ҲАМОВОЗӢ БА ТАШАББУСИ ПРЕЗИДЕНТ

Ду ҳошияи шоҳроҳи самти Косон ва Мубораки вилояти Қашқадарё имрӯзҳо маҳалли корзори ҳақиқиро мемонад.

Хусусан дар минтақаи ноҳияи Косони шоҳроҳ шумори зиёди одамон ва техникаи корӣ ба назар мерасанд, ки аз обу ҳавои мусоид истифода карда, мунтазам бо шуғли кушодани замин, тахту ҳамвор кардани он банд ҳастанд. Онҳо аз ҳар самт ҷӯяк мекашиданд, иншооти обёрӣ насб месозанд ва барои шинондани ниҳолҳо ҷой омода мекунанд. Хуллас, корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ дар ин масир бо суръат идома доранд. Аз рафти ин корҳои муфид ҳокими вилояти Қашқадарё Муротҷон Азимов шинос гардид.
Мувофиқи дастури омодашуда дар ҳудуди ноҳияи Косони шоҳроҳ ангурзор барпо хоҳад гардид ва тӯли ин майдони ҳанӯз бекорхобида 14 километрро ташкил мекунад. Дар ҳошияи ин роҳ 7500 бех ниҳоли ток шинонда хоҳанд шуд. Дар сурати бехато сабзондани ниҳолҳо ва минбаъд ба як боғи борвар мубаддал сохтани он даҳҳо тонна меваи хушсифати ангурро метавон ба даст овард. Мутахассисон мегӯянд, аз ҳисоби чунин заминҳо метавон дасторхони мардуми кишварро боз ҳам ғанӣ ва бозорҳои дохилиро фаровон нигаҳ дошт.
Айни ҳол дар ҳудуди мазкур 32 га замин барои ташкил намудани тутзор низ омода шудааст. Интизор меравад, ки дар ин заминҳо 74 ҳазор бех ниҳоли тут шинонда шаванд. Боғи тутзор минбаъд ба ривоҷи соҳаи кирмакпарварӣ мусоидат хоҳад кард.

Шариф ХАЛИЛ,
хабарнигори
 «Овози оҷик». 

Вилояти ҚАШҚАДАРЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: