Ўзбекистон ҳаракати автобусҳоро бо Қазоқистон барқарор менамояд

Аз 16 марти соли 2022 равуои мунтазами байналмилалии автобус байни Ӯзбекистон ва Қазоқистон барқарор карда мешавад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ҳамчунин оид ба ташкили ҳамлу нақли транзити автобусҳо тавассути Ҷумҳурии Қазоқистон ба Федератсияи Русия ва Қирғизистон гуфтушунидҳо идома доранд.

Ёдовар мешавем, ки 16 марти соли 2020 бар асари пандемияи коронавирус ҳаракати автобусҳои байналмилалӣ байни Ӯзбекистон ва Қазоқистон боздошта шуда буд.

Аз 16 марти соли 2022 кашонандагон ба нақша гирифтаанд, рейсҳоро бинобар хатсайрҳои “Тошканд – Нурсултон”, “Тошканд – Олмаота”, “Тошканд – Қизилўрда”, “Тошканд – Туркистон”, “Тошканд – Иргели”, “Чирчиқ – Чимкент”, “Чирчиқ – Олмаота” анҷом диҳанд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: