Музокироти Президентҳои Ӯзбекистон ва Туркманистон баргузор шуд

  • Музокироти Президентҳои Ӯзбекистон ва Туркманистон баргузор шуд

Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев дар чаҳорчӯби барномаи будубош дар Ашқобод бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов музокирот анҷом дод.

Дар рафти мулоқот сарони давлатҳо масъалаҳои мубрами муносибатҳои амиқи шарикии стратегии Ӯзбекистону Туркманистонро, ки ба риштаҳои чандинасраи дӯстӣ ва ҳамсоягии неки халқҳои бародар асос ёфтаанд, баррасӣ намуданд.

Вусъати ҳамкории амалӣ дар ҳамаи соҳаҳо бо қаноатмандӣ қайд карда шуд.

Созишномаҳои сатҳи олӣ бомуваффақият иҷро шуда истодаанд. Алоқаҳои байни ҳукуматҳо, вазоратҳо ва идораҳо мунтазам ба роҳ монда мешаванд.

Ҳаҷми муомилоти моли байниҳамдигарӣ меафзояд, ҳамкории ба ҳамдигар фоидабахш дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт вусъат меёбад. Зарурати зудтар ба кор андохтани минтақаи муштараки тиҷоратии "Шавоту Дашоғуз" қайд карда шуд.

Аҳамияти пешбурди минбаъдаи лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ, рушди табодули байниминтақавӣ ва робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ таъкид гардид.

Оид ба рӯзномаи минтақавӣ низ мубодилаи ҳамаҷонибаи афкор сурат гирифт.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: