҳри Париж гузарондани музокирот дар сатҳи олӣ ва мулоқотҳо дар Маҷлиси миллии Фаронса дар назар аст.

Масъалаҳои мубрами густариши минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанба дар самтҳои афзалиятнок баррасӣ хоҳанд шуд. Оид ба рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор сурат мегирад.

Сарвари давлати мо инчунин бо намояндагони ширкатҳои бонуфузи Фаронса мулоқот хоҳад кард.

Боздид аз музейи Лувр ва Донишкадаи ҷаҳони араб, ки дар он намоишгоҳи «Ганҷинаҳои воҳаҳои Ӯзбекистон. Дар чорроҳаи роҳҳои корвон» ва «Роҳ ба  Самарқанд. Муъҷизаҳои абрешим ва тилло» бахшида ба ғанитарин мероси мадании халқи мо кушода мешаванд, пешбинӣ шудааст.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: