Шумораи умумии корхонаҳои навтаъсис дар моҳҳои январ-майи соли 2023 40,1 ҳазор ададро (ба истиснои хоҷагиҳои фермерию деҳқонӣ) ташкил дод.
Тибқи маълумоти Агентии омор, аз рӯи намудҳои фаъолияти иқтисодӣ онҳо чунин ташаккул ёфтаанд:
дар савдо - 14 814 адад;
дар саноат — 6 691 адад;
дар хоҷагии қишлоқ, ҷангал ва моҳидорӣ — 4 721 адад;
дар соҳаи хидматрасонӣ оид ба буду бош ва хӯрокворӣ - 2 460 адад;
дар сохтмон - 2 128 адад;
дар кашондан ва нигоҳодорӣ — 1 908 адад;
дар соҳаи иттилоот ва алоқа – 1 335 адад;
дар соҳаи тандурустӣ ва хизматрасонии иҷтимоӣ – 629 адад;
дар навъҳои дигар — 5 414 адад.