РАИСИ МАҲАЛЛА БОЯД ЧӢ ГУНА БОШАД?

Иштирок дар интихобот ҳуқуқи сиёсии шаҳрвандони кишвар аст.

Интихоб намудани намоянда (Президент, депутат ва ё раиси маҳалла) марбут аст ба дониши сиёсӣ, ҷаҳонбинӣ ва тафаккури интихобкунанда. Бояд ҳар як интихобкунанда моҳияти ҷамъияти демократиро саҳеҳ дарк кунад. Ба дастур ва вазифаҳои пешниҳоднамудаи интихобшаванда хуб шинос гардад. Татбиқи амалии пешниҳодҳои пешниҳодшударо дақиқан дарк дошта бошад. Эҳсос намояд, ки оё он ҳама нақшаву ваъдаҳо заминаи иҷро доранд? Оё он ҳама нақшаву ваъдаҳо ба манфиати халқ аст ва ҳаёти мардум рӯз аз рӯз фаровон, осудагиву осоиштагии он таъмин мегардад? 
Инҷо мо на аз хусуси интихоботи Президент ва ё депутатҳо, балки доири интихоби раиси маҳалла андешаҳои худро иброз менамоем. Институти маҳалла имрӯз дар ҳаёти шаҳрвандони кишвари мо ҷойгоҳи муҳим кашф кардааст. Он ба ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодӣ, фарҳангӣ, эҳёи урфу одат ва анъанаҳои наҷиби ниёкон, ташаккули ҷаҳонбинии сиёсии шаҳрвандон, ба вижа ҷавонон таъсиргузор аст.
Маҳалла чун маҷмӯи банизомдарорандаи муносибатҳои аҳолии ҳудуди муайян таърихи қадима дорад. Дар ибтидо аҷдодони мо ҳудуди маҳалларо мутобиқи садои муаззин муайян менамуданд, яъне садои муаззин то куҷо расад, он ҳудуд як маҳалла дониста мешуд. Мардон дар масҷид ҷамъ омада муаммоҳои маҳаллаи худро муҳокима намуда, роҳҳои ҳаллу фасли онро муайян менамуданд. Одатан масоили тозаву озода нигоҳ доштани ҳудуд, ташкил ва гузаронидани ҳашар, кӯмак ба оилаҳои ниёзманд, тарзи гузаронидани тӯю маъракаҳо, одоби рафтор дар маҳалла баррасӣ гардида, тадбиқи ин омилҳо дар амал ҷорӣ мегардид. Дар шаҳрҳои қадима, ки ҳунармандӣ ривоҷ ёфта буд, гузарҳои ҳунармандӣ як маҳалларо ташкил медоданд. Ин анъанаи аҷдодӣ дар шаҳрҳои Самарқанду Бухоро ва дигар манзилҳо хуб ба мушоҳида мерасад. Маҳалла, ки истилоҳи арабӣ мебошад, бешубҳа, бо вожаи гузар муродиф аст.
Институти маҳалла дар кишвари мо боз ҳам тобишҳои нав касб намудааст. Президент Шавкат Мирзиёев маҳалларо дар кишвар “пуле миёни халқ ва давлат” номида, раисони онро “чун сутуни дафтари кории Президент дар зинаи ибтидоии идоракунии давлатдорӣ” баррасӣ намудааст.
Интихоби раиси маҳалла аз ҷониби намояндагони аз ҷониби шаҳрвандони ҳамон маҳалла интихобгардида интихоб карда мешавад. Номзадон ба раисии маҳалла низ аз ҷониби аҳолии маҳаллаи муайян пешбарӣ карда мешаванд. Ба номзадии раиси маҳалла пешбарӣ гардидагон ҳуҷҷатҳои худро ба раиси ҳавзаи интихобот пешниҳод мекунанд. Пас аз таҳияи ҳуҷҷатҳо раиси ҳавзаи интихобот дӯхтаи ҳуҷҷатҳоро ба ҳокимияти ноҳиявӣ пешниҳод мекунад. Дар ҳокимият ҳуҷҷатҳо аз назар гузаронида шуда, бо ҳар як номзад суҳбати индивидуалӣ гузаронида мешавад. Он ҷо на ҳамеша бо ҷараёни ҳаёт ва фаъолияти номзад эътибори ҷиддӣ медиҳанд. Бисёр дучор омадаем, ки номзад кӯдакеро зинда ятим монда, онро аз меҳри падар маҳрум намудааст. Коргареро, ки бо вайрон намудани муносибати инсонӣ аз вазифа озод намудаанд, номзадиашонро ба раисии маҳалла пазируфтаанд. Ва ин гуна номзадҳо байни интихобкунандагон тарафдорони зиёд доранд. Дар ин маврид асосан ду омил мавқеи муҳим дорад: номзад аз деҳаи сернуфуси маҳалла аст ва ё дар маҳалла қарибу хешони зиёд дорад. 
Ин тоифа фаровонӣ ва ободии маҳаллаи хешро пазироӣ надоранд. Онҳо манфиати хешро бештар пазироӣ доранд. Ин гуна раисон дар вазифа дер намепоянд. Аз вазифа сӯиистеъмол намуда, ҷӯрабозиву хешбозӣ ва ё маҳаллабозӣ, яъне манфиати як деҳаро бештар ҳимоя намуда, ба иштибоҳ роҳ дода ва ҳатто ҷиноят содир мекунанд. Ва аз вазифа дур карда мешаванд. 
Ҳар як нафар намояндаи мардумӣ, ки барои интихоби раиси маҳалла интихоб шудааст, пеш аз ҳама манфиати мардум ва ободиву фаровонии маҳалларо андеша намояд. Дар интихоби раиси маҳалла хешу ҷӯрабозӣ намуда, ба иштибоҳ роҳ надиҳад.Касеро раис интихоб намоянд, ки ӯ тавонад, манфиати аҳли маҳалларо, пеш аз ҳама манфиати ногиронон, оилаҳои камбизоат, ҷавононро ҳимоя намояд. Дар ободиву осудагии аҳли маҳалла саҳм гирад. Раис бояд ташаббускору созанда бошад, на ҷонибдори гурӯҳи муайяни аҳолӣ, яъне хешу ақрабову наздикон.
Бо ташаббуси Президент Шавкат Мирзиёев институти маҳалла  вобаста ба рушди кишвар такомул ёфта истодааст. Чанде пеш “панҷгонаи Президент” ба  “ҳафтгонаи Президент” табдил ёфт, яъне вазифа ва ӯҳдадориҳои раиси маҳалла ва андаркорони он боз ҳам такомул ёфт. Вазифаҳои нави корманди андоз ва молия ҷорӣ гардид. Ин амалиёт ӯҳдадорӣ ва вазифаҳои раиси маҳалларо боз васеътар намуд. Институти маҳалла такягоҳи мардуми ҳамон маҳалла мебошад. Ободиву бунёдкорӣ ва фаровонии мардум бештар ба фаъолияти маҳалла ва аҳли он марбут аст. Пас мо дар интихоби раиси маҳалла беш аз пеш масъулият ҳис намоем.

Ӯзбакбойи РАҲМОН, 
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти НАВОӢ.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: