ПЕШРАВИИ ИҚТИСОДӢ ДАР ТАРАҚҚИИ МАМЛАКАТ ҲАМЧУН ОМИЛИ АСОСӢ ХИДМАТ МЕКУНАД

Лоиҳаи “Стратегияи тараққиёти Ӯзбекистони Нав барои солҳои 2022-2026”, ки дар байни мардум ба муҳокимаҳои зиёд сабаб гардид, 28 январи соли равон бо фармони Президенти мамлакат таҳти рақами ФП-60 ҳукми қонуниро касб намуд.

Ин ҳуҷҷат ғайр аз он ки аз тарафи ҷомеаи кишварамон хеле бо хурсандӣ истиқбол гирифта шуд, дар миқёси байналмиалӣ низ эътироф гардидаву вокунишҳои мусбатро ба бор овард. 
– Сабаби чунин вокунишҳо мазмун ва мундариҷаи ғании ин ҳуҷҷат мебошад, ки тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакатро фаро гирифтааст. Тавре ки огоҳ ҳастем, одамони касбу кори гуногун аз ҳуқуқҳои конститутсиониашон дар ин росто истифода карданд ва бо фикру пешниҳодҳои ҷолиби худ лоиҳаи “Стратегияи тараққиёти Ӯзбекистони Нав барои солҳои 2022-2026”-ро боз бештар пурмуҳтаво ва ғанӣ гардониданд, – мегӯяд коршиноси масъалаҳои иқтисодӣ Адҳам Ҳусейнов. – Барномаи давлатӣ низ қабул гардид ва барои иҷрои фармон “Дар бораи стратегияи тараққиёти Ӯзбекистони Нав барои солҳои 2022-2026” дар “Соли гиромидошти қадри инсон ва маҳаллаи фаъол” заминаи мусоид фароҳам овард.
– Мехостем шумо бештар перомуни ҷанбаҳои иқтисодии ин ҳуҷҷати муҳим ибрози назар кунед. 
– Дар даврае, ки мо ба сар мебарем, як қатор истилоҳоти нав дар ҳаёти ҷомеа корбаст мешаванд. Яке аз чунин падидаҳо ибораи “Ӯзбекистони Нав”-ро метавон мисол овард, ки бемуҳобот, худ аз худ рӯи кор наомадааст. Дар ҷомеаи мо қадри инсон хеле гиромӣ дошта мешавад ва давлатамон низ ба унвони “Давлати халқпарвар” дар дохил ва хориҷи кишвар вирди забонҳо гаштааст. Ин, албатта, боиси ифтихори ҳар як шаҳрванди кишвари соҳибистиқлоли мост. Президент Шавкат Мирзиёев ҳамеша ба мардум такя мекунад ва ҳатто ӯро муаллифи ислоҳотҳои тоза ба тоза муаррифӣ менамояд. Ин аз тарафи сарвари давлат эътирофи хеле беназир ва ҳаққонӣ нисбат ба халқ мебошад.
Яке аз бандҳои асосии Барномаи давлатӣ “Дар бораи Стратегияи тараққиёти Ӯзбекистони Нав барои солҳои 2022-2026” маҳз тараққӣ додани иқтисодиёти миллӣ ва таъмини суръати афзоиши он мебошад. Барои ҳамин дар соли 2022 чораҷӯӣ бояд кард, ки сатҳи таваррум то ба 9 фоиз ва касри буҷа то ба 3 фоиз коҳиш ёбад. Гузашта аз ин, ҳамин сатҳи таваррум ва камбуди Буҷаи давлатӣ минбаъд низ нигоҳ дошта шавад, яъне камбуд рӯ ба афзоиш наоварад.
То охири соли 2026 раванди трансформатсия дар банкҳои тиҷоратии давлатӣ бояд ба анҷом расонида шавад ва ҳиссаи бахши хусусӣ дар дороиҳои бонкҳо 60 фоизро ташкил намояд. Гуфта мешавад, ки бар асоси фармони Президенти мамлакат ин ҷо Девони Вазирон ва Бонки марказӣ муваззаф мебошанд, ки дар ҳамкорӣ суръати рушди баланди иқтисодиро нигоҳ дошта, барои таъмини барқарории макроиқтисодӣ ба таври мунтазам чораҷӯиҳои амалӣ пиёда мекунанд.
Афзалиятнокии дигаре, ки ба нафъи мардум ва субъектҳои соҳибкории кишвар мебошад, шурӯъ аз соли 2023 андоз аз арзиши иловашуда бояд то 12 фоиз ва меъёри андоз аз даромад дар соҳаҳои тиҷорат, аз қабили бонкӣ, молия ва телекоммуникатсия  то 15 фоиз кам карда шавад.
– Дар ин замина Вазорати молия ва Қумитаи андоз бояд якҷоя то 1 сентябри соли 2022 лоиҳаи қонунеро бояд ба Девони Вазирони ҷумҳурӣ тақдим намоянд, ки ворид кардани тағйирот ва иловаҳоро ба Кодекси андози Ҷумҳурии Ӯзбекистон мадди назар гирифта бошад. Ин бар он маънӣ мебошад, ки коҳиши меъёрҳои нишондодашуда ҳукми қонуниро касб хоҳанд кард ва касе наметавонад онро дигаргун кунад, – мегӯяд коршиноси масъалаҳои иқтисодӣ Адҳам Ҳусейнов. 
– Масъалаи ҷорӣ намудани технологияҳои “Иқтисодиёти сабз” барои тамоми соҳаҳо низ дар меҳвари фармони  “Дар бораи Стратегияи тараққиёти Ӯзбекистони Нав барои солҳои 2022-2026”  қарор дода шудааст. Дар ин маврид назари шумо чи гуна аст?
– Аввал дар ташреҳи мундариҷаи “Иқтисодиёти сабз” гуфтаниам, ки он асри гузашта пайдо шудааст ва як қисми таркибии муҳити табиӣ мебошад. Он системаи иқтисодиест, ки рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиро дар баробари экологияи сайёра ва ҳифзи он ҳадафи асосӣ қарор додааст. Ба ибораи дигар, ин ду вожа самти нави фаъолияти иқтисодӣ мебошад, ки ба ҳифзи захираҳои барои ҳаёт ва саломатии инсон муҳим, инчунин ҳифзи муҳити экологӣ ва амсоли он нигаронида шудааст. 
Муддати ҷорӣ намудани технологияҳои “Иқтисодиёти сабз” дар мамлакатамон то соли 2026  идома пайдо мекунад. Дар ин давра мутасаддиёни ҳамаи соҳаҳо вазифадоранд, ки барои 20 фоиз баланд бардоштани самаранокии энергетикии иқтисодиёт ва ба 20 фоиз коҳиш додани партовҳо ноил шаванд. 
Дар фармони сарвари давлат дар бораи “Стратегияи тараққиёти Ӯзбекистони Нав барои солҳои 2022-2026” доир ба он гуфта шудааст, ки вазоратҳои энергетика ва сохтмони ҷумҳурӣ то 1 март барномаҳои васеъ ва дастгирии истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва баланд бардоштани самаранокии энергетикии биноҳо ва иншоотҳои иҷтимоӣ, тиҷоратӣ ва маъмуриро андешанд ва ба сифати лоиҳа ба Девони Вазирон тақдим кунанд. Вақте ки ин бевосита дар ҳаёт татбиқ мегардад, дар ҳаёти рӯзмарраи мардум дигаргуниҳои ҷиддӣ эҳсос мешаванд.
Агар ба забони оддӣ ин мақсаду маром тавзеҳ ёбад, чунин бармеояд, ки сатҳи болоравандаи талабот оҳиста қонеъ мегардад, ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ афзоиш меёбад, ҳиссаи бахши хусусӣ дар низомӣ бонкӣ аз 18 ба 60 фоил боло меравад, меъёрҳои андоз ба манфиати мардум ва соҳибкорон коҳиш дода мешавад. 
Ҷалби ҳарчи бештари сармояҳои хориҷӣ барои корбаст дар субъектҳои давлатӣ ва хусусӣ низ омили муҳиме мебошад, ки иқтисодиёт беш аз пеш ривоҷ ёбад. Дар он сурат ҳаҷми содири маҳсулот низ худ аз худ меафзояд. Самти дигари кор ба сарфакории манбаъҳои об нигаронида шудааст. Президенти мамлакат муваззаф месозад, ки солона на камтар аз 7 миллард метри мукааб об сарфакорӣ шавад.
Васеъ намудани базаи хӯроки чорво ва афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти он ба 1,5-2 баробар, инчунин рушди истеҳсоли меваву сабзавот, ба 3 баробар тавсеа додани майдони боғҳои интенсивӣ ва ба 2 баробар васеъ намудани гармхонаҳо мусоидат хоҳанд кард, ки салоҳияти содиротии мамлакатамон ба 1 миллиард доллари амрикоӣ боло равад.
Мувофиқи фармон дар 14 ноҳияи шароиташ вазнин меъёрҳои хоси андоз муқаррар карда мешаванд. Аз ин ҳисоб ба рушди соҳибкорӣ дар ин ноҳияҳо шароити мусоид фароҳа оварда хоҳад шуд.
Ногуфта намонад, ки боло рафтани иқтисодиёт ба рушди сайёҳӣ низ вобастагии қавӣ дорад. Аллакай дар мамлакати мо дар ин самт корҳои зиёд анҷом дода мешаванд. Вазорати туризм ва варзиш дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои гуногун талош ба харҷ медиҳад, ки аз ҷойҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва экологии кишварамон сайёҳони зиёд боздид ба амал оваранд. Дар ин замина фармони Президенти мамлакат дастандаркорони ин соҳаҳоро вазифадор намудааст, ки дар доираи барномаи “Саёҳат ба сарзамини Ӯзбекистон” теъдоди сайёҳони дохилӣ ба 12 миллион нафар ва теъдоди сайёҳони хориҷӣ ба 9 миллион нафар афзоиш ёбад.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».  
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: