ӮЗБЕКИСТОНИ НАВ ДАР ОҒӮШИ КОНСТИТУТСИЯИ НАВ!

Тағйиру иловаҳое, ки дар Конститутсияи Ӯзбекистон дароварда шудаанд ва интизор меравад, ки он дар раъйдиҳии 30-юми апрел қабул гардад, вобаста ба талаботи рӯзафзуни ҷомеа ба ҳуқуқи бештар ва авзои мудом тағйирёбандаи ҷаҳон рӯи кор омадааст.

Бояд дарк кард, ки ҳаёти ҷомеа монои як дарёи кӯҳӣ аст, ки бо шитоб пеш меравад. Ҳамин пешравиҳо тақозо мекунанд, ки қонунҳо дар ҷомеа иваз шаванд ё ҳадди ақал иловаҳою тағйиротеро фаро гиранд, ки минбаъд шароити бавуҷудомадаро ифода кунанд. Ногуфта намонад, ки солҳо пайи ҳам гузашта, дар ҳар давлат ҳукуматҳо низ ногузир иваз мешаванд, сиёсати иқтисодиву иҷтимоии дохилаву хориҷаи он тағйир меёбад ва дар ин замина чаҳорчӯби қонунҳои мавҷуда, ки қаблан дар истифода буданд, танг омадаву дигар наметавонад самтҳои дигаргуниҳоро ифода кунад. Муносибатҳои байналмилалӣ, бархӯрдҳои фикрӣ аз минбарҳои баланд низ тақозо мекунанд, ки давлат аз роҳи ба ҳама хушоянд, ба мисоли мардумсолорӣ қадам бардорад ва ин тавр ба эҳтироми миллату ҳукуматҳои мутамаддини ҷаҳон ноил гардад. Соҳибият ба чунин эҳтиром ва эътимод роҳи ҳар кишварро барои рушд ҳамвортар месозад.
Ӯзбекистон аз рӯзи нахустини ба даст овардани истиқлол эълом дошта буд, ки давлати демокративу ҳуқуқбунёд ба ҳисоб меравад ва барои сохтани чунин як ҷомеа азму талош хоҳад варзид. Ғолибан ин нукта дар Конститутсияи кишвар, ки соли 1991 қабул гардидаст, дарҷ ёфтааст. Ҳарчанд ин меъёр дар фаъолияти ҳукумати пешин мавриди истифода қарор мегирифт, аммо имрӯз эҳсос мегардад, ки ҷамъият барои расидан ба орзуҳои худ ба ҳуқуқи бештаре ниёзманд аст. Бо интихоб гардидани Президенти нави кишвар Шавкат Мирзиёев Ӯзбекистон дар сиёсати дохиливу хориҷии худ тағйироти куллӣ ворид сохт, ки аз ҷониби давлатҳои пешқадами дунё хуб пазироӣ шуд. Қаблан масъалаҳои эътибор ба дину диёнат чун воситаи тарбия, озодии сухан, муносибатҳои ҳасана бо кишварҳои ҳамҷавор аз мадди назарҳо дур мемонданд ва боиси нигарониҳо мешуданд.Ҷомеа дер гоҳ мунтазир буд, ки дар ин самт дигаргуниҳои куллие ба вуҷуд оянд ва махсусан, равобити ҳамҷаворӣ чун дар қадим барқарор ва сифатан беҳбуд ёбанд.
Билохира, ҳукумат тағйир ёфт ва акнун ормонҳои халқ дар амал татбиқ мегарданд. Ба аҳли тақво шоҳроҳи васеъ кушода шуд, дар ҳар шаҳру ноҳияҳо ба шумори масоҷиди ҷомеъ афзуда, ба таълими китоби худованд – Қуръони Карим шароити мусоид фароҳам омад, аз нерӯи дини мубини ислом ба сифати тарбият истифода бурдан махсус таъкид гардид, обрӯ ва эҳтироми омӯзгорон ва соҳибони касбу корҳои дигар боло бурда шуд, ба сифати таълим эътибор афзуд, бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани қишри бекори аҳолӣ ба дурнамои кори ҳукумат мубаддал гашт, баланд бардоштани қадри инсон яке аз вазоифи муҳим қарор ёфт, озодии сухан ва тафаккур майлони нав пайдо кард, ҷавонон чун нерӯи такондиҳандаи ҷомеа эътироф ва барои ояндаи дурахшони онҳо шароити мусоиде фароҳам оварда шуд. 
Қобили тазаккур аст, ҳукумати ҷумҳурӣ барои сохтани Ӯзбекистони Нав, ки дар он пеш аз ҳама ба қадри инсон бештар таваҷҷуҳ зоҳир мешавад, маҳкам камар бастааст. Дар ин росто тарҳҳои зиёде роҳандозӣ мегарданд, ки моҳиятан ба шарафмандии инсон вобастаанд. Унвони чандин соле, ки пайиҳам эълом шуданд, мантиқан ба қадри инсон мутааллиқ буданд. Хоса, соли 2023 чун нуқтаи финалии он «Соли қадри инсон ва таълими босифат» ном гирифта, ҳамакнун ҳар чорабиние, ки барномарезӣ мешавад ва ҳар як қарору фармоне, ки аз ҷониби раҳбари давлат ба имзо мерасад, барои шукуфоии ҷомеаи мо нигаронида шудаанд. Ғолибан дар мадори ҷомеаи шукуфону пешрафта Инсон ва қадри он чун ситораи ҳамеша фурӯзон қарор мегирад. 
Бояд таъкид кард, ки маншаи тағйиру иловаҳо ба Сарқонуни ҷумҳурӣ ҳам баланд бардоштани қадри инсон ва васеъ кардани ҳуқуқу озодиҳои он мебошад. Дар таҳрири нави банди якуми Конститутсия барҳақ таъкид шудааст, ки «Ӯзбекистон кишвари озод, демократӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва дунявӣ» (моддаҳои 1-18) мебошад. Инчунин махсус ишора шудааст, ки Конститутсия (дар таҳрири нав) ба неруи олии ҳуқуқӣ (юридикӣ) соҳиб аст (моддаи 15), роҳи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти принсипи арҷ гузоштан ба «якпорчагии ҳудудии давлатҳо» (моддаи 17) муайян шудааст. Дар банди дуюми Сарқонуни нав (моддаҳои 19-64) ҳуқуқи инсон ва таъмини озодиҳои он чун мақсади олии давлат қарор гирифтааст (моддаи 54). Шаъни инсон ва дахлнопазирии қадру қимати он, асос нашудани ҳеҷ чиз барои паст задану кам гирифтани инсон (моддаи 26) махсус ишора гардидааст.
Сарқонуни нав озодиҳо ва ҳуқуқҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистонро назар ба пеш боло бурда ва таъмини онро кафолат медиҳад. Вобаста ба меъёрҳои нав ва талаботи Конститутсияи ҷадид дар сохтори идоракунии давлатӣ, прокуратураю судҳо ва дигар идораҳои қудративу интизомӣ тағйиротҳои чашмрас ба амал хоҳанд омад, ки ифодагари принсипҳои як ҷомеаи демократӣ ва мардумсолорӣ мебошанд. Бояд гуфт, ки дар таҳрири нави Конститутсия ҳуқуқҳои воситаҳои ахбори оммавӣ ва фаъолияти институтҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ кафолати бештаре ёфта, аз ин баъд мувофиқи қонун ягон нафаре ҳуқуқ надорад, ки озодии онҳоро маҳдуд созад ва садди роҳи ҷустани ахбор, гирифтан, истифода ва парокании он гардад. Ҳар касе, ки ба фаъолияти ВАО муқобилат ва дахолат мекунад, боиси ҷавобгарӣ хоҳад гашт (моддаҳои 81-82).  
Яке аз паҳлӯҳои ҷолиби диққати лоиҳаи нави Сарқонун ишораи давлати иҷтимоӣ будани Ӯзбекистон аст. Ин нукта ба он мусоидат мекунад, ки минбаъд дар кишвар масоили иҷтимоӣ, хоса беҳбуд бахшидани зиндагии мардум, батамом бартараф кардани камбизоатӣ ва фақри маънавию иқтисодӣ аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳукумат гардад. Дар давлате, ки иқтисодиёт пешқадам аст, ҳама гуна мушкилот, махсусан муаммоҳои иҷтимоии ба мисоли беҳдошти сиҳатии мардум, зисти аз ҳар ҷиҳат шоистаи ба ҷомеаи мутамаддин хос зуд ва хуб ҳал мешаванд. Барои расидан ба ин орзуҳо Сарқонуни мо бояд ҷавобгӯи ҳаёт ва талаби давр бошад. Ин ақида дар назди мутахассисони варзида, ки ҳукумат онҳоро такягоҳи пешрафти худ медонад, ҳалли мушкилотеро гузошта буд, ки ба тағйиру иловаҳои ҳаётан муҳим дар Конститутсияи ҷумҳурӣ вобаста аст ва ин кор бо машварат анҷом ёфта, лоиҳаи таҳрири нави Сарқонун тӯли як сол мавриди муҳокимаи ҳизбҳои сиёсӣ, гурӯҳҳои муайяни қишри аҳолӣ, ҷамоаҳои меҳнативу муассисаҳои давлативу ғайридавлатӣ қарор гирифт. Инак, Сарқонун дар матни комилан таҳрирёфта ва бо 27 моддаи иловагии нав ба фарқ аз Конститутсияи пешин, ки 128 моддаро фаро мегирифт, ба 155 модда расид. Дар 91 моддаи Сарқонун тағйироти консептуалӣ ворид карда шуд, ки ҳар кадом аз афзоиши ҳуқуқи шаҳрвандон далолат медиҳад.
Пас, бо итминони комил метавон гуфт, ки Конститутсияи ҳар давлат ситораи қутбнамои мардуми он аст. Тамоми қонунҳои дигар аз он маншаъ гирифта, рушди ҷамъияти инсонӣ ба мазмун ва моҳияти ғании он вобаста аст. Сарқонуни ҷумҳурии мо дар таҳрири нав ва иловаҳои комилан нав минбаъди дурахшони ҷомеаи моро ифода намуда, даҳсолаҳои дигар ҳар як шаҳрванди кишвар, қавму миллатҳои маскуни онро бо озодиҳои барои инсон чун обу ҳаво зарур таъмин хоҳад намуд.
Раъй додан ба ҷонибдории қабул гардидани чунин Сарқонун, ки ба талаботи имрӯзи ҷомеа мувофиқ гардонида шудааст, аз садоқати бепоёни ҳар нафар сокини ҷумҳурӣ ба Ватани азиз – Ӯзбекистони Нав далолат медиҳад!

Шариф ХАЛИЛ,
рӯзноманигор.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: