НАМОЯНДАГОНИ ПОКИСТОН ВА ХИТОЙ ДАР СУРХОНДАРЁ

Ҷалб кардани сармоядорони хориҷӣ бешак ба рушди иқтисодии кишвар мусоидат мекунад.

Дар вилояти Сурхондарё, ки барои Ӯзбекистон яке аз дарвозаҳои асосӣ барои кишварҳои Шарқ маҳсуб меёбад, сафи сармоягузорони мамолики хориҷӣ рӯз аз рӯз зиёд мегардад. Вохӯрие, ки дар санаи 18 март дар ҳокимияти вилояти Сурхондарё бо намояндагони кишварҳои Покистон ва Хитой баргузор гардид, далели он аст.


Ҳокими вилоят Улуғбек Қосимов намояндагони кишвари Покистонро, ки бо роҳбарии Муҳсин Малик Аслан ташриф фармуда буданд, қабул намуд. Дар рафти суҳбат оид ба имтиёз, имконият ва шароите, ки дар Сурхондарё ба соҳибкорон ва сармоядорони хориҷӣ фароҳам оварда шудааст, сухан рафт. Инчунин, перомуни лоиҳаҳои соҳаи логистика, сохтмон, нақлиёт, насби панелҳои барқистеҳсолкунии офтобӣ, ки дар Сурхондарё амалӣ мегардад, музокира баргузор гардид. Дар айни замон амалисозии лоиҳаи роҳи оҳане, ки тавассути Афғонистон мегузарад, масъалаи умдатарини рӯз маҳсуб меёбад. Дар ин хусус низ фикрҳои ҳарду ҷониб шунида шуд. 
Баъди вохӯрӣ намояндагони Покистон ба фаъолияти «Маркази байналмилалии савдои Тирмиз», ки дар сарҳади кишвари Афғонистон ҷойгир аст, аз наздик шинос шуданд.
Роҳбари вилоят вохӯрии навбатиро бо роҳбари Ассотсиатсияи тоҷирони Ӯзбекистон – Хитой Бахтиёр Муҳаммадиев ва намояндагони Хитой – роҳбарияти Ширкати «Kezhou Congling Industrial Co Ltd», ки бо саноати истеҳсоли маъданҳои кӯҳӣ шуғл меварзад, анҷом дод. Дар ин вохӯрӣ низ бо ширкати мазкур оид ба фаъолияти саноати истеҳсоли маъданҳои кӯҳӣ, ки дар Сурхондарё хеле рушд кардааст, сухан рафт.

Олим ПАНҶИЗОДА, 
хабарнигори «Овози тоҷик» 
дар вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: