Ширкати Қатар барои татбиқи як қатор лоиҳаҳо дар Ӯзбекистон сармоягузорӣ мекунад

Мулоқоти раиси Кумитаи сайёҳӣ Умид Шадиев ва ҳайати вакилон таҳти роҳбарии муовини раиси раёсати ширкати «Power International Holding»-и Қатар Морис Гаттас баргузор гардид.

Ба меҳмонони хориҷӣ дар бораи имкониятҳои сайёҳии Ӯзбекистон ва ислоҳоти давлат дар солҳои охир дар соҳаи сайёҳӣ маълумот дода шуд.

Дар мулоқот масъалаҳои ҷалби сармояи Қатар ба рушди инфрасохтори сайёҳии Ӯзбекистон, аз ҷумла сохтмони меҳмонхонаҳо дар шаҳрҳои таърихии кишвари мо, бунёди роҳи оҳан барои қатораҳои баландсуръат ва роҳи пулакӣ дар самти "Тошканд – Самарқанд", инчунин лоиҳаҳо оид ба созмон додани боғи байналмилалии умумимавсимии мавзӯӣ дар вилояти Тошканд баррасӣ шуданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: