БИНОИ НАВ БА ИСТИФОДА СУПУРДА ШУД

Маросими ба истифода супурдани бинои нави маъмурии шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сӯх дар фазои тантананок ва шукӯҳи хос баргузор гардид.

 Дар он ҳокими вилоят Хайрулло Бозоров, муовини Вазири корҳои дохилӣ, полковник Рамазон Ашропов, сардори Садорати корҳои дохилии вилоят генерал Азизбек Икромов, роҳбарони секторҳо, собиқадорони соҳаи корҳои дохилӣ ва меҳмонони зиёд ширкат варзиданд.

Ҳокими вилоят кормандони шуъбаи корҳои дохилии ноҳияро бо кушодашавии бинои нав табрик гуфт.
– Мо аз Президент Шавкат Мирзиёев барои чунин ғамхорӣ ибрози миннатдорӣ мекунем. Ин бино ба тамоюлҳои Ӯзбекистони Нав пурра ҷавоб медиҳад. Умедворам, ки кормандони шуъба дар ин бинои нав бо азму ҷазми том ҷиҳати дар фазои орому осуда ба кору зиндагии худ машғул шудани мардуми ин минтақаи дурдасти вилоятамон бо садоқат хидмат менамоянд, – изҳор намуд Хайрулло Бозоров. 
Дар маросим ба як қатор кормандони ширкати ҶММ «Мирзоқурбон», афсарону сержантҳои шуъбаи корҳои дохилии ноҳия, ки намунавор хидмат мекунанд, ташаккурнома ва мукофотҳои қиматбаҳо тақдим карда шуд.
Хайрулло Бозоров, Рамазон Ашропов ва Азизбек Икромов лентаро бурида, калиди рамзии онро ба полковник Қосимҷон Раҳимбердиев супурданд.   
Тавре ки роҳбари ҶММ «Мирзоқурбон» Одилҷон Одилов таъкид кард, барои қомат афрохтани ин бинои бошукӯҳу замонавӣ 13 миллиард сӯм харҷ гардид.
– Бино аз се ошёна иборат буда, дар ҳар ошёнаи он ғайр аз утоқҳои кории ходимон, толори маҷлисҳо, утоқҳои дамгирӣ ва толори барҳавои варзишӣ мавҷуд аст.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: