Ба иттиҳодияи бозорҳо ва савдои вилояти Самарқанд ба анъана гардидааст, ки дар арафаи ҷашни Соли нав ярмаркаҳои фурӯши маводи озуқаворӣ ташкил диҳад.
Дар арафаи иди Соли нав дар 24 минтақаи вилоят растаҳои фурӯши маводи озуқаворӣ, гӯшту тухм, алалхусус сабзавоту мева, маҳсулоти полизӣ ва ситрусӣ ба роҳ монда шуд.
– Дар ярмаркаҳои навтаъсис нархи як кило гӯшти гов 65 ҳазор сӯм ва гӯсфанд 70 ҳазор сӯм муайян шудааст, – гуфт директори маҷмааи бозори Сиёби шаҳри Самарқанд Шероз Аббосов, – инчунин нарху навои дигар маҳсулот низ нисбат ба дигар ҷойҳо хеле арзон мебошад.
Дар маркази ноҳияҳои вилоят, шаҳру минтақаҳои сераҳолӣ низ растаҳои фурӯши маводи озуқаворӣ дар хидмати мардум буда, нархи наво зери назорат аст.
Ярмаркаҳои савдо то 10-уми январи соли 2024 амал мекунанд.
Баҳодури ЗОҲИР.
САМАРҚАНД.