СОЛИ НАВ ВА УРФУ ОДАТҲО

Соли нав дар мекӯбад.

 Инсоният дастовардҳои соли куҳанро ҷамъбаст ва нақшаи фаъолияти Соли навро раҳандозӣ мекунад. 
Соли нав чист? Соли навро аз кай ид мекунанд? Дар қадим Соли навро чӣ гуна ва кай ҷашн мегирифтанд?
Барои посух ба ин пурсишҳо ба шабакаҳои интернет муроҷиат намудем ва дар ин замина маводи мазкур ба даст омад.

Соли нав ҷашни асосии тақвимӣ буда, дар лаҳзаи гузариш аз рӯзи охирини сол ба рӯзи аввали соли оянда рух медиҳад. Онро бисёр халқҳо бинобар тақвими қабулшуда ҷашн мегиранд. 
Ибтидои Соли нав – 1 январ аз ҷониби ҳокими Рим Юлий Сезар соли 46 пеш аз милод қабул шуда буд. Дар Руми бостон ин рӯзро ба Янус бахшида буданд. Моҳи январ аз номи Янус баромада, ки ба ду чеҳра тасвир ёфтааст: яке ба пеш ва дигаре ба қафо тасвир ёфтааст.

Ҳангоми кофтуковҳои ҳафриётӣ дар аҳромҳои Мисри Қадим бостоншиносон шикастапораи кӯзаеро пайдо намуданд, ки дар он «Ибтидои Соли нав» сабт шуда буд. Дар Мисри Қадим Соли нав ҳангоми обхезиҳои дарёи Нил ҷашн гирифта мешуд, ки одатан моҳи сентябр рух медод. Обхезиҳо муҳим буданд, зеро танҳо онҳо биёбонҳои Мисрро шодоб мегардониданд. Мисриҳо дар Соли нав ҳайкалҳои худояшон Амон, ҳамсар ва писарашро дар киштие мегузоштанд ва як моҳ дар дарёи Нил шино мекарданд. Тӯли ин вақт саворони киштӣ рақсу бозӣ, сурудхониву хурсандӣ мекарданд. Баъд ҳайкалҳоро боз ба ибодатгоҳ мегардонданд.
***
Римиёни қадим ҳанӯз то милод ба ҳамдигар туҳфаҳои солинавӣ тақдим мекарданд ва шаби Соли навро бо майнӯшиву базмороӣ мегузарониданд. Онҳо ҳамдигарро бо фарорасии Соли нав муборакбод намуда, бурдбориву муваффақият мехостанд. Римиён муддате Соли навро моҳи март ҷашн мегирифтанд.
Чун Юлий Сезар тақвими нав ҷорӣ намуд, таҷлили Соли нав 1-уми моҳи январ муайян гардид. Иди Соли навро «календа» мегуфтанд.
Дар арафа ва рӯзи Соли нав одамон хонаҳоро тоза кардаву оро дода, ба ҳамдигар туҳфаҳо медоданд. Ғуломон бо ғуломдорон якҷоя хурсандӣ мекарданд. Римиёни сарватманд ба император туҳфаҳо месупурданд.
***
Дар Бобулистони қадим Соли навро баҳорон ҷашн мегирифтанд. Дар давраи ҷашн шоҳ чор-шаш шабонарӯз аз шаҳр берун мерафт. Мардум хурсандиву шодмонӣ мекарданд.  
***
Келтҳо ва сокинони Галия (ҳудуди Фаронсаи ҳозира ва қисми Англия) Соли навро дар охири моҳи октябр ҷашн мегирифтанд. Келтҳо хонаҳояшонро бо шохчаҳои дарахт оро медоданд, то ҷинҳоро аз хона дур кунанд. Онҳо ақида доштанд, ки гӯё дар Соли нав рӯҳу арвоҳи мурдагон аз нав зинда мегардад.
***
Дар Англияи асри миёна Соли нав аввали моҳи март таҷлил мешуд. Бо қарори парлумон аз соли 1752, рӯзи ҷашн ба 1-уми январ гузаронида шуд.
Дар замонҳои қадим ҷашнгирии Соли нав дар фасли баҳор ба ҳукми анъана даромада буд. Зеро баҳор айёми бедоршавӣ аст, табиат аз нав зинда мешавад. 
***
Дар Русия низ Соли навро 1-уми моҳи март таҷлил мекарданд. Дар асри 14 калисои ҷомеъи Маскав  қароре баровард, ки мувофиқи он Соли нав 1-уми сентябри тақвими юнонӣ ҷашн гирифта мешуд. Соли 1699 Пётри 1 баъди аз Аврупо баргаштан бо фармони махсус солшумориро ба 1-уми январ кӯчонд ва ин санаро рӯзи ид эълон кард.
***
Аҳолии Осиёи Марказӣ Соли нави худро аз замонҳои қадим ҷашн мегирифтанд. Тибқи китоби «Занд»-и зардуштиён Худо оламро дар шаш гоҳ (яъне шаш ҳангом) офарид ва ибтидои ҳар гоҳ ба муддати панҷ рӯз ҷашн гирифта мешавад. Гоҳанбори шашум Ҳамаспадмадам (Ҳамаспадмаедайа – ҳаракати сипоҳ) ном дошта, он 11-уми даймоҳи қадим аст, яъне аз 25 то 29-уми исфандмоҳ идома меёбад. Дар солшумории имрӯза он ба 20 март мувофиқ меояд. Пас аз ин ҷашн рӯзи 1-уми фарвардинмоҳ (21 март) Наврӯз фаро мерасад. Аз он вақт то ба имрӯз иди Наврӯзро чун Соли нав ҷашн мегиранд.
***
Дар Ӯзбекистон Соли нави милодӣ тибқи қарори Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС аз 1 январи соли 1947  таҷлил мегардид, имрӯз он ба иди умумихалқӣ мубаддал шудааст. 
Аз 23 декабри соли 1947 бо фармони Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС 1 январ рӯзи истироҳат эълон шудааст. Мардуми мо ҳар сол Соли навро ду маротиба – 21 март ва 1 январ бо тантана ҷашн мегиранд. Дасторхони солинавии милодӣ бо таомҳои гуногуну болаззат ва меваҷот оро дода мешавад, мардум ҳамдигарро бо фарорасии Соли нав шодбош мегӯянд.

Ӯзбакбойи РАҲМОН, 
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: