Ӯзбекистон ва Миср сайъ доранд кӯпруки мустаҳками ҳамкориро натанҳо байни кишварҳои мо, балки миёни ду минтақа бунёд кунанд

  • Ӯзбекистон ва Миср сайъ доранд кӯпруки мустаҳками ҳамкориро натанҳо байни кишварҳои мо, балки миёни ду минтақа бунёд кунанд

Бинобар натиҷаҳои музокирот дар сатҳи олӣ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Мисри Араб Абдулфаттоҳ ас-Сиси барои воситаҳои ахбори оммавӣ баёнот доданд.

Сарвари давлатамон барои истиқболи самимӣ ва меҳмоннавозӣ нисбати ҳайати Ӯзбекистон дар сарзамини бостонӣ ва нотакрори Миср миннатдории амиқ баён кард. Қайд гардид, ки Ӯзбекистон аз дастовардҳои бузурги роҳбарият ва мардуми Миср самимона шод аст.

Дар ҷараёни музокирот роҳбарони ду давлат якдилона ибрози назар карданд, ки барномаҳои васеъмиқёси ислоҳот – Стратегияи Ӯзбекистони Нав ва «Ҷумҳурии Нав» дар Миср умумияти зиёд доранд, корҳо дар самти таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва коҳиши камбизоатӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва рушди инфрасохтори шаҳрҳо ҳамоҳанг идома доранд.

– Мо ният дорем бо саъю кӯшиши муштарак натанҳо байни кишварҳоямон, балки минтақаҳои аз ҷиҳати стратегӣ муҳими мо пули мустаҳками ҳамкориро бунёд кунем, – қайд кард роҳбари кишварамон.

Дар мулоқоти сарони давлатҳо масъалаҳои фаъолгардонии машваратҳои сиёсӣ, тавсеаи ҳамкориҳои гуногунҷанба дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, нақлиётию логистикӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва амният муфассал баррасӣ шуданд.

Махсусан таъкид шуд, ки аз имконияту иқтидори бузурги мавҷудаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ба таври пурра истифода намебаранд, дар робита ба ин зарурати ба кор даровардани механизмҳои амалӣ ва чораҳои самарабахши афзоиши гардиши мол изҳор гардид. Ба ин натиҷаҳои чорабиниҳои тиҷоратие, ки дар арафаи сафар барпо гардиданд, низ мусоидат мекунанд.

Дар бораи муштарак татбиқ намудани лоиҳаҳои энергетикаи «сабз», коркарди хатсайрҳои оптималии нақлиётӣ, ки ду давлатро мепайвандад, истифодаи имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ташкили парвозҳои мустақим ба мувофиқа расиданд.

Сарвари давлати мо бори дигар изҳори омодагӣ кард, ки барои ширкатҳои мисрӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои мутақобилан судманд дар кишвари мо тамоми шароитро фароҳам месозад.

Аҳд карда шуд, ки таҷрибаи дастгирии фаъолонаи ҳамдигар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ идома дода шавад. Роҳбарон ба тавофуқ расиданд, ки бояд саъю кӯшиш оиди ба эътидол овардани вазъият дар Афғонистон, мусоидат ба мардуми ин кишвар суст карда нашавад.

Халқҳои моро риштаҳои деринаи дӯстӣ мепайвандад, ки дар умумӣ будани дин, монандии анъанаву урфу одатҳо ифода ёфтаанд. Ба ин муносибат қайд гардид, ки масъалаҳои мубодилаҳои илмӣ ва таълимӣ, якҷоя омӯхтани таъриху фарҳанги умумии мо, пурзӯр намудани равобити ҷавонон ва эҷодӣ доимӣ дар рӯзномаи ҳамкории дуҷонибаи фарҳангию гуманитарӣ қарор хоҳад гирифт.

Дар ин ҷанба омодагӣ ба ташкили сафарҳои мутақобилаи шоирону адибон, арбобони санъат ва фарҳанг изҳор гардид.

Президенти кишварамон ташаббуси ташкил кардани ҷамъияти илмии дӯстии олимони ду кишварро барои амиқ омӯхтан ва дар байни ҷавонон тарғиб намудани ҳаёти ибратбахш ва мероси илмии олими бузург Аҳмад Фарғонӣ пеш гузошт.

Сарвари давлатамон дар анҷоми суханронии худ изҳори боварии қатъӣ намуд, ки натиҷаи ҳамоиши Ӯзбекистону Миср муносибатҳои дуҷонибаро ба дараҷаи сифатан нав бароварда, ба манфиати халқҳои дӯстамон ба онҳо хусусияти дарозмуддат мебахшад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: