САДОҚАТИ ДЕРМОНДА

Модар дами дарвоза аз қафои фарзандаш гирёну нолон монд.

Ҳарчанд зораву тавалло кард, аз раъяш нагашт:
– Оча, як бори дигар ба хориҷ равам, дигар бас мекунам. Як андак маблағ ҷамъ мекунаму бармегардам. Парво накунед, ҳамааш хуб мешавад, – ҷавоб дод ба илтиҷоҳои модар Собит. 
Холаи Маҳтоб дар пушти дарвоза бо дидаҳои ашкбор хеле рост истоду пойҳояш бемадорӣ кашида, дар ҷояш нишаста монд. Писараш ӯро гӯш накард, роҳи мамлакати бегонаро пеш гирифт. Падари раҳматиаш Икромамак ҳарчанд  насиҳатҳо кард. Фаҳмонд, ки ӯ дар хона ягона писар аст, ду хоҳари калонӣ кайҳо соҳиби хонаву дар гашта, зиндагии мустақил доранд. Ӯ худ касалманд аст. Пас аз бемории зардпарвин ҷигараш нороҳат месозад. Мабодо ба ӯ ягон ҳолу коре шуда монад, модараш аз танҳоӣ сахт азият мекашад. – Бубин, – гуфт, – бисёр ҷавонмардҳои деҳ дар Ватан меҳнати ҳалол доранду зиндагиашонро пеш мебаранд. Ба ризқи худодода бояд шукр кард. Аммо ба Собит илтимосу насиҳатҳо асар накард. Ҳатто падар аз соҳибдипломии ӯ сухан ба миён оварда, изҳор дошт:
– Писарам, охир барои соҳиби маълумоти олӣ гаштанат чӣ қадар машаққатҳо кашидем. Бо модарат нахӯрдем, напӯшидем, ду сӯми ёфтаамонро ба ту мефиристодем. Мақсад: одам шавию рӯзе ба дарди мо марҳам гардӣ, дар дами пирӣ аз дастамон гирӣ. Ёдат ҳаст, ҳатто модарат барои ту ба дари мардум рафта тухмфурӯшӣ мекард, рангашро зард карда сӯзан мекашид. Пешаи муҳандисӣ дорӣ, ба ягон идора ё ташкилот ба кор дароӣ мешавад-ку! Моро ин қадар азоб мадеҳ, ҷони падар.
Ҳайфо, ки ӯ аз якравиаш намонд. Бо чанде аз шиносҳояш роҳи Русияро пеш гирифт. Падару модари солхӯрда бо дили реш ӯро гуселониданд...
Ин воқеа аввалҳои тирамоҳ рух дода буд. Инак, шаш моҳ гузашта баҳор омадаасту аз Собит хату хабар нест. Ҳатто занг зада ҳоли падару модарро намепурсад. Саломатии Икромамак баъди муҳоҷирати писар рӯз аз рӯз бадтар мешуд. Табобати духтурон натиҷае намебахшид. Вай аз бемористон бо хоҳиши худ ба хона баргашт. Дигар намехост, ки вуҷуди дардмандашро бо сӯзандору озор диҳанд. Дар хона рӯйи бистар мехобиду чашмони хирабинаш шабу рӯз ба роҳи фарзанд буданд. Кош Собиташ меомаду боре ҳам бошад, дидори ӯро медид, дар маросими ҷанозаи падар иштирок мекард.
Мӯйсафед духтаронашро ҷеғ занонда таъкид кард, ки аз дӯстонаш рақами телефони Собитро ёфта занг зананд, ки ба хона баргардад. Адолату Роҳила чанд муддат овора гашта, оқибат ба телефони дастии Собит занг заданд. Аммо гӯшакро зани ношиносе бардошта, фаҳмонд, ки чанд рӯз қабл ин телефонро аз кӯча ёфтаасту соҳибашро намешиносад.
Вақеа чунин рух дода буд: Собиту ҳамкоронаш, баъди кор, шабона ба тарабхонаи шаҳр барои дамгирӣ мераванд. Мусиқии гӯшхарош танин меандохт. Пешхидмат дар як он рӯйи мизро ба хӯрданиҳо оро дод. Албатта, чунин истироҳат бе нӯшокӣ намегузарад. Ин аст, ки ҷӯраҳои сархуш аз шароб бештар нӯшиданд. Ду нафари онҳо – Роғиб ва Содир калавида-калавида ба рақс даромаданд. Содир ба кадом як духтари ношинос хуморолуд гап партофта, хост ҳамроҳи ӯ рақсад. Духтар ӯро дашноме доду худро дур кашид. Вале Содир бо ҳаракатҳои безеб ӯро думболагирӣ кард. 
Нохост муште ба сар хӯрду аз по афтид. Тарабхонаро қиёмат барпо гашт. Ду тараф ҳамдигарро лату кӯб карданд, бисёр анҷомҳо шикастанд. 
Вақте ки ба худ омаданд, диданд, ки дар шуъбаи корҳои дохилӣ паси панҷара нишастаанд. Тани ҳамнишастҳои ҷароҳатбардошта сӯзиш мекарду сарҳо чун кӯҳ вазнин буданд. Собит кисаашро тагурӯ карда фаҳмид, ки бар асари «қаҳрамонӣ» телефони дастиашро гум кардааст. Ба шарофати ин «диловарӣ» дар мусофирӣ қариби як моҳ «меҳмон»-и идораи дахлдор буданд.
Адолату Роҳила бо табъи хира назди падар баргаштанд ва ба хотири ин ки дили мӯйсафед ганда нашавад, дурӯғ гуфтанд: «Мо ба Собит занг задем, вай ваъда дод, ки дар давоми як ҳафта меояд». 
Тамоми вуҷуди мӯйсафед месӯхт, дилашро аламе фишор медод. Кош писараш ба роҳ баромада бошад. Агар ӯро як бор медид, бо дилу хотири ҷамъ ин оламро падруд мегуфт. 
– Кампир, ягон хабар ҳаст? Собитҷон чӣ мегӯяд? Дар роҳ бошад? Чаро ин қадар дер кард, – мӯйсафед ба хавотир аз ҳамсараш пурсид. Пиразан ашки чашмонашро пинҳон дошта, як тараф тоб хӯрду аламашро фурӯ бурда, шавҳарашро тасаллӣ дод, ки писараш дар роҳ аст. 
Бад-ин тариқ Икромамак бо дили кашолу чашмони чор олами ҳастиро тарк гуфт. Писараш Собит дар ҷанозаи падар иштирок накард. Бояд ҷома пӯшида, мотам мегирифт. Вале ба вай тобути падарро бардоштан, сари қабраш нишаста дуову тиловат кардан насиб накард. Вақте мардум падарашро ба қабристон мебурданд, ӯ дар шаҳрҳои бегона гаштугузор дошт, ё дар кадом як тарабхона вақташро хуш мегузаронд. Худовандо, худат ба бандаҳоят имону инсоф бахшой, дар вуҷудашон одамиятро ҷо деҳ.
Баъди маъракаи соли падар Собит дар деҳ пайдо шуд. Донист, ки мӯйсафед кайҳо ин оламиро падруд гуфтаасту модараш бо як набераи духтариаш дар ҳавлӣ танҳо зиндагӣ дорад. Модар бо дидаҳои ашкбор фарзандашро ба канор гирифта, падарашро ёдоварӣ намуд. Рӯзи дигар бино ба хоҳиши тағоияш Ҳомид ҳамроҳ рафта, қабри қиблагоҳашро зиёрат карданд. Сабзаҳои хазонгаштаи рӯйи қабр дар дили бинанда кайфияти ҳузнангезеро эҷод мекарданд. Раҳораҳ тағоияш насиҳат кард, ки кори шуданӣ шуд, дигар модарашро танҳо нагузорад. Инсон фақат дар ватани хеш азиз аст, мулки бегона ба кас некрӯзиро насиб намегардонад.
– Хоҳарзода, шукри Худо маълумоти олӣ дорӣ, худат ҳам ҷавони чор кас медидагӣ, синну солат ҳам лоиқи оиладор шудан. Ба модари пират раҳм кун, ҳамин ҷо сари кореро гиру хонаву дари худро барпо соз. Дарахт дар як ҷо мерӯяд, агар кӯчондан гирӣ, мехушкад. 
Собит як муддат назди модар монд. Чанд корро пешниҳод карданд, маъқул нашуд. Рӯз то рӯз хумори хориҷа рафтан боло мегирифт. Ва инак, домани модарро бо ваъдаҳои хушку холӣ пур карду хонадоршавиро мавқуф гузошта, роҳи Русияро пеш гирифт.   
Модар пушти дарвоза дар ҷойи нишастааш бо вуҷуди ларзонӣ даст ба дуо бардошта, ба ӯ роҳи сафед талабид. Автомобиле, ки Собит савори он буд, дар як он аз дидаҳо нопадид гашт, вале ӯ боре ҳам ба қафо нигоҳ накард. Наберааш – Маҳваш аз дасти пиразан гирифта ба хона даровард. Ҳушу ёди модар ба фарзанд банд буд.

Вақт чун аспи бодпо мегузашт. То нафас рост мекунем гуфтанд, ки панҷ моҳ сипарӣ гардид. Собит гоҳ-гоҳ ба хоҳаронаш занг мезаду Моҳтобхола хату хабарро дар бораи фарзандаш аз духтаронаш мешунид. Мутаассифона, бо мурури вақт саломатии хола низ бад шуд. Ғами мусофирати писар ӯро рӯз то рӯз коставу пир месохт. Оқибат бистарӣ гашт.
– Худоё, худат раҳм кун, ки ҳолати пештара такрор наёбад. Наход Собитҷон дар маъракаи ман низ иштирок накунад? Ба чашми некат бин, Парвардгоро! Кампирро рӯзҳои охир ваҳм зер карда буд. Сахт метарсид ва бештар аз ҳаққу ҳамсояҳо шарм медошт. Агар Собитҷонаш дар ҷанозаи ӯ иштирок накунад, чӣ гуфтагӣ одам мешавад? «Ба ҷойи чунин фарзанд сагеро тарбият мекардӣ беҳтар набуд? Вай умре ба соҳибаш вафодор мемонад», – намегӯянд? Ин мегуфт ва гӯё дилашро гургон тала мекарданд. 
Ҳеч кас сутуни дунё нашудааст, дер ё зуд ҳама ин дунёи фониро тарк мегӯяд. Моҳтобхоларо низ марг гиребонгир буд, вале дилкашолӣ ба писараш ин ҳолро гӯё ақиб мепартофт. Хоҳаронаш чанд бор занг зада Собитро огоҳ карданд, ки зудтар ба хона баргардад, аҳволи модараш бад аст. Вале аз Собит дарак набуд. 
Яке аз рӯзҳои баҳорон, ки табиат оламро бо чодари сабз пӯшида буду дарахтон ғарқи гулу ғунчабандӣ буданд, холаи Маҳтоб ин олами ҳастиро бо ғаму андӯҳи зиёд тарк гуфт. Муллои деҳ пеш аз хондани ҷаноза садо баланд кард: «Холаи Маҳтоб дар зиндагии хеш агар ба касе қарз дода бошад ё худ қарз гирифта бошад, қарз бояд бо гувоҳҳо пардохта шавад. Барои хола кӣ кафил мешавад? 
Ҳама дар ҳайрат буданд, ки ба ҷойи писари хола кӣ кафилиро ба гардан мегирад. Имом суханашро такрор кард:
– Бигӯед, ин вазифаро кӣ ба ӯҳда мегирад? Ин дам аз пушти пардаи карбосӣ, ки занонро аз мардон ҷудо карда меистод, овози занонае баланд шуд: 
– Ман кафилиро барои қарзи модарам ба гардан мегирам! 
Соҳиби овоз духтараш Роҳила буд. Пас аз ин гуфта ҷанозаи модар хонда шуд. 
Издиҳоми мардум сӯйи қабристон ҳаракат мекард ва бештар ҷавонмардон пойи тобутро, навбат ба навбат, ба китф мегирифтанд. Аммо дар байни онҳо ҷигарпорааш Собит набуд. Касе дар дастонаш асо «Модарҷонам, очаҷонам, меҳрубонам, ғамхоракам, дуогӯям», – гӯён садо баланд намекард. Оне, ки ин амалро бояд иҷро мекард, дар кишвари бегона ба дунболи пулу сарват мегашт.
Дар паҳлӯи қабри Икромамак қабри дигаре рӯйид, ки бо намои худ аз дигар қабрҳо фарқ мекард. Сангчаҳои рӯйи қабр гӯё аз барои майит тасбеҳ мегардонданду чӯбдасти ба хок халондашуда нишонае буд аз қабри модар. Баъди тиловати ояҳои Қуръон ва дуоҳои хайр дар ҳаққи гузаштагон, одамон қабристонро тарк гуфтанд. 
Баъди ду моҳи ба хок гузоштани модар Собит пайдо шуд. Вақте ба ҳавлӣ даромаданӣ шуд, дарвозаро баста дид. Вай аз девор шорида фуромаду рӯйи ҳавлӣ қадам зад. Ҳавливу хона ба назараш ҳузнангезу бенур тофт. Дарк намуд, ки чанд вақт инҷониб касе ин ҷо қадам нагузоштааст. Дигар ин ҷо садои падару модараш баланд намешуд, рӯйи нуронии онҳоро намедид. Аввалин бор дилаш бухс карда аламаш омад ва рӯйи айвон нишаста ҳунгосзанон гиря кард. Такрор аз болои девор шорида роҳи қабристонро пеш гирифт. Сари қабри падару модараш (хоҳарон дар паҳлӯйи қабри падар гӯронида шудани модарашонро бо телефон расонда буданд) ба зону нишаста ба сукут рафт. Сипас, китфонаш ба ларзиш даромада, ашкаш рӯйи хоки қабр рехт. Собит гуноҳҳояшро гӯё дарк карда буд. Мақсад гузошт, ки рӯйи қабри волидайнаш санги ёдгорӣ гузошта, оши худоӣ медиҳад. 
Вай вақте дар кӯчаҳои деҳ қадам мезад, ҳис мекард, ки мардум ба ӯ бо кароҳат нигоҳ мекунанд. Кушоду рӯшан нагӯянд ҳам аён буд, ки аз чунин фарзанд нафрате дар дил доранд. Салому алейк ва пурсупосҳояшон низ сохта ва рӯйидилакӣ ба назар менамуд. Собит ба назди Ҳошими сангтарош рафта, ба падару модараш санги ёдгорӣ фармуданӣ шуд. Вале сангтарош бо баҳонаи он ки алҳол сангҳояш томом шудаанду саломатиаш ҳам хуб нест, илтимоси ӯро рад намуд. Баъди ин вай хост, ки тагале  харида оши худоӣ ташкил кунад. Бо ин мақсад гӯсфандеро кушта дар деги калон ош дам кард. Аҳли деҳ, хешовандон, ҳамсояҳоро ба оши худоӣ хабар кард. Вале афсӯс, ба маъракаи ӯ нияткарда касе наомад. Дасторхон бекас монду ош сард гашт. Садоқати дермондаи писар дигар таъсире надошт. Ӯ рӯйи ҳавлии падар танҳо монда буд.  
 
Раҳматуллоҳи ШОҲИМАРДОН, 
ноҳияи БОЙСУН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: