Ин сафари матбуотиро бахши вилоятии Иттиҳодияи журналистони Ӯзбекистон барои як гурӯҳи чордаҳнафарии журналистону блогнависон ба ноҳияи Сӯх ташкил намуд.
Онҳо даставвал аз ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Ленбур дидан карданд. Маълум шуд, ки сокинони кӯчаи «Лочин»-и ҷамоат дар арафаи 32-юмин солгарди истиқлолияти Ватан бо оби ошомиданӣ таъмин карда шудаанд.
Раиси бахши вилояти ИЖӮ Муҳаммадҷон Обидов тазаккур дод, ки ин ҳодисаи гуворо барои онҳо «Аз нӯги хамир – фатир» буд. Зеро зимни ташрифҳои пешакӣ дидааст, ки бо қарори Президент «Дар бораи тадбирҳои рушди ҳамаҷонибаи иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона дар солҳои 2020-2021» ноҳия куллан намои худро дигар кардааст ва шаҳраку деҳоти зиёди он хеле ободу зебо шудааст.
Дар идома иштирокчиёни сафари матбуотӣ ба ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Истиқлол» омаданд ва бевосита ҷараёни насб намудани симчӯбҳои нави барқро мушоҳида карданд.
Ҳоло дар саросари ноҳия иваз намудани симчӯбҳои чанд даҳсола қабл шинонидашуда бо суръати том идома дорад.
Ширкати хусусии «Янги авлод қурилиш инвест» таҳти роҳбарии Мурод Аҳмедов ба баровардани оби ошомиданӣ тахассус ёфтааст ва тамоми корҳои марбут ба таъмини оби ошомидании аҳолии ноҳияро бар дӯш гирифтааст.
– Пеши рӯ шумо ду ҳавзи захираи об бо ғунҷоиши 500 метри мукаабро мебинед. Ба ин ҳавзҳо об аз даҳ чашмаи рӯди «Обишир» омада мерезад, ки бидуни истифода аз манбаи барқ сурат мегирад. Дар айни ҳол тавассути захираи оби ин ҳавзҳо ҳудуди даҳ ҳазор нафар аҳолии ду ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳои маркази ноҳия бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин карда шуданд. Оби захирашуда ба воситаи дастгоҳҳои обтозакунии барқӣ безарар гардонида мешавад, – гуфт Мурод Аҳмедов.
– Тӯли лӯлаҳо 30 километрро ташкил медиҳад. Барои иҷрои ин лоиҳа бештар аз шаш миллиард сӯм сарф шудааст. Дар ояндаи наздик боз ба масофаи бист километр ин оби тозаро интиқол хоҳем дод. Ҳамаи корҳо аз тариқи автомат анҷом дода мешаванд ва сари пулти электронӣ шаш-ҳафт нафар ба кор масруфанд, – изҳор намуд М. Аҳмедов.
– Бештар аз дусад нафар кормандони ширкати мо ва сӣ адад техникаи гуногун бевосита ба корҳои баровардани об аз зери замин ихтисос дода шудаанд. Дар қадами аввал мо мебоист 154 километр оби тозаи ошомиданиро ба аҳолӣ расонида диҳем. Аммо мувофиқи таклиф ва пешниҳоди ҷамоатҳои шаҳрвандони чанд маҳаллаи дигар тӯли лӯлаҳои обрасониро то ба 200 километр боло бурдем. Дар айни ҳол дар ивази 40 миллиард сӯм 90 километр шабакаҳои обрасонӣ кашида шудаанд. Барои анҷоми корҳои барномарезишуда боз 49 миллиард сӯм маблағ тақозо мегардад, ки ҳанӯз ба ҳисобсурати мо наафтодааст.
Боздид аз филиали корхонаи дӯзандагии «Фарғона Асиана», воқеъ дар деҳаи Сариканда, ки ҳудуди сад нафар занону духтарони маҳаллиро ба кор таъмин кардааст, инчунин ташриф ба чанд ҳавлии маҳаллаи Зармиёни ҷамоати шаҳрвандони Ҳазрати Алӣ ба ҳозирон таассуроти хуб боқӣ гузошт. Мумфарш шудани роҳҳои дохилӣ, насби симчӯбҳои нави симинтӣ, чароғон шудани кӯчаҳо ва бо оби ошомиданӣ таъмин гардидани сокинони он, ки бо сайъ ва талошҳои бевоситаи раиси ин ҷамоат, Субҳонҷон Нишонов ба даст омадааст, меҳмонҳоро хушҳол намуд.
– Ноҳияи мо аз чаҳор тараф дар иҳотаи Қирғизистон воқеъ гаштааст. Теъдоди аҳолӣ ба ҳаштоду дуним ҳазор нафар афзуда, онҳо дар 27 ҷамоати шаҳрвандон мустақар мебошанд. Мо аз Президент барои таваҷҷӯҳ дар рушди ноҳияамон хеле сипосгузорем, – зимни мулоқот гуфт ҳокими ноҳия Саидбаҳром Саидмӯсоев.
Вай афзуд, ки дар ноҳия то се соли пеш ҳатто хишти оддӣ истеҳсол карда намешуд ва онро аз шаҳру ноҳияҳои дигар мекашониданд.
– Ҳоло дар ҳудуди шифохонаи марказии ноҳия чанд бинои иловагӣ қад рост намудааст, ки бо дастгоҳҳои замонавии тиббӣ муҷаҳҳаз ва аз шароитҳои мусоид бархурдор мебошанд. Дар ивази 12 миллиард сӯм дастгоҳҳои тиббии замонавӣ харидорӣ ва ба ин шифохона интиқол ёфтааст. Аз маркази вилоят пизишкони гуногунсоҳа – уролог, гинеколог, стоматолог, кардиолог ва амсоли он давра ба давра ба ноҳияи Сӯх омада, ба беморон хидмати тиббии ройгон мерасонанд, – зикр намуд С. Саидмӯсоев.
Сохта шудани пули нави болои рӯдхонаи Сӯх дар ивази 5 миллиард сӯм барои аҳолии маҳаллаҳои Боло ва Поёни ҷамоати шаҳрвандони деҳаи «Шарқобод» дастовези хеле хуб дар ин се соли охир арзёбӣ гардид. Инчунин маълум шуд, ки дар айни ҳол ҳудуди 70 дарсади кӯдакони ноҳия ба кӯдакистонҳо ҷалб карда шудаанд. Барпо шудани чанд бинои наву замонавӣ, ташкили кӯдакистонҳои хусусӣ ва шарикии хусусиву давлатӣ ва амсоли он мусоидат намудааст, ки кӯдакон дар шароити хубу созгор ба таълиму тарбия фаро гирифта шаванд. Чаҳор мактаби таълимоти умумӣ реконструксия гардида, дармаҳаллаи «Офтобрӯ» ба ивази 12 миллиард сӯм бинои мактаби нав сохта шудааст.
– Таълиму тадрис дар муассисаҳои таълимоти умумӣ, мактабҳои ихтисоснок ва коллеҷу литсейҳо дар кулл ба забони тоҷикӣ сурат мегирад. Ин мусоидат менамояд, ки фарзандони мардум ба забон ва фарҳанги худ содиқ бимонанд ва онро амиқ омӯзанд. Се соли пеш роҳбари давлат барои ҷавонони сӯхӣ, ки муассисаҳои таълимиро хатм кардаанд, квота ҷудо намуд ва аз ин тариқ садҳо нафар ба донишгоҳҳову донишкадаҳои кишвар дохил шуданд. Имсол имтиҳонҳои дохилшавӣ дар худи Сӯх гузаронида шуд, – иброз намуд ҳокими ноҳия.
Ба таъкиди С.Саидмӯсоев дар маҳаллаи Сари Бозорча кушода шудани маркази касбомӯзӣ имкон фароҳам овард, ки як гурӯҳ ҷавонони бекор тавассути мутахассисон соҳиби касби дилхоҳи худ шаванд.
– Дар яке аз минтақаҳои ноҳия мо ба истеҳсоли заъфарон шурӯъ намудем. Дар он ҷо сад нафар мардуми маҳаллӣ ба кори доимӣ ва мавсимӣ таъмин карда шуданд. Бо кумаки ширкати дорусозии «Сумайяэкспорт» низ ба коҳиш ёфтани сафи бекорон муваффақ гардид, – мегӯяд ҳоким.
Мавзеъҳои Қайроқ ва Ҷавпая мавриди обёрӣ қарор гирифтанд.
300 гектар майдон барои парвариши ниҳолҳои тут ихтисос хоҳад ёфт. Аллакай 58 гектари он ба тутзор табдил дода шуд. Ғайр аз ин, дар 1 ҳазору 448 гектар замин буттаҳои тамашк ё малина, дарахтони писта шинонидаву парвариш меёбанд.
Ходимони ВАО пурсиданд, ки чаро ҳанӯз аз волидайни тифлакони дар таваллудхонаи вилоят таваллудшуда зимни убури марзи байни ду кишвар шиносномаи хориҷӣ талаб карда мешавад, инчунин чаро истифода аз АйДи-карт ҳангоми убури марз ҷорӣ нашудааст, чаро ба ноҳия аз роҳи заминӣ шаҳрвандони кишвари сеюм ташриф оварда наметавонанд?
–Мо доир ба ин масъалаҳо ба марказ таклифу дархостҳои сокинони ноҳияро ироа кардаем. Медонем, ки шаҳрвандони Қирғизистон ҳангоми убури марзи ноҳия аз АйДи (ID)-карта истифода мекунанд. Аммо аз чунин имконият сокинони Сӯх маҳрум ҳастанд. Гузашта аз ин, сармоягузорони хориҷӣ, сайёҳон аз кишвари сеюм танҳо тавассути ҳавопаймо метавонанд худро ба Сӯх расонанд, ки боиси нигарониҳост. Дарҳақиқат, ин масъалаҳоеанд, ки бояд дар зудтарин фурсат ҳаллу фасл карда шаванд, – гуфт С.Саидмӯсоев.
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири
«Овози тоҷик»,
Вилояти ФАРҒОНА.