ОВҶАЗСОЙ БА ҚАБУЛИ САЙЁҲОН ТАЙЁР

Дар сафари матбуотие, ки Вазорати адлияи ҷумҳурӣ ва Садорати вилоятии он дар ноҳияи Оҳангарони вилояти Тошканд ташкил намуданд, аз ошноӣ бо фаъолияти ситоди сектори дуюми ноҳияи Оҳангарон шурӯъ шуд.

Он дар бинои ҷамоати шаҳрвандони «Гулистон» ҷойгузин шудааст. Сектори мазкур 34 ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳо  ва 110 ҳазор аҳолиро дар атрофи худ муттаҳид намудааст. 
– Дар ду соли охир намои ин ҷамоатҳои шаҳрвандони маҳаллаҳо дигаргуниҳои куллиро касб намудаву хеле ободу зебо гардидаанд. Ба истифода супурдани «Китобхонаи адлия» дар бинои ҷамоати шаҳрвандонро барои ҷавонони ин маҳалла туҳфаи хуб арзёбӣ кардан мумкин аст. Ҳоло хазинаи он аз 700 нусха китобҳои гуногунмазмун ва гуногунмундариҷа иборат мебошад,– гуфт сардори идораи адлияи ноҳияи Оҳангарон Баҳриддин Ҷӯраев.
 Вай афзуд, ки барои пурсамар гузаронидани вақти наврасону ҷавонони маҳалла шароити созгор фароҳам оварда шудааст. Китобхона 1 ҳазору 357 нафар муштарӣ дорад. Баҳриддин Ҷӯраев инчунин тазаккур дод, ки кормандони адлия дар маҳаллаҳо барои боло бурдани донишу малакаи ҳуқуқии аҳолӣ низ корҳои муфид пиёда менамоянд.  
Дар идомаи сафари матбуотӣ журналистон бинои наву бошукӯҳи Маркази хизматҳои давлатии ноҳияро тамошо карданд. Маълум шуд, ки он ба аҳолӣ 200 намуди хизмат мерасонад. Мизоҷон ба манзури сарфаи вақт дар хонаи худ истода метавонанд аз марказ маълумотномаҳои лозимиро дастрас кунанд. 
– Акнун ба дарае меравем, ки деҳаи Овҷазсой воқеъ гаштааст. Ин деҳа мақоми «Деҳаи сайёҳӣ»-ро ба даст овардааст. Дар он ҷо бо рафти иҷрои фармони сарвари давлат аз 21 феврали соли 2024 «Дар бораи Барномаи давлатии татбиқи стратегияи Ӯзбекистон – 2030» дар Соли дастгирии ҷавонон ва тиҷорат ошно мешавем, – гуфт роҳбалад Эркинҷон Дорипов.  
 Маълум шуд, ки деҳаи Овҷазсой дорои зиёда аз 300 хоҷагӣ буда, дар он қариб 1 ҳазору 800 нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунад. Майдони он 1 ҳазору 200 гектарро ташкил менамояд. Сокинон аз ҳисоби чорводорӣ, кишоварзӣ ва боғдорӣ рӯзгорашонро пеш мебаранд. Қисмати болоии деҳа барои экотуризм (мисли савори асп, шутур ва сайру гашт дар домани кӯҳ) хеле мувофиқ аст. Сайёҳон метавонанд дар ҳавлиҳои дорои шароити хуб чанд рӯзи худро сипарӣ намоянд ва ба талу теппаҳо баромада, сайру гашт кунанд.
Дар майдони васеъ гурӯҳ-гурӯҳ занону духтаронро дидан мумкин буд, ки расму ойин ва анъанаҳои худро намоиш медоданд. Аз ҳар ҷо-ҳар ҷои майдон садои дафу доира баланд шуда, ҷавононро ба рақсу бозӣ даъват мекард. Дар як гӯшаи майдон мусаввирони ҷавон машғули сураткашӣ ва дар ҷои дигар гурӯҳи одамон рӯи қолину кӯрпачаҳо нишаста, хӯрок тановул мекарданд.
Хулоса, мардуми Овҷазсой бо ҷӯшу хурӯши том машғули сайл буданд ва дар чеҳраи ҳамаи пиру барно шодиву нишот гул мекард. Варзишгарони сину соли гуногун рӯи қолини махсус байни ҳам аз рӯи гӯштии тарзи кураш мусобиқа мегузаронанд. Дар тарафи дигар як гурӯҳ ба бозии шоҳмоту шашка машғул буданд. Роҳандозии мусобиқаи танобкашӣ низ хоси мардуми Овҷазсой будааст.  
Роҳандозии намоиши таомҳои Овҷазсой, мисли самбӯсаҳои гуногуни гӯштиву алафӣ, чалпаку буғурсоқ, ҷурғоту қурут, нону фатирҳои равғанин ва амсоли он баёнгари онанд, ки мардуми он меҳмондӯсту меҳмоннавоз ва дар пухтани ҳар гуна ғизо соҳиби маҳорату малакаи хос мебошанд.
– Се хонаи алоҳида дар ихтиёри сайёҳон қарор дода шудаанд, ки аз тамоми шароити зарурӣ бархурдоранд. Барои хӯрдани нону ғизо хонаи дигар ҷудо карда шудааст. Меҳмонон метавонанд ба талу теппаҳои атроф бароянд, аз ҳавои хушу гуворо баҳра баранд, баъди сайру гашт ин ҷо омада нону ғизо хӯранд ва дар фазои орому осуда истироҳат кунанд, – мегӯяд Рустам Кишанов. 
Тавре ки Эркинҷон Дорипов гуфт, дар деҳа боз чанд аъзои хонавода барои қабули сайёҳон чунин шароити хубу мусоид фароҳам овардаанд. Баъзе аз ин хонаҳо дар болои талу теппа воқеъ гаштаанд, ки дар фасли тобистон барои истироҳат ва баҳрамандшавӣ аз шамоли форами кӯҳистон хеле мувофиқ мебошанд.
Метавон қайд намуд, ки соли 2023 ба вилояти Тошканд 463,5 ҳазор нафар сайёҳи хориҷӣ ташриф овардаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,3 маротиба зиёд мебошад. Агар онро бо рақам ифода кунем, даромади умумии он 205 миллион доллари амрикоиро ташкил менамояд. Ин дар ҳоле мебошад, ки соли 2022 маблағи аз ин ҳисоб бадастомада 72,4 миллион долларро ташкил медиҳад.

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти ТОШКАНД.  

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: