ХОБИ ШИРИН

Намедонам дар ними шаб, ё дар дамидани субҳ, дар ёдам нест, ки пурратар нақл кунам, хобе дидам, ки маро маҷбуран ҳамватанонам раиси ҷумҳур интихоб карданианд.

 Худам дар ҳайрат мондам. Ба назарам он қадар хирадманду оқил, сиёсатмадору дурандеш, боҳашамату сухандон нестам. Дар аввал ба ҳамватанонам гуфтам, ки, «бародарон, ман аз ӯҳдаи ин вазифаи маъсулиятнок баромада наметавонам, зеро иродаи матин надорам. Дуюм, ин ки ман ба хушомадгӯён, тамҷиду тамаллуқгарон истодагарӣ карданро наметавонам ва аз таърифу тавсифи онҳо мисли мум  нарм мешавам ва ҳушёриро аз даст медиҳам. Сеюм ин, ки ман духтарону писарон, набераю абера, қудо, ёру рафиқу ҳамдеҳаҳои бисёре дорам, ки онҳо метавонанд пули давлату мардумро ба яғмо баранд ва дигар камбудиҳои майда-чуйда дорам. Не, гуфтанд ҳамватанон. Шуморо, хоҳед-нахоҳед, раисҷумҳур интихоб мекунем, зеро шумо аз обу оташ гузаштагӣ, одами дидагию хондагӣ, ботаҷриба, пули давлатро ҳифз ва сарфакорӣ карда метавонед, нафақахӯрон ва омӯзгоронро эҳтиром карда метавонед ва ғайра. 
Ман аз тарси раисҷумҳур интихоб шуданам, аз хоб як қад паридаму дар паҳлӯи занам ларзон рост шиштам. – Ба ту чӣ шуд, – бо хавотир пурсид занам. 
– Дар хоб дидам, ки шумо маликаи аввали мамлакат шудаед. 
– Наход! – гуфт занам. – Набошад сахттар хоб равед, – болишти маро дурусттар карда, идома дод, – шояд хобатон амалӣ шавад.
   
Ҳақназар 
ҚУРБОНМАМАДОВ,

ш.ТОШКАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: