СИЛСИЛА – ДУХТАРИ САМАРҚАНД

Қиссае аз ҳаёти тарҷумони «Шоҳнома»-и безавол

Дар бораи Силсилабону – завҷаи шоири бузург Абулқосим Лоҳутӣ, фаъолияти эҷодӣ, ҳаёти шахсиву оилавиаш чиҳо медонем?
Аксарияти онҳое, ки аз адабиёти муосири тоҷик, ташаккулу ривоҷи он баъди табаддулоти октябрӣ  огоҳӣ доранд, аз маҳорати баланди тарҷумонии ӯ бохабаранд, яъне вай, қабл аз ҳама, чун мутарҷим машҳур буда, дар тарғиби шеърияти бузурги форсӣ, алалхусус «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ хидмати сазовор кардааст.
Силсилабону, назар ба асоси манбаъҳое, ки дастрасанд, баъди ба Самарқанд омадан, барои он ки тоҷикиро омӯзад, чанд муддат дар «Овози тоҷик», ки нав ташкил ёфта буд, чун котиба ва ҳуруфчин фаъолият кард. Дилбастаи шеърият буд, саъй менамуд аз ашъори классикҳоямон намунаҳо қироат ва бо тоҷикӣ дар маҳфилҳои адабӣ баромад кунад. Бо лаҳни андак сактадор, вале овои ширанок ба тоҷикӣ шеърхонии яҳудидухтар эътибори умумро ба худ мекашид. Дар «Овози тоҷик» дер фаъолият набурд, баъде Лоҳутиро ба Душанбе хонданд, аз Самарқанд ба пойтахти нави тоҷикон кӯч баст. Чун шарқшинос фаъолияти илмӣ пеш бурд. Баъдтар тақдир ӯву шавҳарашро, ки аллакай аз сафи шоирони пешбари мамлакат ҷой гирифта буд, ба Маскав пайваст. Чун муҳаққиқи ҷараёнҳои адабӣ дар съезди якуми нависандагон, ки соли 1934 баргузор гардид, ширкат ҷуст ва бо Максим Горкий – сарпарасти адабиёти умумииттифоқ шинос гардид. Горкий гуфт, адабиёти форс-тоҷик баҳрест беҳудуд, вале дурдонаҳои он ҳанӯз ба ташнагони сухан, алоқамандони илму адаби дунё дастнорас. Маслиҳат дод классикҳоро ба русӣ тарҷума кунад. Аз ҳамон вақт сар карда, вай ба тарҷумонӣ шурӯъ намуд. Абулқосим Лоҳутӣ ӯро дастгирӣ кард. Гуфт то имкон будан дасти ёрӣ дароз мекунад, ту низ дар навбати худ ба русиомӯзиам мадад хоҳӣ намуд...
– Корро аз кӣ оғоз менамоем? – пурсид Силсилабону. – Аз Фирдавсии бузургвор, ҷавоб дод Лоҳутӣ. Ва илова намуд, муаллифи «Шоҳнома» бароям бегона не, мо ҳамном!
Бале, Лоҳутӣ аз ҳамномиаш бо Фирдавсӣ ҳамеша ифтихор менамуд. Навиштааст: «Рафиқон, агарчанде на Тӯсиям, Абулқосим – авлоди Фирдавсиям!»
«Шоҳнома»-и ёздаҳ аср қабл навишташударо, ки асари назмии бузургҳаҷмест, хондан меҳнати сахт талаб мекунад. Маънию мазмунашро фарогирӣ низ осон нест. Баргардондан ба русӣ-чӣ?
Силсилабонуро, ки дар ибтидо воҳима зер мекард, Лоҳутӣ таскин мебахшид: «Баҷуръат бош. Рӯҳи Фирдавсӣ мадад мекунад». Ҳамин тавр ҳам шуд ба назар. Илҳом ҷӯш зад, душвориҳо батадриҷ бартараф шуданд, Силсилабону воқеан мададгоршавии рӯҳи шоири бузурги Тӯсиро идрок менамуд.
Вале вай дар як шароити душвор тарҷума мекард «Шоҳнома»-ро. Якхонагӣ доштанд дар Маскав. Бо ду кӯдак (баъдтар фарзанди сеюм ба дунё омад) дар ҷои тангу тор зиндагӣ кардан, баъди хобондан ё ором сохтани кӯдакҳо қалам ба даст гирифтан, мазмун, вазну қофияи асари монументалиро ҳамоҳангу мутобиқ гардондан осон намекӯчид ба мутарҷим.
Бачаҳоро гирифта, ба Ивановка ном шаҳраки назди Маскав кӯчиданд. Оила аз нигоҳи моддӣ танқисӣ мекашид. Ғайр аз ин аз нооромии нимаи дувуми солҳои сиюм, беқарориҳои сиёсӣ ҳамаамон хабардор.
Ҳамин тавр, дар Ивановка зану шавҳар ҷилди аввали тарҷумаро ба итмом расонданд. Дар Дунин ном мавзеи соҳили дарёи Маскав шоири рус Пришвин зиндагӣ ва эҷод мекард. Ӯ, ки дӯсти беғарази Лоҳутӣ буд, баъзан хабаргирӣ ба Ивановка меомад ва медид, зану шавҳар бо ду тифл дар чӣ қадар шароити душвор меҳнат мекунанд. Вале Силсилабону асло шикоят намекард. Баръакс мегуфт, хеле хуб кор мекунанд. Табиати зебо барои дарёфти образҳо дар ҳамоса «Шоҳнома» мусоидат месозад.
Зану шавҳар аз соати 4-5-и субҳ ба сари миз нишинанд, касе халал нарасонад, саргарми кор чӣ тавр бегоҳ шудани рӯз ва фуромадани пардаи торикиро нафаҳмида мемонданд. Соли 1957 Лоҳутӣ аз дунё гузашт. Андак пештар аз вафоташ ҷилди аввали «Шоҳнома» ба русӣ аз чоп баромад. Китобро ба даст гирифт, ашк дар чашмонаш ҳалқа зад. «Ва ниҳоят», мегуфт дар ҳолати ҳаяҷон. «Ниҳоят!..» Дарвоқеъ, рақибон муваффақ шуда буданд муносибати роҳбарони давлат, хоссатан роҳбари аввалро ба Лоҳутӣ сард намоянд. Дар охирин солҳои ҳаёташ ягон китоби ӯ чоп нашуд...
Ҷилдҳои боқимондаи «Шоҳнома»-ро Силсилабону тани танҳо тарҷума кард. Соли 1989 ҷилди шашуми ҳамоса ҷомаи табъ ба бар намуд. Фирдавсӣ дар таълифи «Шоҳнома» бештар аз 30 сол ранҷ кашида бошад, Силсилабону барои баргардониши он ба русӣ зиёда аз 50 соли умри азизашро сарф намуд.
Нотавонбинӣ нисбати Лоҳутӣ ҳанӯз соли 1934, баъде котиби масъули иттифоқи нависандагони шӯравӣ интихоб гашт, ибтидо гирифта буд. Тавре дар боло ишора рафт, ба зану шавҳари эҷодкор, ки ду кӯдак доштанд, квартираи якҳуҷрагӣ ҷудо карданд. Барои он ки хонаи калонтар гиранд, Лоҳутӣ чанд бор ба Молотов муроҷиат кард. Натиҷа, ки ҳосил нашуд, маҷбуран аз Сталин мадад пурсид. Масъалаи тарҷумаи «Шоҳнома» низ зиддиятҳоро тезутунд месохт. Зумрае мехостанд асар назмӣ не, насрӣ баргардонда шавад. Институти шарқшиносии АУ шӯравӣ ба чопи асар муқобил баромад. Мегӯянд, байни Лоҳутӣ ва директори онвақти институт зиддиятҳо шадид гаштанд. Соли 1955 Ҷавоҳирлаъл Неҳру ба Маскав ташриф овард. Тааҷҷуб намуд, ки ҳанӯз эпоси бузурги Шарқ ба русӣ чоп нашудааст. Бо дахолати ӯ, ниҳоят, «Шоҳнома» ба табъ расид. Барои чопи ҷилди дувум низ Силсилабонуро лозим омад маҳрумиятҳои зиёд кашад.
Ҷонибдоронаш низ кам набуданд. Мегуфтанд Бону  муносибтарин мутарҷими «Шоҳнома» ва умуман адабиёти форс ба русист. Айни замон Силсилабону осори ҷудогонаи адибони аврупоию русро ба форсӣ-тоҷикӣ устодона баргардонд. Масалан, ӯ мутарҷими «Шоҳ Лир» ба тоҷикист. «Отелло» дар тарҷумаи ӯ соли 1941 дар Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар Маскав муаррифӣ гашт. Силсилабону ҷуз «Шоҳнома» боз намунаҳои зиёдро аз адабиёти классикиамон ба русӣ баргардондааст, ки ба асл наздиканд. Масалан, рубоиёти Хайём, ғазалиёти Рӯдакӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, «Маснавии маънавӣ»-и Балхии Румӣ ва ҳоказо.
Зодаи губернияи Чернигов (таваллудаш – 1911) Силсилабону (ному фамилияи духтариаш Сетсилия Бентсиановна Бакалейшик), ки хатмкардаи Донишгоҳи Киев мебошад, асосан дар Маскав умр ба сар бурда бошад ҳам, Самарқандро бисёр дӯст медошт. Вақте ба ин шаҳр омад, ҳаждаҳсола буд. «Шаҳри ҷавониам» меномид Самарқандро. Маҳз ҳамин ҷо бахти худро ёфт – бо Лоҳутӣ, ки мухбири «Правда» ва «Известия» буд, оила барпо намуд. Се фарзанд ёфтанд: як духтар ва ду писар. Лайлӣ эроншинос гардид, писари калонӣ Далер – филолог-файласуф, хурдӣ – Гев журналист ва мутарҷим. Лоҳутиву Силсилабону (Бону) бо набераҳо низ фахр мекарданд, алалхусус бо Майя ва Феликс, ки оянда шахсиятҳои номдор шуданд.
«Ман меҳмон не, ман духтари Самарқанд», мегуфт Силсилабону, Ходими шоистаи фарҳанги Тоҷикистон, ҳар вақте ба Самарқанд омад. Шеърхонӣ ва суханрониаш ба тоҷикӣ басо гуворо буд.  Назар ба нақли яке аз дӯстони мо, дар Симпозиуми байналқие, ки дар Самарқанд баргузор шуд, вай гуфтааст: Фирдавсию Лоҳутӣ. Тамоми умр бо ду Абулқосим сарукор доштам». Бону 11 январи соли 1998 дар Маскав вафот кардааст.

Муҳаммадҷон ШОДИЕВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: