МАРДИ РОСТИН

Бо ин ҳама хӯю хислати ростин журналисте кам аст.

Ҳар чӣ менависад, ҳар чӣ мегӯяд, ҳар чиро ба акс мегирад, фақат ва фақат воқеият асту ростина. Эшонро ба суҳбат мекашем: 
– Устод Тоҷибой, аз таҷрибаи хеш медонем, ки журналистон ба дурӯғ моиланд...
Ӯ нороҳат мешавад, пешонӣ чин мекунад:
– Ҳарфи беҳуда! – садояш баланд  мешавад. – Агар журналист дурӯғ гӯяд, ҷомеа ба кажӣ меравад! 
– Ин ҳарфи мо нест, Марк Твен гуфтааст... 
– Ҳмм.., – забон мехояд ҳамсуҳбатамон ва ба таъйиди сухани нависандаи маъруф меафзояд: – Дар ҳикоёти Шайх Саъдӣ низ омада: «Дурӯғи маслиҳатомез беҳ зи рости фитнаангез».  
Дигар фурсати сухан гуфтан намедиҳад, ба худ симои ҷиддӣ гирифта меафзояд:
– Зиндагии инсон печида аст, гоҳе чунон ба ҳолати танг меафтӣ, ки то дурӯғи ростомез нагӯйӣ аз дасти арбадаву хушунат раҳоӣ намеёбӣ. Ба ростӣ, агар бо ин «дурӯғат» дили касеро шод ва дасти зулмро бишканӣ, ту рост гуфтаӣ! Вале фаромӯш накунед, шиор бояд доиман рост дидану рост гуфтану рост рафтан бошад!..
Бале, бо устоди ростин Тоҷибой қариб ҳар рӯз рӯ ба рӯ мегардем. Ҳар бори бо ӯ будан ожангҳои пешонӣ, чурукиҳои андаки чеҳрааш, мӯҳои тунукшудаи мошу биринҷиашро беохир аз нӯфи нигоҳ мегузаронем. Ба ӯ чашм дӯхта аз дил қоил мешавем: дӯсту бародари мо дар кӯраҳои доғи рӯзгор пухтаву бо теғаҳои яхбастаи дунё панҷа нарм кардааст, ҷонашро аз дӯли сангшиканҳои зиндагӣ раҳо кардаву чоҳҳои бетаҳу торики ҳаётро паси сар гузоштааст – ӯ мушкилотро нодида мегирад. Дармеёбем, ки ин рағму суботу иродаи маҳкамаш пайваста ба хотири расидан ба орзуҳои неку бузург аст: дастёбӣ ба пойдории забони модарӣ, посдории ватан, бароварда кардани армонҳои инсонӣ. 
Дар тӯли беш аз сеяк асри рӯзноманигорӣ Тоҷибой ба кору марому орзуҳои бузургаш содиқ аст, дар ҳар гуна шароит овози тоҷик, садою шаҳомати тоҷикро ба атрофиён мерасонад, килки пурбори ӯ навиштаҳои фаровон дорад аз ранҷҳои мардуми заҳматкаш, аз ҷонфидоиҳои омӯзгорону шифокорон, аз санъати матонату иродати низомиёну ҳунармандон, аз сиёсати пурбору кишварсози раҳбарони давлат, аз порсоӣ ва зебоиҳои миллату меҳан. Оре, ӯ содиқ аст ба он чӣ аз бузургони пешин ба мерос монда, билхосса, ба фармудаю роҳнамоиҳои нахустин таъсисгарони «Овози тоҷик». Аз ҷумла, ӯ худро мадюни устоди илму пешаи рӯзноманигорӣ аллома Садриддин Айнӣ меҳисобад ва дар ёд дорад, ки эшон ҳанӯз дар шумораи дувуми рӯзномаи «Овози тоҷики камбағал» 4-уми сентябри соли 1924 аз ҳунару истеъдоди фитрии мардуми тоҷик, забони гуҳарбор ва ояндаи дурахшони он садои ифтихор баланд карда буд:
Ба парда то ба чандин рози тоҷик?
Биё, биншин, шунав овози тоҷик!
Ба зеҳни софу истеъдоди фитрӣ,
Набошад дар ҷаҳон анбози тоҷик.
Суханро чун арӯсон зеб дода,
Забони маърифатпардози тоҷик...
Кор дар рӯзнома, зина ба зина расидан аз мусаҳҳеҳӣ то ба маснади муовинати рӯзнома ва пайваста талош кардан барои зинда мондану хонданибоб шудани он танҳо як тарафи давутозҳои Тоҷибой аст. Ӯ бар замми ин нақши боризу муассир дар рушди садову симои тоҷики кишвар дорад. Ҳанӯз аз ёдҳо нарафтааст, то якуним даҳсола пеш шуъбаи тоҷикии радиои Ӯзбекистон ҳар рӯз ҳадди ақал ним соат ё чил дақиқа барнома дошт – барномаҳои ахбор, адабию фарҳангӣ, ҳунарӣ, шарҳ... Тоҷибой Икром он замон гӯянда буд. Борҳо шудааст, ки ҳангоми дохил шудан ба студия, ки пахши барномаҳо ба таври зинда мерафт, ӯ бе ҳеч гуна коғаз ва бидуни омодагӣ ахбори нав ва шарҳи рӯзномаи «Овози тоҷик»-ро бадоҳатан ба самъи шунавандагон расонад.
«Рангинкамон»-и телевизионии Шарофатбону бо ҳузури ӯ бештар рангин буду алҳол низ рангинтар аст. Чанд филму китобро ба тоҷикӣ тарҷума ҳам кардааст.               
Боре оҳангсози маъруф Мустафо Бафоев гуфта буд: «Ҳар ҷое, ки тоҷик аст, он ҷо Тоҷибой ҳаст. Ин бачаи лоғари назарногир корҳои бузург мекунад, корҳоеро, ки даҳҳо, садҳо нафар аз уҳдааш намебароянд». Дар воқеъ, ҳар гуна ҷамъомади тоҷикон, ба вижа, ҳар як барномаю иқдоми Маркази фарҳангию миллии тоҷикон бо ҳузури ӯ дилписанду гуворо мегузарад. Вай аз дарсҳои бузургони равшанфикру кордон – Муҳсин Умарзода, Собитхон Қурбонов, Сотимхони Мунавварзод, Тӯхтамурод Набиев, Холназар Ӯролзода, Давлатбек Саъдуллоев, Ҳасан Қудратуллоев дарсҳои фаровон гирифтааст ва имрӯз худ устоди сухан, роҳнамои худшиносӣ, мубаллиғи дӯстиву инсонгароӣ аст. 
– Устод, доир ба хислатҳои беҳтарини Тоҷибой, ки синни мубораки шастро пур кардааст, гуфтаниҳое доред? – пурсидем аз нависанда, собиқ ходими «Овози тоҷик» Бекназар Тӯйназар.
– Ҳамин Тоҷибойи худамон? Умри инсонро бинед-а, чун оби равон зуд мегузарад. Гӯё дирӯзакак буд, корро дар рӯзнома оғоз намуд. Ҷавони серғайрат, кунҷкоб буд, дониши пухта дошт. Миёни ҷамоа зуд намоён гашт. Тайи чанд вақт вазифаи муҳаррири шуъбаи мактабу маорифро ба ӯҳда дошт. Дониши хуб, ки дошт, аз тарҷумонӣ то ба вазифаи ҷонишини сармуҳаррир расид. Беш аз сӣ сол аст, ки раиси иттифоқи касабаи рӯзнома мебошад. Ба корҳояш муваффақият...     
Тоҷибой Икромов зодаю дастпарвари деҳаи хушбоду ҳавои Боғистони Бӯстонлиқ аст. Боғистоне, ки дар доманаҳои кӯҳӣ ҷой хуш карда, бо боғҳои дилрабо, дарахтзору буттазори пурнакҳат, гулзору чаманзори беинтиҳояш муаттару зебост. Дар ин гӯшаи, ба таъбири сафири муҳтарами Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, биҳиштӣ, меваҳои гуногун самар медиҳанд – себ, анор, анҷир, шафтолу, чормағз, нок, олу, зардолу... 
Бале, боре ҳамроҳи сафири арҷманд меҳмони устод Тоҷибой будем. Ӯ дар боғи дӯсти худ аз зери дарахтон оҳиста қадамзанон нафаси амиқ мекашид ва аз бӯю раёҳини ҷонбахши боғ роҳат мебурд, ки себеро аз дарахт канда, бо ҳаяҷон изҳор медошт: «Ман акнун донистам, ки чаро Тоҷибой ин қадар ҷавон менамояд! Акнун фаҳмидам, ки чаро ин бародари мо соатҳо ҳарф мезанаду ба дигарон навбат намедиҳад, барои чӣ ин марди заҳматӣ ба ҳар ҷое, ки лозим аст, давутоз мекунаду хастагиро намедонад. Боракаллоҳ, ба офарандагони ин боғу ин манзил!» 
Боғистон, дар ҳақиқат, табиати нозанин дорад, дар болообаш дараҳои тӯлонӣ бо чашмаю рӯдҳои сероб ва бештар аз ҳама, бо обшорҳои беғубору «ҳазоргесу» ба дида нуру сафо илқо мекунад. Манзараҳои нотакрори кӯҳистонӣ дар поён ба шохобҳои Чотқол, Угом, Кӯксу ва сипас ба рӯди маъруфи Чирчиқ даст медиҳанд...
Тоҷибой Икромов, ки дуои устодонашро гирифтааст, имрӯз худ устоди сахтгир аст. Ходимони наву ҷавонро бо рафтору гуфтор, ҳозирҷавобӣ ва ҳақиқатнигорӣ намуна мебошад. Ҳар рӯз пеш аз оғози кор ба ҳар як ходими идора мувофиқи вазифаи худ супоришҳо медиҳад ва иҷрои супоришҳояшро таъҷилан талаб мекунад.
– Рӯзноманигор бояд эҷодкори тезкор бошад, мактаби мусаҳҳеҳӣ, таҳрир, тарҷумонӣ ва технологияи замонавиро пухта азхуд кунад, – мегӯяд ӯ. 
Икромов бо ходимони рӯзнома сафарҳои эҷодӣ ба ноҳияву вилоятҳои ҷумҳурӣ ва берун аз онро борҳо ташкил намудааст. Сафар, таассурот ва оламу одам дидан ба эҷодкор пару боли илҳом мебахшад, хомаашро бурро мегардонад.      
Бо ин ҳама, Тоҷибой мӯйи сари худро бо пешаи рӯзноманигорӣ сафед кардааст. Нонаш аз ин пеша аст, ҳалол, комил, беминнат. Ӯ бо камоли мамнуният мегӯяд: «Шуғле, ки мардум дар он акси худ, шинухезу одобу бархӯрду ақоиди худро мебинанд, рӯзноманигорӣ аст. Чӣ хел ба ин касби муқаддас содиқ набудан мумкин?» 
Усули кори Тоҷибой ба ин шакл аст, ки ҳар ҷо равад, бо ҳар касе домани суҳбат густарад, ҳатман аз тариқе ба дили ӯ роҳ меёбад. Ин на танҳо ба хотири ҳунари дилёбии ӯ, ҳамчунин аз маҳорати забондонии ӯст. Устоди мо ба роиҷтарин забонҳои кишварамон – ӯзбекию русӣ ворид аст. Ба туфайли ин маҳорат ӯ дар ҳеч ҷо ба мушкилӣ ва бумбаст дучор намеояд. Ӯ шиоре барои худ дорад, ки гирифта аз зарбулмасалҳои африқоист: «Агар мехоҳӣ одамон сухани туро бифаҳманд, ба забони худашон суҳбат кун!»
Соли 1995 ӯ чун «Беҳтарин журналисти сол» дар Ӯзбекистон шинохта шудааст. Хидматҳои дар журнализми мактабу маориф анҷомдодаашро ба эътибор гирифта, соли 2001 ӯро бо унвони «Аълочии таълими халқ» сарфароз гардонданд. Соли 2021 бино ба фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бахшида ба Рӯзи дӯстии халқҳо барои саҳми арзандааш дар таҳкими дӯстӣ ва ризоияти байни миллатҳо, хидматҳои бузургаш дар ҳифз ва рушди фарҳангҳои ба худ хоси миллӣ бо мукофоти давлатӣ – ордени «Дӯстлик»  сарфароз гардонда шуд. 
Солҳо гузаштаву ин марди ростин дар ҷабин чинҳоро мебинад, бехабар аз он, ки ҳар тори чин гувоҳӣ аз солорӣ, аз рӯзгори босаодат аст. Бо эҳтиром ба солу ба фитрати ростинаш сухани Мавлоно ба ёд меояд:
Гуфт, ғайри ростӣ нарҳонадат,
Дод сӯйи ростӣ мехонадат! 
     
Саодат БЕКНАЗАРОВА,
«Овози тоҷик»,
Юнуси ИМОМНАЗАР, 
нависанда. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: