Олимони Институти SETI эълон карданд, ки дар Миррих вулқони нави азим кашф шудааст.
Ба ин объект номи Ноктис, ки маънои "шаб"-ро дар лотинӣ дорад, дода шуд.
Ноктис дар минтақаи Тарсис ё Фарсида дар наздикии экватори Миррих ҷойгир аст. Дар худи ҳамин ҳудуд вулқонҳои азими Миррих: Монс-Павонис (баландиаш — 14000 метр), Монс-Аскрей (18000 метр) ва Монс Арсия (19000 метр) ҳастанд.
Ба гуфтаи коршиносон, ин вулқон нисбат ба вулқонҳои дигари Сайёраи Сурх бештар ба эрозия дучор омадааст ва нисбатан поинтар аст. Диаметри он 450 километр ва баландиаш ба 9022 метр мерасад, хабар медиҳад report.az.