«УМЕДИ ХАЛҚ РАВО КУН БА МАРҲАМАТ...»

Рӯзи истироҳат чун одат ба ҳавлӣ баромада хостам дар ҳавои кушод каме сайр кунам.

Ҳамсояи девордармиёнам Муҳайёхон, ки ба қарибӣ ба ин маҳалла кӯч баста буд, дар ду даст сумкаҳои вазнин меомад ва маро дида борашро ба замин гузошт ва ҳар ду пурсупос кардем. 

– Ҳамсоя, бегоҳ ба хона дароед. Бурёкӯбон мекунам, модарам, бародарам ва дигар хешу пайвандон меоянд. Аз ҳамсояҳои нав ҳам 5-6 касро даъват кардам, – гуфт Муҳайёхон. 
Ҳамон бегоҳ ба хонаи ӯ меҳмон шудам. Дертар хостам бо ин ҷавонзани кушодачеҳра, ки саробонии оила ба зиммаи ӯст, суҳбат кунам.
– Бо ҷавоне аҳду паймон баста оила бунёд намудем ва соҳиби духтарча шудем. Хонаамон якҳуҷрагӣ буд. Баъдтар бародарам онро таъмир карда дод. Рӯзе дарро касе кӯфт. Дар паси дар марди ношиносе меистод ва ӯ шавҳарамро пурсид. Баъди дар хона нест, ба кор рафт гуфтани ман, ӯ дарғазаб шуда гуфт: 
– Панҷ моҳ боз ҳаққи иҷораро намедиҳад, ӯро ба суд медиҳам. Ба шумоён се рӯз муҳлат, хонаро холӣ кунед.
Вуҷудам аз тарс ва ҳам аз ҳилаву найранги шавҳарам ба ларза даромад. Ӯ хонаи худам гуфта, маро фиреб дода будааст. То бегоҳ бесаброна ӯро интизор шудам. Вақте ба хона омад, воқеаро гуфта додам.
– Чаро хонаи худам гуфта маро фиреб додӣ, чаро бо ваъдаҳои хушку холӣ домани маро пур кардӣ?, –  гирякунон пурсидам аз ӯ.
– Ман зану фарзанд дорам, туро бо хона таъмин карда наметавонам, – бешармона инро гуфта аз хона берун шуд. Дунё ба назарам торик шуд, ба куҷо рафтану ба кӣ муроҷиат карданро намедонистам. Худро сарзаниш мекардам: «Наход мани содда, кӯтоҳандеш ва нодон фиреб хӯрда бошам? Бо ин кӯдаки хурдсол куҷо меравам, ӯро чи тавр ба воя мерасонам?»
Баъди се рӯз соҳибхона омада ману духтарчаамро аз хона берун кард. Бо дидаи гирён, дар бағал кӯдак ба хонаи падар баргаштам...
Дертар бародарам аз пайи пайдо кардани шавҳарам шуд ва маълум гардид, ки ӯ оила доштааст, ғайр аз мардикорӣ дигар ҳунаре надоштааст. Ҳоло ӯ ба духтарчаам алимент медиҳад. Панҷ сол дар ҳавлии падар бо модарам, бародарам, янгаам ва чор фарзанди онҳо зиндагӣ кардам. Бародарам ба ману духтарчаам меҳрубон аст, аммо намехоҳам ҳавлии танги ӯро боз тангтар кунам. Бо маслиҳати фаъолони маҳалла ба ҳокимияти ноҳияи Мирзо Улуғбеки пойтахт муроҷиат кардам. Муроҷиати мани сарсахт ба зудӣ ҳаллу фасл гардид. Аз маҳаллаи «Янги Чоштепа»-и ноҳияи Сергели бепул соҳиби хонаи якҳуҷрагӣ шудам. Аз дидагони бенури модари солхӯрдаам, ки дар ғами ман дилаш хун мешуд ва ба тақдири ман худро гунаҳкор меҳисобид, ашки шодӣ шашқатор шуданд. Модарам беист роҳбари давлатамонро дуо мекунанд: «Сарвари давлат илоҳо кам нашаванд, сари муҳтоҷонро сила карданд. Камии он касро Худо зиёда кунад», – дар ҳамин ҷо ҳамсуҳбати ман Муҳайёхон Зокирова нақли худро ба охир расонд.
Оре, ҳар кӣ хоҳад, ки ҳоҷати ӯ раво бошад, бояд ҳоҷати дигарон барорад. Дар «Ахлоқи Мӯҳсинӣ»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ дар боби ҳоҷатбарорӣ чунин гуфта шудааст: «Искандари Зулқарнайн рӯзе то шаб дар маҷлиси ҳукумат нишаста буд ва ҳеҷ кас рафъи ҳоҷате накард, чун вақти бархостан шуд, надимони худро гуфт, ки ман имрӯзро аз ҳисоби умр нашуморам. Яке аз надимон гуфт: «Рӯзе, ки дар ин сиҳату фароғат гузарад ва дар саломату каромат ба шаб расад ва хазинаи маъмуру сипоҳ мукаммал бошад. Агар малик имрӯзро умр ҳисоб накунад, пас кадом рӯзро дар шумори умр тавон овард?» Гуфт: «Рӯзе, ки аз подшоҳ роҳате ба матлубе нарасад ва ҳоҷати маҳруме раво нагардад, чӣ гуна аз умр тавон шумурд?»
Байт: 
Умеди халқ раво кун ба марҳамат, ки ту низ,
Муқаррар аст, ки бо худ умедҳо дорӣ.
Бидеҳ муроди фақирон ба лутф, то бидиҳад
Муродҳо, ки ту бо ҳазрати Худо дорӣ.

Саодат БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик». 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: