НАМОИШГОҲҲОИ БАЙНАЛХАЛҚӢ БАРОИ БА РОҲ МОНДАНИ РОБИТАҲОИ ТИҶОРАТӢ ХИДМАТ МЕКУНАНД

  • НАМОИШГОҲҲОИ БАЙНАЛХАЛҚӢ БАРОИ БА РОҲ МОНДАНИ РОБИТАҲОИ ТИҶОРАТӢ ХИДМАТ МЕКУНАНД
  • НАМОИШГОҲҲОИ БАЙНАЛХАЛҚӢ БАРОИ БА РОҲ МОНДАНИ РОБИТАҲОИ ТИҶОРАТӢ ХИДМАТ МЕКУНАНД

Дар Намоишгоҳи миллии «Ӯзэкспомарказ»-и шаҳри Тошканд намоишгоҳҳои байналхалқии ҳабдаҳуми UzEnergyExpo ва дувоздаҳуми UzStroyExpo баргузор шуданд.

Дар намоишгоҳҳои мазкур, ки аз ҷониби ҷамъияти масъулияташ маҳдуди  International Expo Group созмон дода шуд, зиёда аз 200 ширкати энергетикӣ ва сохтмонии Ӯзбекистон, Австрия, Арманистон, ИМА, Белорусия, Эрон, Ҳиндустон, Куриёи Ҷанубӣ, Озарбойҷон, Қазоқистон, Русия, Чин, Туркманистон ва Туркия иштирок карда, имкониятҳои худро намоиш доданд. 
Бояд қайд кард, ки 70 фоизи иштирокдорони онҳо хориҷиён, 30 фоиз бошад, истеҳсолгарони ватанӣ буданд. UzEnergyExpo яке аз намоишгоҳҳои бузургтарини энергетикӣ дар минтақа ба шумор меравад ва бинобар афзоиши рекордии 107 фоизи намоишҳои соли равон намояндагони амалан тамоми самтҳои асосии маҷмӯи энергетикиро ҷамъ овард. 
Дар қисмати зиёди девораҳои намоишгоҳи UzStroy-Expo маводи сохтмонӣ қисмҳои барои кран ва лифтҳо, ашёи хом ба намоиш гузошта шуданд. Дар майдончаи кушод истеҳсолгарони техникаи бинокории Чин намунаҳои мошинҳои гаронвазни баландтехнологиро намоиш доданд. 
Ин намоишгоҳҳои анъанавии байналхалқӣ барои ба роҳ мондани робитаҳои нави тиҷоратӣ, мубодилаи таҷриба бо ҳамкорон, бо инноватсия ва анъанаҳои соҳаҳои худ шинос кардани онҳо хидмат мекунанд.
Тавре ки менеҷери тиҷоратии ширкати Vent Systems Сардор Тоҷиев гуфт, иштирок дар намоишгоҳ омили муҳими баланд бардоштани харидоргирии маҳсулот ба шумор меравад.
– Аз соли 2021 боз ширкати мо таҷҳизоти бодбезӣ истеҳсол мекунад, мо тақрибан сӣ шаҳрвандро бо кор таъмин кардем. Ҳоли ҳозир маҳсулотамон  дар Ӯзбекистон ва кишварҳои ҳамсоя талаботи зиёд дорад, – мегӯяд соҳибкор. 
Директори Soventus Energy Сорбонхон Саидмуҳаммадхонов низ дар бораи фаъолияти ширкат ва нақшаҳои оянда нақл кард. 
– Пештар мо бо фурӯши батарея ва таҷҳизоти офтобӣ машғул будем, ҳоло бошад батареяҳои офтобиро ба муассисаҳои давлатӣ ва хонаҳо устувор мекунем, хидмати онҳоро тӯли се сол таъмин менамоем, муносибатҳои худро бо ширкатҳои хориҷӣ мустаҳкам месозем. Ният дорем, ки лоиҳаҳои иқтидорашон то 2 ва 2 гигаваттро ба фурӯш бароварем. Иқтидоре, ки то имрӯз муқаррар шудаанд, 20 мегаваттро ташкил медиҳанд, – гуфт С. Сайидмуҳаммадхонов. 

Насиба ЗИЁДУЛЛОЕВА, хабарнигори ӮзА. 
Суратгир: 
О. ПАРДАЕВ (ӮзА). 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: