ХИДМАТИ ПАДАРУ ДУХТАР ДАР РАВНАҚИ КИНОИ ТОҶИК

Қобилияти эҷодкории қисме аз падарҳои дар олами адабиёт ва ҳунар номвар ба духтарҳояшон гузашта, саъйи фарзандҳо дар роҳи идомадиҳии фаъолияти падар то андозае самараи худ бахшидааст.

Қобилияти эҷодкории қисме аз падарҳои дар олами адабиёт ва ҳунар номвар ба духтарҳояшон гузашта, саъйи фарзандҳо дар роҳи идомадиҳии фаъолияти падар то андозае самараи худ бахшидааст. Духтарҳои устодон Айнӣ, Икромӣ ва Турсунзода – Лутфия, Дилафрӯз ва Фирӯза ҳаёти худро ба тадқиқу таҳқиқ бахшида, дар ҷодаи илм қадамҳои дилпурона гузошта бошанд, духтарҳои Пайрав Сулаймонӣ, Муҳиддин Аминзода ва Ғаффор Мирзо – Гулчеҳра, Озод ва Гулбаҳор мисли қиблагоҳи хеш ба гулшани назми тоҷик қадри тавон тароват бахшиданд. Духтари дигар аз шоирони шинохтаи тоҷик Мирсаид Миршакар – Заррина мусиқор шуд, ба равнақи маданияти миллӣ саҳм гузошт.
Вақте сухан дар бораи синамо ва режиссура меравад, дар навбати аввал номи коргардони нотакрор Борис Кимёгаров ба забон меояд. Бе офаридаҳои ӯ, бидуни муболиға, кинои миллии тоҷикро тасаввур кардан душвор.
Борис (номи аслиаш Бенсион) зодаи шаҳри Самарқанд буда, дар хонаи бачагони шаҳри Қӯқанд тарбия гирифтааст. Яҳудиписар соли 1944 дар киностудияи Сталинобод (Душанбе) ба фаъолияти эҷодӣ шурӯъ кард, тавфиқ ёфт, комёбиҳояш ба равнақи кинои тоҷик мусоидат сохт. Ҳанӯз дар давраи аввали фаъолияташ, ки алоқаманд ба кинои ҳуҷҷатист, ихлос ва садоқати хешро ба халқи тоҷик, ба сарзамини Тоҷикистон бо «Тоҷикистон», «Дар кӯҳҳои Помир», «Дар Помир», «Иди халқи тоҷик», «Одами кишвари офтобрӯя», «Ассалом, Тоҷикистон», «Чаҳор суруд дар васфи Тоҷикистон» ва ҳоказо равшан ифода намуд.
Духтари Б.Кимёгаров – Елизавета дар шаҳри Сталинобод ба дунё омад. Баъде ақли худро шинохт, ба касби падар меҳр монд, ҳамроҳи ӯ ба киностудия мерафт, бачагиаш бо киносозон гузашт.
Падараш дар бачагӣ орзу дошт муаллими забон ва адабиёти тоҷик шавад. Баъди хатми техникуми педагогӣ ду сол дар яке аз мактабҳои миёна аз забон ва адабиёти тоҷик дарс дод. Баъди тамошои филме орзуи филмофарӣ якбора дар қалбаш рӯ зад. Меҳри кино Борисро ба факултаи режиссёрии Институти давлатии умумииттифоқии кинематография бурд ва онро бомуваффақият хатм намуд.
Елизавета бошад баъди хатми мактаби миёна роҳи Маскавро пеш гирифт, даргоҳеро, ки падар таҳсил гирифта буд (ВГИК), соли 1968 ба итмом расонд ва худи ҳамон сол ба Душанбе баргашт, «Тоҷикфилм» ба ӯ дари худ боз намуд.
Падар ва духтар баъди он бевосита дар соҳаи ҳунар ҳамкорӣ намуда, ва чӣ дар коргардонӣ ва чӣ наворгирӣ бомаслиҳат кор мекарданд. Агар танҳо давраи аввали фаъолияти эҷодии Борис ба кинои ҳуҷҷатӣ вобастагӣ дошта бошад, Елизавета тамоми умр ба филми ҳуҷҷатӣ содиқ монд ва бо ҳидояту раҳнамоии падар дар «Тоҷикфилм» даҳҳо филмҳои ҳуҷҷатиро ба навор гирифт, ки дар бораи корномаи одамони гуногункасб ҳикоят мекунанд.
Зимнан, тадқиқи рӯзгори муосир, офаридани характери қаҳрамонҳое, ки ҳамзамонанд, ҳеч вақт аз эътибори Борис Кимёгаров дур намондааст. Тасвири мавзӯи таърихиву инқилобӣ дар «Замони осоишта» ва «Одам пӯсташро иваз мекунад», «Вазифаи олӣ» ва «Як умр кифоя нест» барин офаридаҳои коргардон маҳаки асосианд.
Меҳри адабиёти тоҷик қалби коргардони хушсалиқаро тамоми умр ором нагузошт. Вай рӯзгор ва осори бузургмардони олами хирадамонро устодона аз китоб ба экран кӯчонд ва ба ин восита ба адабиёту ҳунари мо хидмати бузург кард. «Дохунда»-и ӯ (аз рӯйи асари ҳамноми Айнӣ), ки соли 1956 рӯйи экран дид, назар ба фикри мутахассисон, таҷаддуди кинои бадеии тоҷик буд. Соли 1965 аз рӯйи достони ҳамноми Мирзо Турсунзода вай «Ҳасани аробакаш»-ро ба дӯстдорони синамо тақдим сохт. Саҳл пештар «Қисмати шоир» ном картинааш (бахшида ба ҳаёт ва фаъолияти Рӯдакӣ) дар ҷашнвораи байналхалқии Қоҳира ба мукофоти калони «Уқоби тиллоӣ» сазовор шуда буд. Ин филм, ки метавон онро қиссаи ҷолиби романтикӣ оиди рӯзгори Одамушшуаро номид, ҳанӯз тамошобини худро дорад. Б. Кимёгаров бо ин картинааш дар инкишофи жанри таърихию биографӣ ва ривоятӣ дар синамои миллӣ саҳми муносиб гузошт.
Борис Кимёгаров дар авҷи фаъолияти эҷодӣ ба «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, ки беҳтарин намунаи эпоси миллист, муроҷиат намуд. Ҳанӯз соли 1961 «Коваи оҳангар» ба экран баромада бошад, ибтидои солҳои ҳафтодум «Достони «Рустам», «Рустам ва Суҳроб», «Достони Сиёвуш» ном картинаҳои ӯ кинои тоҷикро ба саҳнаи ҷаҳон баровард. Навъе киношиносе барҳақ қайд намуда: «Ба филмҳои эпикии Кимёгаров обуранги бадеӣ, образнокӣ, вусъати тасвир, муборизаи шадиди хайру шар, масъалаи ҷанг ва сулҳ, ғояҳои инсондӯстии эпоси қадим хос мебошанд». Ҳаминро низ бояд гуфт, ки коргардон ба эпоси миллиамон рӯй оварду ҳунармандона ҳамзамонҳоро ба сайри таърихӣ бурд ва осори воқеан некбинонаи замонавӣ офарид.
Силсилафилмҳо аз рӯйи «Шоҳнома» ба гирифтани мукофоти аввали Киноҷашнвораи умумииттифоқӣ дар Тбилиси сазовор шуданд. «Достони Сиёвуш», айни замон, барои беҳтарин режиссура ва беҳтарин таҳияи эҷодкорона дар Кинофестивали 10-уми умумииттифоқӣ (Рига, соли 1977) мукофот гирифт. Коргардон ба Мукофоти давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ сазовор дониста шуд.
Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Борис Кимёгаров солҳои 1962-1976 ба сифати котиби якуми Раёсати Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон фаъолият бурдааст. Вай натанҳо коргардон буд, сенария низ менавишт – баробари филмҳое, ки офаридааст, ба як қатор картинаҳои ҳуҷҷатнигорони тоҷик сенарияҳо навиштааст (масалан, ба филмҳои «Роҳи сафед», «Санъати Тоҷикистон», «Муҳаммадҷон Қосимов» ва ғайраҳо). Ба сифати режиссёри дубляж, айни замон, самаранок фаъолият намудааст.
Б. Кимёгаров хусусан устод Айниро бисёр эҳтиром мекард. Бахшида ба ӯ ду филми ҳуҷҷатӣ (солҳои 1949 ва 1978) таҳия намуд. Ин картинаҳо аз бобати рӯзгор ва осор, саҳм ва мақоми устод дар инкишофи адабиёту маданияти тоҷик ҳикоят мекунанд. Бо тамошои ин филмҳо дар асл бояд чӣ тавр шудани мактаби устод-шогирдро то андозае дарк карданамон мумкин.
Коргардони машҳур Борис Кимёгаров соли 1979 зиндагиро падруд гуфта бошад, духтараш Елизавета кори ӯро идома дод. «Ҳашар» ном филмномаи ӯ соли 1972 соҳиби Дипломи киноҷашнвораи умумииттифоқии Алматӣ шудааст. Доир ба фаъолияти илмии доктори илмҳои тиб, профессор Саъдинисо Ҳакимова вай «Доктор Ҳакимова» ном филми ҳуҷҷатӣ таҳия намуд, ки манзури умум гашт. «Некӣ» ва «Маликаи мо» ном офаридаҳои Е.Кимёгарова ба фаъолияти илмӣ ва ҳунарии фарзандони номбардори тоҷик А.Пӯлодов ва М.Собирова бахшида шудаанд. Коргардон бо «Тиру камон» ва «Хушбахтӣ дар ҳаёти ман» ном офаридаҳои хеш дар инкишофи филмҳои бачагона ва таҳияи филм-балетҳои бачагона саҳм гирифтааст. Елизавета ба осори Хайёму Бедил низ рӯй овард, таҳияҳои ӯ «Гули сеҳрнок» ва «Рубоиёти Хайём» ба ҳаводорони адабиёти классикии мо туҳфаҳое буданд арзанда.
Елизаветаро ҳамеша меҳнатдӯстии падар мафтун месохт. Қиблагоҳи бузургвораш дар ҳолатҳое ҳам, ки саломатиаш нохуб, ҳатто бистарӣ буд, аз эҷод дур нашуд. Дар охири  умр вай дар болои филми телевизионии панҷқисмата «Одам пӯсташро иваз мекунад»  (аз рӯйи романи Бруно Ясенский) кор кард. Вале афсӯс, дидани нахустнамоиш ба вай насиб накард: дар 58-солагӣ, дар авҷи камолоти эҷодӣ зиндагиро падруд гуфт. Ҳамсараш Анна Михайловна (модари Елизавета) бо ӯ ҳамнафас монд, барои «коргардони сатҳи ҷаҳонӣ» шудани соҳиби сар шароит фароҳам овард.
Елизавета (номи дигараш Лилия) Бенсионовна алҳол дар Исроил ба сар мебарад. Аз он ифтихорманд, ки замоне бо синамои тоҷик ҳамкору ҳамқадам буд. Падари зиндаёдаш бошад – классики кинои тоҷик.

М. ШОДИЕВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: