Дар Токио мулоқоти раҳбарони вазоратҳои энергетикаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷопон баргузор шуд

Мулоқоти вазирони энергетикаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷопон дар чаҳорчӯби чорабинии байналмилалии ҳафтаи «Tokyo GX Week», ки таҳти сарпарастии Вазорати иқтисод, тиҷорат ва саноати Сарзамини тулӯи офтоб баргузор мешавад, сурат гирифт.

Дар мулоқот вазири иқтисод, савдо ва саноати Ҷопон Ясутоши Нисимура, вазири энергетикаи Ӯзбекистон Ҷӯрабек Мирзомаҳмудов (онлайн), вазири энергетикаи Қазоқистон Алмасадам Сатқалиев (онлайн), вазири захираҳои табиӣ, экология ва назорати техникии Қирғизистон Мелис Турғунбоев, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа, вазири давлатии Туркманистон – раиси консерни давлатии «Туркмангаз» Максат Бабаев, роҳбарону кормандони намояндагиҳои дипломатӣ иштирок карданд, хабар медиҳад АИ "Дунё".

Ҷаласаро ифтитоҳ намуда, вазири Ҷопон Ясутоши Нишимура аҳамияти Осиёи Марказиро аз нигоҳи ҷуғрофӣ ва сиёсӣ қайд кард. Вай ҳамчунин изҳор дошт, ки ҷониби Ҷопон ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва энергетикии Ҷопон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунад.

Ясутоши Нишимура аҳамияти бузурги тавсеаи ҳамкориҳои байни кишварҳо, рушди энергияи муқобил, рушди технологияи энергетикаи  гидроген ва ҷорӣ кардани технологияҳои забти гази карбон барои гузариш ба иқтисоди сабзро таъкид кард.

Дар ин дидор вазирони кишварҳои Осиёи Марказӣ суханронӣ карда, дар бораи гузариш ба энергетикаи сабз дар кишварҳои худ, коҳиши партовҳои гази карбон, ҷорӣ кардани энергияи алтернативӣ ва ҳамчунин доир ба сиёсати давлатӣ ва барномаҳои дар ин самт татбиқшаванда маълумоти муфассал доданд.

Дар ҷамъбасти мулоқот изҷҳороти якҷоя қабул карда шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: